Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоидаи деҳқон қурбони "омор" мешавад?


Бархе кишоварзон ба умеди даромади бештар аз пахтаи ҷамъовардаи худ, танҳо қисми ҳосилро дар ихтиёри ширкату корхонаҳо гузошта, бахши дигарро то расидани фурсати беҳтар ва болоравии нархҳо захира мекунанд. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ, як кишоварз метавонад аз ҳисоби фурӯши ҳосили пахта дар фурсати муносиби бозор то 20% бештар даромад бинад. “Вале ин таъхир бар зарари омор меанҷомад”, - мегӯянд коршиносон.

Соли 2014 даромад аз фурӯши нахи пахта ба иқтисоди Тоҷикистон 50 миллион долларро ташкил додааст.

Имсол кишоварзони тоҷик умед доранд, ки беш аз 300 ҳазор тонна пахта рӯёнда мешавад ва то 12 ноябр ҳосил 262 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Дар Хатлон аз 86 дар сад иҷро шудани нақшаи пахта хабар медиҳанд ва мегӯянд, баробар бо ҳосили хуб, ширкатҳо назар ба соли гузашта 1706 тонна бештар пахта харидаанд.

Ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ талош мекунанд, ҳосили пахтаро, ки кишоварзон ҷамъоварӣ мекунанд, ба ширкатҳо супоранд ва ҳосили пахтаи ноҳияро дар омор нишон дода, барои ҳисобот пешниҳод намоянд. Вале на ҳамаи пахтакорон манфиатдоранд, ки пахтаашонро сари вақт фурӯшанд.

"Пахта нархи мушаххас надорад"

Кишоварзе аз ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, имсол дар масоҳати 20 гектар замин пахта кишт карда, 45 тонна ҳосил гирифтааст. Қисмати ин ҳосилро ба ширкати “Исмоили Сомонӣ” супурдааст, вале мегӯяд, боқимондаи пахтаашро моҳи декабр месупорад.

Ин кишоварз гуфт, пахтае, ки ба ширкат супоридааст, ҳанӯз нархи мушаххас надорад. “Як тонна пахта бояд аз 500 доллар зиёд бошад. Албатта, ҳолатҳое мешавад, ки нархи дуруст намегузоранд ва ё пахтаро намесупоранд,. Ингуна ҳодисаҳо мешавад”, - афзуд ӯ.

Вале коршиносон мегӯянд, ҳадди аксари даромади кишоварзи тоҷик, ки як миқдор пахтаро дар анбору ҳавлии худ ҳифз мекунад, на бештар аз 20 дар сад аз нархи имрӯзаашро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар сурате ки агар қимати пахтаи хом дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.

Имрӯз қимати 1 тонна пахта дар Биржаи пахтаи Маскав 1901 доллар аст. То расидан ба он марҳила, пахтаи хоми тоҷик бояд коркард, аз пунбадона ҷудо ва хушконда шуда, баъдан дар шакли тойҳо дар ихтиёри ширкатҳои фурӯши пахта қарор гирад. Аммо на ҳамаи онҳо ба Биржаи молу ашёи хоми Тоҷикистон дастрасӣ доранд. Танҳо ширкатҳои махсус ҳаққи роҳ ёфтани молашон ба биржаҳоро доранд, мегӯянд коршиносон.

Дар вилояти Хатлон 10 ширкати коркарди пахта амал мекунад. Мақомот мегӯянд, деҳқонон дар фурӯши пахта озод ҳастанд, вале барои иҷрои нақшаи пахта ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ гоҳо деҳқонҳоро маҷбур мекунанд, ки пахтаро супоранд ва омори онро барои ҳисоботи солонаи пахта нишон диҳанд.

Деҳқон нигарон аст...

Бекназар Нуров, як масъули Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳосили пахта дар хонаи деҳқонон дида мешавад. Кормандони ҷамоат вобаста шудаанд, ки пахтаро супурда, ба мақомот ҳисоботи оморӣ диҳанд. Вале деҳқононро бештар номуайян будани нархи пахта ба ҳангоми хариду фурӯши он бо ширкатҳо нигарон мекунад. Деҳқонон, ки аз заҳмати зиёди кишту чиниши пахта шикоят мекунанд, мегӯянд, дар ниҳояти амр на истеҳсолкунанда, балки тоҷири миёнарав баҳрабардори аслии пахта мешавад.

Ваҳҳоб Воҳидов
Ваҳҳоб Воҳидов

Пахта – маҳсулоти стратегии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ба қавли мутахассисон, талошҳои бозбинӣ шудани сиёсати пахтакорӣ дар тамоми солҳои иқтиқлолият, аз ҷумла гузариш ба созишномаҳои фйючерӣ натиҷа надод.

Се барнома барои бозбинии сиёсати пахтакорӣ

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистони шӯравӣ, мегӯяд, то соли 2015 се барномаи бозбинии сиёсати пахтакорӣ дар кишвар иҷро нашуд, ба он хотир ки муваффақияти ин соҳа аз омилҳои мухталиф бастагӣ дорад.

“Сабаб ин аст, ки нархи сӯзишворӣ хеле қимат, нархи нуриҳои минералӣ назар ба давраҳои Шӯравӣ 8-10 баробар гарон аст. Мо дар муқоиса бо давраҳои Шӯравӣ на 600-700 ҳазор тонна, балки базӯр 200 ҳазор тонна, яъне се баробар камтар нуриҳои минералӣ ворид мекунем”, - гуфт ӯ. Вай таъкид кард, дар ҳама давру замон ва ҳам дар хориҷа, соҳаи пахтакорӣ маблағугзории доимӣ ва дар бисёр ҳолатҳо – давлатиро талаб мекунад.

Бо ин вуҷуд, ба эътимоди Ваҳҳоб Воҳидов, Тоҷикистон наметавонад аз пахтакорӣ даст кашад, чунки яке аз муҳимтарин молҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, дар бозори ҷаҳонӣ харидор дорад ва барои кишоварзони маҳаллӣ ҳам дар нуқоти дурдасти кишвар машғулият ва даромади аслии кор ба ҳисоб меравад. Вай мегӯяд, Тоҷикистон дар авҷи пешрафташ дар ин соҳа соли 1980 тавонист, ҳосили рекордии беш аз 1 миллион тонна пахта, аз ҷумла 328 тонна пахтаи маҳиннахро ба даст оварад.

Пахта -- маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон

Баъди пошхӯрии Шӯравӣ ва бахусус солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нишондодҳо якбора паст рафт ва соли 2004 яке аз баландтарин нишондодҳо дар замони истиқлолият 557 ҳазор тонна пахтаи хом буд. Баъди ин тадриҷан поён рафта, ҳоло ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 270 ҳазор тонна дар сол боқӣ мондааст.

Пахтаи хом дар баробари алюминий аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 90 дар сади он ба хориҷа фурӯхта мешавад. Соли 2014 даромад аз фурӯши нахи пахта ба иқтисоди Тоҷикистон 50 миллион долларро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG