Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи умумии НАТО дар Афғонистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки, баъзе аз идорот доир ба афзоиши ҳамалоти тундравони мусаллаҳ гузориш медиҳанд, аммо ҷанг бо Толибон дар Афғонистон пирӯз шудааст.

Ҷенерал Данфорд ин ҳафта гуфт, воқеияти ҳол баёнгари он аст, ки вазъи амниятӣ дар саросари Афғонистон беҳбуд ёфтааст ва ҳамалоти Толибон фақат дар манотиқи маҳдуди он кишвар мушоҳида мешавад. Жонигред Квентан Рорак, яке аз масъулони дафтари матбуоти Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон бо ишора ба ин баёния ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Мутолиоти мо нишон медиҳад, ки 80 дар сади ҳамалоти душман дар он манотиқе сурат мегирад, ки дар онҳо камтар аз 20 дар сади аҳолии Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Беш аз 40 дар сади ҳамалот танҳо дар 10 ноҳияҳои сурат мегирад, ки бештари онҳо дар шимоли вилояти Ҳилманд ва ғарби Қандаҳор ду вилоятии ҷанубии Афғонистон воқеъ шудаанд. Дигар чизи бисёр муҳим ин аст, ки интизороту тавақӯъоти мардум нисбат ба гузашта тағйир кардааст. Назархоҳиҳо ба таври дақиқ нишон медиҳанд, ки мардум бо сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Толибон мувофиқ нестанд ва дар бархе манотиқ ин эҳсосот дар ҷунбишҳои зидди Толибон инъикос шудааст. “

Аммо як созмони ғайриҳукуматии Афғонистон, ки масоили амниятиро баррасӣ мекунад, навиштааст, аз оғози соли равон то кунун ҳамалоти мухолифони мусаллаҳи давлат 47 дар сад афзоиш ёфтааст. Ҳарчанд вазорати умури дохилии Афғонистон ин гуфтаро рад мекунад. Генерал Амрулло Амон, коршиноси масоили низомӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки авзоъи амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз ҳам қобили итминон нест.

Ӯ афзуд: “Ончӣ ҳақиқат ҳаст дар дохили кишвар ва мо мебинем, ин аст, ки Ал-Қоида ва терроризм садама дидаанд, вале аз байн нарафтаанд. Мо ду рӯз пеш конфронс доштем бо Кумиссиюни марказии интихобот ва вазорати умури дохилӣ. Гуфтанд, ки аз ҳисоби 365 ноҳияи Афғонистон, 137 ноҳия ҳалқаи сурх хӯрдааст, ба хотири онки дар он ҷойҳо амният нест, ҳукумат нест, ҳокимият нест ва мо наметавонем дар он ноҳияҳо интихоботро ба сар бирасонем. “

Созмони Милал ҳам дар як гузорише чанде пеш гуфт, дар ҳоле, ки талафоти мардуми мулкӣ дар Афғонистон дар соли 2012 милодӣ 12 дар сад коҳиш ёфта буд, аммо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст. Аз моҳи январ то моҳи март 475 афроди мулкӣ кушта ва 872 нафари дигар захмӣ шудаанд. Қарор аст, то поёни соли равон ҳудуди 100 ҳазор сарбози нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон фаъолиятҳои ҷангиашонро поён дода ва то охири соли 2014 ин кишварро тарк кунанд.

Ва рӯзи ҷумъа Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар нишасте дар бораи Афғонистон дар шаҳри Алмаато гуфт, “вазъи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон” таназзул меёбад ва бо тарки ин кишвар кардани нерӯҳои хориҷӣ мумкин аст, ноамнии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам сироят кунад.
XS
SM
MD
LG