Пайвандҳои дастрасӣ

Як таҳқиқи тиббӣ ва демографи дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни бештар аз 1 миллион кӯдак дар кишвар, 300 ҳазор нафарашон кӯтоҳқаданд ва як сабаби асосии он, истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин аст.

Як таҳқиқот нишон додааст, ки сабаби кӯтоҳқад будани 300 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон истеъмоли ғизои камвитамин ва номуносиб аст. Бо нигаронӣ аз таркиби хӯроке, ки дар ошхонаҳои мактаб ба толибилмон фурӯхта мешавад, Созмони ҷаҳонии озуқа дастурамалеро пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаи муаллифонаш бо назардошти хӯроки солиму муфид барои як наврас таҳия шудааст.

Эмма Хачатрян, роҳбари Барномаи ғизои кӯдакони Созмони ҷаҳонии озуқа мегӯяд, ки, мутаассифона имрӯз дар мактабҳо ба мисли солҳои шӯравӣ хӯрок намедиҳанд ва кӯдакон аслан аз ролтону нӯшокиҳои газдор, ки ба саломатӣ хеле зараровар ҳастанд, истифода мекунанд. Зеро дар ин обҳо ба ҷуз ранг ва шакар, чизи дигаре нест. Ин ба кӯдакон хеле зарар дорад.

Нону чой хӯроки аслии Сорбон Бозорови 11-сола дар давоми рӯз аст. Вай ҳар субҳи барвақт ба наҳории омодакардаии модараш даст намерасонад ва ба мактаб мешитобад ва модар ҳам маҷбур мешавад як тикка нонро ба ҷузвдони Сорбон гузорад. Низорамоҳ Алиева, модари Сорбон мегӯяд, ки "баъзан вақт пул медиҳам, баъзан вақт дар сумкаҳои фарзандонам нону ягон ғизои дигар мемонам, ки онҳо дар мактаб гурусна намонанд."

Ҳушу ёди Сорбон мисли дигар ҳамсолонаш ба бозиву берун аст ва гоҳо гуруснагӣ тамоми рӯз ба ёдаш намерасад. Гоҳо дар мактаб шикамашро сер мекунад. Сорбон мегӯяд, ки дар ошхонаи мактаб хот-дог, ҳасиб, гамбургер, пирожки, самбуса, котлет мефурӯшанд ва ӯ баъзан аз онҳо мехарад ва дигар вақтҳо нон мехӯрад. Ва ғизое, ки ӯ ҳамарӯза истеъмол мекунад, аз ҷумлаи хӯрданиҳои аксар наврасони тоҷик аст.

Масъулини мактаб мегӯянд, хӯроки онҳо дар асоси анвои идораи озуқа муайяншуда пешниҳод мешавад. Анвар Исрофилов, директори мактаби №24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамарӯза дар ошхонаи мактаби онҳо то се навъи хӯроки гарм омода мешавад, инчунин пирожкиву хот-дог ва чои гарму кофе барои кӯдакон ташкил шудааст, ки дар вақти гуруснагӣ кӯдакон аз онҳо истифода мекунанд.

Мутахассисони тоҷик мегӯянд, ки насли имрӯз бо ғизои солиму ғанӣ таъмин нест ва хӯроки саридастие, ки одатан волидон барои кӯдакони худ медиҳанд, камрамақ аст ва барои сиҳатии онҳо зарар дорад.

Ба гуфтаи Ҷаҳон Азонзод, ғизошиноси тоҷик, кӯдак ҳамеша дар ҳоли рушд аст ва таъмини ӯ бо ғизоҳои тару тоза зарур мебошад ва барои афзоишёбии кӯдакон, хусусан дар хурдсолӣ, истеъмоли ғизоҳои ширӣ хеле муҳим аст, чунки дар таркиби маҳсулотҳои ширӣ манбаи асосии калсий мавҷуд аст, ки ба ташаккули кӯдакон оварда мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки як таҳқиқоти пизишкӣ ва демографӣ дар соли 2013 маълум карда буд, ки аз се як ҳиссаи кӯдакони тоҷик кӯтоҳқаданд ва яке аз иллатҳои он, истеъмоли ғизои номуносиб мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG