Пайвандҳои дастрасӣ

Даъваткунандаи "ҷиҳод" дар Сурия 13,5 сол гирифт


Абдулваққос Турсунов

Абдулваққос Турсунов

Додгоҳи ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон сокини 31-солаи деҳаи Зархоки ин ноҳия Турсунов Абдуваққосро, ки мехост барои "ҷиҳод" ба Сурия равад ба муҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳ сокини деҳаи Зархоки ҷамоати Хонободи шаҳри Исфара Абдуваққос Турсуновро тибқи моддаи 32 қисми 3 Кодекси ҷиноӣ, яъне "сӯиқасд ба ҷиноят, амалҳое, ки бевосита ба ҷиноят мерасонанд, ҳатто агар вобаста ба шароит ин ҷиноят ба вуқӯъ напайвастааст" ва моддаи 401 иловаи 1-и ин санад, яъне "ҷалб, таълим, сармоягузорӣ ё кӯмаки молӣ ба муздурон ва истифодаи онҳо дар низои ҳарбӣ" ба муҳлати сездаҳуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Котиботи Додгоҳи ноҳияи Исфара шимоли Тоҷикистон 29 апрел ба радиои Озодӣ гуфт рӯзи сешанбе мақомоти суди шаҳри Исфара далелҳои тафтишотро пазируфтанд ва ҳукми худро эълом доштанд.

Абдулваққос Турсунов аввали соли равон дар ҳудуди шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ (КДАМ) дар вилояти Суғд бо гумони ҷалб намудан ва фиристодани шаҳрвандон ба сафи гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" ба Сурия ва Ироқ ва омодагӣ ба ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Сурия дастгир шуда буд. Парвандаи ӯро КДАМ пажӯҳиш намуд.

Тафтишот мегӯяд, Абдуваққос Турсунов ҳанӯз соли 2005 ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданаш ба гурӯҳи тундгарои «Бародарони мусулмон» пайваста, чандин шаҳрванди Тоҷикистонро низ ба сафи он ҷалб кардааст. Турсунов тақрибан моҳи августи соли 2014 ҳангоми дар Исфара қарор доштанаш бо аъзои созмони террористии «Давлати Исломӣ» алоқа барпо намуда, минбаъд бо даъвати онҳо ба иттиҳоди динии «Давлат-ул-Ислом», ки мақсадаш сарнагун сохтани низоми конститутсионии давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад, шомил гардида, ҳамчун аъзои ин воҳиди мусаллаҳи террористӣ барои ширкат амалиёти ҷангӣ дар Сурия ризоият додааст.

Тавре Додгоҳи шаҳри Исфара мегӯяд, Абдулваққос Турсунов дар асосаи маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони худ, санаи 10 октябри соли 2014 тавассути автомашинаи кироя ба шаҳри Уш рафта, аз он ба Алма-Атои Қазоқистон сафар кард ва мехост, бо ҳавопаймо ба Истамбул ва аз онҷо ба Сурия равад. Вай ҳамсарашро низ дар ин сафар бо худ гирифта буд.

Аммо 28 уми октябри соли гузашта ӯ ва ҳамсараш дар фурудгоҳи байналмиллалии «Алма-Ато» аз ҷониби кормандони амниятии Қазоқистон ба ҳавопаймо роҳ дода нашудааст. Сипас Абдулваққос Турсунов ба ватан баргашта, дар таърихи 22-юми январи соли 2015 дар шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии кишвар боздошт шуд.

Зоҳиран, нақши Турсунов дар таблиғи ақидаҳои ифротгароёна ва ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундрав аз тарафи тафтишот ва додгоҳ дар назар гирифта шудаанд, вагарна мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, онҳоеро, ки қасди сафари Русия ё Иироқ доштаву аз нимароҳ баргаштаанд ва ҳатто дар қаламрави он кишварҳо будаанду даст ба ҷиноятҳои сангин назадаанд, афв мекунад. То ҳоло се нафар дар Тоҷикистон аз тарафи мақомот афв карда шуданд.

Бино бар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 - Давлат-ул-Ислом, 7 нафар - Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар - Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар - Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Садҳо уламои ислом ҷиҳод дар Сурия ва Ироқро фитна хондаанд. Аз ҷумла, уламои маъруфи тоҷик мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон бо фитна хондани ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз ҷавонони мусалмон хоҳиш кардаанд, то дар ин ҷангҳо ширкат накунанд. Аммо бо ин вуҷуд, хабари рафтани ҷавонони тоҷик ба Сурия ва кушта шудани онҳо нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG