Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2005 саҳифаи расмии президенти Тоҷикистон дар интернет таъсис ёфт ва аз он сол раисиҷумҳур борҳо аз мардум даъват кардааст, ки барои арзи мушкилоти худ ба сомонаи ӯ нома бифиристанд.

Аз он сол то ба ҳол номаҳои ҳомили мушкилоти мардум ба президент фиристода мешаванд. Инҳо асосан номаи нафаронест, ки адолатро дар додгоҳҳо ва идораҳои давлати пайдо накардаанд.

Оё номаҳои мардум ба раиси ҷумҳур мерасанд? Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки раисҷумҳур номаҳои мардумро дарёфт намекунад. Онҳо мегӯянд, ки муроҷиати мардум ба раиси ҷумҳур аз тарафи маъмурияти сомонаи раиси ҷумҳур “филтр» мешавад, яъне аз ғалбер гузаронида мешавад.

Корбарандагони интернет тахмин мезананд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз интернет истифода намебарад. Ӯ ба монандаи афроди ҳамсоли худ аз навовариҳои фаннӣ дур мондааст. Аз ин рӯ тамос бо президент аз тариқи интернет як кори беҳуда аст. Эмомалӣ Раҳмон маъмулан дар ҷараёни сафарҳои худ ба шаҳру навоҳии кишвар бо мардум мулоқот мекунад. Аммо дар он ҷамъомадҳо онҳое, ки мушкилот доранд, даъват намешаванд.

Танҳо президент Раҳмон нест, ки мардум ба ӯ дастарсӣ надоранд. Мулоқот бо вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатӣ низ дар Тоҷикистон амри маҳол шудааст. Бисёр мақомдорон бо пешдаро кардани сухангӯҳои худ, аз мардум пинҳон мешаванд. Мулоқоти дарҳои боз, ки маъмулан рӯзҳои шанбе баргузор мешаванд, дар бисёр маврид бидуни иштироки шахси аввал мегузарад. Коршиносон мегӯянд, ки мақомдорони тоҷик ҳамчунон куҳнагаро ва беҳаракат боқӣ мондаанд ва наметавонанд равобитро бо мардум тавассути технологияи иттилотӣ, ба роҳ монанд.

Дар пасманзари ин ҳама, мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба таври назаррас аз дигарон фарқ мекунад. Ӯ дар байни мақомдорони тоҷик аз ҳама пешрафта буда, пайваста худро рушд медиҳад, аз технологияи иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад. Ӯ ягона мақомдори тоҷик аст, ки соли гузашта бо корбарандагони шабакаи Фейсбук мулоқот анҷом дод. Зердастони Убайдуллоев мегӯянд, ки субҳи ӯ аз интернет ва почтаи электронӣ шуруъ мешавад.

Коршиносон мегӯяд, робитаи ҷавобӣ, ё посух ба дархостҳои шаҳрвандон дар фаъолияти мақомдорон аҳамияти бисёр муҳим дорад. Набудани ин гуна робита ба таъсирбахш будани тасмиму қарорҳои мақомдор асар хоҳад кард. Баъзе мақомдорони тоҷик истифода аз интернетро манбаи нооромии ҷомеа ва бебандуборӣ арзёбӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ҳамтоҳои онҳо дар бахшҳои дигари ҷаҳон, монеаҳои апарати бюрократиро шикаста, бо мардум аз тариқи интернет робита барқарор кардаанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG