Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин даргириҳо бо ҷудоиталабон дар шарқи Украина (4 ВИДЕО)


Нирӯҳои вижаи Украина дар фурудгоҳи шаҳри Изюм

Нирӯҳои вижаи Украина дар фурудгоҳи шаҳри Изюм

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Украина амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои тарафдори Русия дар шаҳри Краматорск шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла доир ба тирандозӣ дар фурудгоҳи ин шаҳр хабар мерасад.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Сергей Тсипляков, раҳбари яке аз ин гурӯҳҳо дар шаҳри Донбас навиштааст, ки ду узви гурӯҳи ӯро захмӣ кардаанд. Ҳамин хабаргузорзӣ аз қавли як шоҳид хабар дод, ки нирӯҳои давлатии Украина фурудгоҳи Краматорскро таҳти назорат овардаанд. Хабаргузории Ройтерс аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст,ки ду чархбол дар фурудгоҳи Краматорск фуруд омадаанд ва сарбозон аз дохили онҳо берун шудаанд. Ин иттилооот ҳанӯз маълумоти расман тасдиқношудаанд.

Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои давлатии Украина таҳти ҳимояти зиреҳпӯшҳо ба канори шаҳри Славянск, ки таҳти назорати нирӯҳои рӯ ба Русия қарор дорад, расидаанд. Зуҳури нирӯҳои давлатӣ як рӯз баъд аз он аст, ки раҳбари муваққати Украина Олександр Турчинов гуфт, Киев ба хотири барқарор кардани назораташ бар дасти кам 10 шаҳр дар шарқи Украина, ки аз сӯи гурӯҳҳои тарафдори Русия ғасб шудаанд, аз нирӯ истифода хоҳад бурд.

Турчинов: Амалиёти зиддитеррор дар Донетск оғоз ёфт

Қаблан кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов гуфт, нирӯҳои амниятӣ шаби 15 апрел ба "амалиёти зиддитеррор" дар вилояти Донетск шурӯъ кардаанд. Турчинов , ки Русияро ба пешбурди "нақшаҳои ваҳшиёна"-и тахриби вазъ дар ҷануб ва шарқи Украина айбдор мекунад, ду рӯз пеш ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина то субҳи 14 апрел фурсат дода буд, то силоҳҳои худро ба замин гузошта, биноҳои давлатии ғасбкардаашонро холӣ кунанд. Вале эътирозгарони тарафдори Русия ин зарбулаҷалро напазируфта, мегӯянд, аз мавқеъҳои бадастовардаашон дифоъ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 15 апрел дар Пекин гуфт, пешниҳоди муколама бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина, ки ахиран аз сӯи мақомоти Киев садо дод, "иқдом аз роҳи дуруст, вале иқдоме хеле дершуда аст." Лавров ҳамин тавр, истифодаи нирӯ барои ҳалли бӯҳрон дар шарқи Украинаро, ки ҷудоиталабони рӯ ба Русияаш биноҳои давлатӣ дар дастикам 10 шаҳри ин минтақа ва асосан дар вилояти Донетскро ғасб кардаанд, "ғайри қобили қабул" номид.

Номзади раиси ҷумҳури Украина дар Киев латту кӯб шуд

Дар ҳамин ҳол Олеҳ Тсарков, номзади раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 15-уми апрел баъд аз барномаи телевизионӣ, ки гӯё аз ишғоли Қрим тавасути Русия ҷонибдорӣ карда бошад аз тарафи издиҳоме мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Аммо баъд аз латту кӯб Тсарков пуштибонии худро аз ишғоли заминҳои Украина тавассути Русияро рад кардааст.

Гуфтугӯи Обама ва Путин дар бораи вазъи Украина

Барак Обама дар тамоси телефониаш бо Владимир Путин аз пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина изҳори нигаронии амиқ карда ва аз ӯ хостааст, то аз нуфузи худ бар ҷудоиталабон ба манзури коҳиши танишҳо дар он минтақа истифода кунад.
Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои русаш бо Владимир Путин аз пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина изҳори нигаронии амиқ кардааст. Обама гуфтааст, дар сари даст накашидан аз рафтораш дар Украина, Русия баҳои боз ҳам баландтареро пардохт хоҳад кард. Раисиҷумҳури Амрико аз Путин хост, то истифода аз нуфузаш бар гурӯҳҳои силоҳбадасти тарафдори Русия онҳоро ба холӣ кардани биноҳои давлатии ғасбшуда дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина моил кунад.

Барак Обама ҳамчунин гуфтааст, ки Русия бояд ба хотири коҳиш додани танишҳо нирӯҳояшро аз наздикии марз бо Украина қафо бикашад. Обама дар ин маврид аз ҳукумати Украинра ситоиш кардааст, ки дар муқобили ин ҳама "хештандории қобили мулоҳиза" нишон медиҳад.

Паймони низомии НАТО қаблан гуфт, мушоҳидаҳои моҳвораӣ ҳокист, ки Русия дар марзи Украина то 40 000 нирӯи иловагиро дар ҳолати омодабош нигоҳ медорад. Маскав мегӯяд, ки ин нирӯҳо барои анҷоми тамринҳои низомии аз пеш барномарезишуда басиҷ шудаанд ва рабте ба ҳаводиси ахири Украина надоранд. Аммо ба ин иддао дар Украина ва Ғарб касе бовар намекунад.

Дар ҳамин ҳол, Кремл мегӯяд, ки Путин дар ин гуфтугӯ ба ҳамтои амрикоияш гуфтааст, ки Русия дар ошӯбҳои ахир дар шарқи Украина даст надорад. Ба гуфтаи Кремл, Путин иддаоҳо дар бораи дахолати агентҳои Русия дар эътирозҳои ахир дар Украинаро, ки ҳафтаи гузашта ҳатто аз забони вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ҳам садо дод, ҳамчун "гумонҳои мабнӣ бар маълумоти ғайри қобили эътимод" рад кардааст.

Путин Аксёновро волии Қрим таъйин кард

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин то замони интихобот Сергей Аксёновро иҷрокунандаи раҳбари Қрим таъйин кард. Владимир Путин рӯзи 14 апрел Сергей Аксёновро дар қароргоҳаш дар берун аз Маскав ба ҳузур пазирцфт. Путин гуфт, бар асоси қонунҳои Русия, бояд то рӯзи интиғоботи Қрим, ки қарор аст, рӯзи 14 сентябр доир шавад, раҳбари муваққати ин ҷумҳурии мухтор таъйин шавад.

Аксёнов гуфт, талош хоҳад кард, то сазовори боварии Путин бошад. Ӯ гуфт, барои такмили раванди пайвастани Қрим ба Русия ҳанӯз кори зиёде дар пеш аст. Аксёнов дар ҳузури Путин

Аксёнов дар ҳузури Путин

Русия дар моҳи март ибтидо Қрими Украинаро ишғол карда, сипас бо баргузории як раъйпурсӣ ин вилоятро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ин иқдоми Русия ба вокуниши шадидан манфии Киев ва Ғарб дучор шуд. Дар Киев вадр Ғарб тасарруфи Қрим аз сӯи Русияро ғайриқонунӣ меноманд. Қарори Маскав барои барпо кардани интихобот дар ин вилояти ишғолӣ ғолибан мавҷи нави эътирозҳо алайҳи рафтори Русия дар Украинаро ба по хоҳад кард.

1 миллиард евро ваъдаи кумаки Аврупо ба Украина

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи 14 апрел ҷиҳтаи ироаи боз 1 миллиард евро кумак ба Украина тавофуқ кардаанд.Ин 1 миллиард евро қарзи боимтиёзи ИА бар иловаи 610 миллион евро кумакҳоест, ки ин созмон ба сурати билоиваз дар ихтиёри Киев мегузорад.

Вазирони ИА ҳамчунин ҷиҳати ироаи тарифҳои муваққати боимтиёз барои Украина розигӣ доданд, кибаъди ду ҳафта ба иҷро даромад, дастикам то моҳи ноябр амал хоҳанд кард. Ин имтиёз боҷҳои гумрукии ИА барои Украинаро тақрибан ним миллард евро камтар мекунад.

ИА рӯзи 14 апрел ҳамин тавр, ҷиҳати бастани ҳисобҳои бонкии 4 нафари дигар ба далели сӯъиистифодаи маблағҳои буҷаи давлатии Украина тавофуқ кард. Қарори бастани ҳисобҳои бонкии ин 4 нафар дар нишасти Люксембург дар пайи ҳимояти порлумони Аврупо аз ин пешниҳод дар оғози моҳи апрел аст. Исми афроде ки таҳти таҳримот қарор мегиранд, рӯзи 15 апрел нашр хоҳад шуд.

Афзоиши ин 4 нафар ба “рӯйхати сиёҳ”-и ИА шумори онҳоеро, ки ба далели даст бурдан ба пулҳои давлати Украина таҳти таҳримоти Аврупо қарор мегиранд, ба 22 нафар мерасонад.


Розигии раҳбари Украина ба референдум
Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов рӯзи 14 апрел гуфт, мухолифи рӯзи 25 май ҳамзамон бо интихоботи президентӣ доир кардани раъйпурсӣ дар вилоятҳои шарқи Украина нест. Баргузории райъпурсӣ бо талаби таъсиси низхоми федеролӣ дар Украина ва ироаи салоҳияту мухторияти бештар ба вилоятҳои умдатан русзабон як талаби умдаи эътирозгарони тарафдори Русия дар вилоятҳои шарқи ин кишвар аст. Тарафдорони Русия биноҳои давлатӣ дар чандин шаҳри вилояти Донетск ва дар Луҳанскро ишғол карда, алайҳи ҳукумати марказӣ мусаллаҳ ҳам шудаанд.

Турчинов гуфт, мухолифи раъйпурсии саросарӣ дар бораи шакли давлатдорӣ дар Украина нест. Ӯ гуфт, ки чунин райъпурсиро метавон ҳамзамон бо интихоботи президентӣ рӯзи 25 май доир кард. Аммо раҳбари муваққати Украина изҳори итминон кард, ки аксари украиниҳо ах Украинаи "мустақил, демократӣ ва муттаҳид" пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ҷудоиталабон дар шарқи Украина таслим шуданӣ нестанд

Зарбулаҷали давлати Украина ба ҷудоиталабон ба поён расид, вале ба назар намерсад, ки чирикиҳое ки биноҳои давлатӣ дар шарқи Украинаро ишғол кардаанд, талаби ҳукумат дар бораи ба замин гузоштани силоҳҳояшонро иҷро карданӣ нестанд. Замони ин зарбулаҷал соати 09 00 ба вақти маҳаллӣ( соати 11 ба вақти Душанбе) ба поён расид. Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов шоми 13 апрел ҳушдор дода буд, ки агар ҷудоиталабон то ин соат ба тақозоли ҳукумат сар фуроварда, силоҳҳои худро ба замин нагузоранд, алайҳи онҳо "амалиёти бузургмиқёси зиддитеррор" шурӯъ хоҳад шуд.

Хабарнигори Ройтерс мегӯяд, субҳи 14 апрел дар боми шӯъбаи пулиси шаҳри Словянск ҳамчунон парчами Русия парфишонӣ мекунад. Дар Луҳанск яке аз фаъолони тарафдори Русия ба Интерфакс гуфтааст, вазъ ҳамоно таҳти контроли онҳо қарор дорад.

Русия аз Киев талаб кардааст, ки алайҳи эътирозгарони тарафдори Русия аз нирӯи истифода набарад. Маскав ин масъаларо шоми 13 апрел ба минбари Шӯрои Амнияти СММ кашид, вале дар ин ҷаласа кадом қароре қабулд нашуд.

Ҳукумати Украина ва кишварҳои Ғарб Маскавро айбдор мекунанд, ки бӯҳрон дар шарқи Украинаро ҳадафмандона таҳрик медиҳад.

Ирсоли артиш ба зидди ҷудоиталабон дар шарқи Украина

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов гуфт, дар шарқи ин кишвар “амалиёти бузургмиқёси зиддитеррор” бо ҷалби нирӯҳои артиш роҳандозӣ хоҳад шуд. Русия билофосила ин амалиётро “як фармони ҷиноӣ” номид.
Олександр Турчинов

Олександр Турчинов

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов шоми 13 апрел дар паёми телевизиониаш Русияро ба доман задани “ҷанг” алайҳи Украина аз тариқи таҳрики беназмӣ дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи кишвараш айбдор кард. Турчинов гуфт, онҳое ки то 14 апрел силоҳҳои худро ба замин мегузоранд, муҷозот нахоҳанд шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, мақомоти Украина ба “такрори сенарияи Қрим” роҳ нахоҳанд дод. Русия дар моҳи март вилояти Қрими Украинаро тасарруф кард.

Вазорати хориҷаи Русия дар як баёния тасмими Киев барои истифодаи нирӯ алаййҳи эътирозгаронро маҳкум кард ва аз мақомоти Украина хост, то “ҷанг ба зидди мардуми худро билофосила бас кунанд.” Маскав ҳамчунин гуфт, “ин дигар бар ӯҳдаи Ғарб аст, ки пеши роҳи ҷанг дар Украинаро бигирад.”
Вазорати хориҷаи Русия гуфт, баҳси оҷили вазъи шарқи Украина дар Шӯрои Амнияти СММ ва САҲА-ро талаб хоҳад кард.

Омодагии Амрико ба таҳримоти нав алайҳи Русия

Сафири Амрико дар СММ гуфт, ҳаводиси ахир дар Украина ба таври рӯшан аз дасти дахолати Маскав далолат мекунанд ва агар ин идома ёбад, Амрико масъалаи ҷорӣ кардани таҳримоти бештар алайҳи Русияро матраҳ хоҳад кард.

Сафири Амрико дар СММ Саманта Повер рӯзи 13 апрел ба телевизиони амрикоии АВС гуфт, рӯйдодҳои охир дар Украина "аломатҳои ошкори дахолати Маскав"-ро нишон доданд. Саманта Повер гуфт, "агар амалҳои ба монанди ончи ки мо рӯзҳои охир мебинем, идома ёбанд", Амрико ба ҷорӣ кардани таҳримоти нав алайҳи Русия омода аст.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо то кунун дар посух ба тасарруфи Қрим алайҳи Русия ду навбат таҳримот ҷорӣ кардаанд, ки манъи ироаи раводиди сафар ва бастани ҳисобҳои бонкии мансабдорони баландпояи дахил дар тасарруфи Қримро дар бар мегирад.

Аввалин куштаҳову захмиҳо дар Славянск

Кафили вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти "зиддитеррор" алайҳи силоҳбадастони ҷудоиталаб дар шаҳри Славянск, ки субҳи 13 апрел оғоз ёфт, "аз ҳарду тараф куштаҳову захмиҳо" ҳастанд. Ӯ гуфт, як афсари амниятӣ кушта шуда ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд. Аммо ӯ мегӯяд, талафоти ҷониби дигар ҳанӯз дақиқ нашудааст. Ба гуфтаи Аваков, ҳудуди 1000 нафар аз ҷудоиталабон ҳимоят мекунанд ва ҷудоиталабон аз онҳо ба ҳайси "сипари зинда" истифода мебаранд.

Арсен Аваков қаблан дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар Славянск амалиёти "зиддиттерор" шурӯъ шуда ва “нирӯҳо аз тамоми ниҳодҳои амниятӣ ба инҷо мерезанд.” Славянск дар қатори Краматорск, Дружковка ва Красний Лиман дар шумули чанд шаҳри вилояти аксаран русзабони Донетск дар шарқи Украина аст, ки ниҳодҳои давлатиаш рӯзи 12 апрел аз сӯи гурӯҳҳои силоҳбадасти ниқобпӯш, ки ба забони русӣ сӯҳбат мекунанд, ишғол шуд.

Силоҳбадастон дар Краматорск бо нирӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шуда, дар Донетск раиси пулиси вилоятро маҷбур карданд, ки истеъфо диҳад. Бинои ҳукумати Донетск низ аз рӯзи 6 апрел дар дасти ҷудоихоҳон қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13 апрел дар натиҷаи ба ҳам дарафтодани аҳли ду раҳпаймоии тарафдорони Русия ва тарафдорони Украина дар шаҳри Харков чандин нафар осеб дидаанд.


Хабарнигорон аз Славянск хабар медиҳанд, ки аз субҳи 13 апрел дар фазои шаҳр чархболҳои низомӣ мечарханд. Аваков аз тариқи Фейсбук аз сокинон хостааст, ки аз манзилҳои худ берун нараванд. Ӯ аз садои тирпаррониҳо дар шаҳр хабар медиҳад, вале гузоришгари Ройтерс аз Славянск гузориш дода, ки то ин лаҳза садои тир шунида нашудааст.

Хабарнигорони мустақар дар минтақа ҳамлаҳои рӯзи 12 апрели силоҳбадастони аксаран ниқобпӯшро ба ишғоли низомии нимҷазираи Қрим аз сӯи низомиҳои Русия монанд мекунанд. Русия баъди ишғол бо баргузории як райъпурсӣ ин вилояти Украинаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ҳоло Русия чун дар намунаи Қрим Киевро алайҳи ҳар навъ талоши истифодаи нирӯ бар зидди русзабонҳо дар шарқи Украина ҳушдор додааст.

Украина ошӯбҳои ахирро "таҷовуз"-и Русия номид

Ҳукумати Украина ғасби биноҳои давлатӣ дар чанд шаҳри вилояти Донетскро “амали таҷовузкорона”-и Русия номид. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ҳам аз нақши Русия дар “таҳрик”-и ошӯбҳо дар шарқи Украина изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба дунболи ғасби биноҳои пулису амният дар шаҳрҳои Славянск, Красний Лиман ва Дружковка ва маркази вилояти Донетск аз шаҳри Краматорски ин вилоят низ дар бораи ғасби бинои пулис аз сӯи афроди мусаллаҳ хабар расид. Навори видеоии хабаргузории Ройтерс силоҳбадастонеро нишон медиҳад, ки қабл аз ғасби бино бо забони русӣ сӯҳбат мекарданд. Гуфта мешавад, дар Краматорск байни ҳамлагарон ва нирӯҳои пулис задухӯрде ҳам зоҳиран сурат гирифтааст.

Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, вазоратҳои умури дохила ва дифо “нақшаи амалиёти ҷавобӣ” алайҳи ин ҳамлаҳои зоҳиран ҳамоҳангшуда дар чанд шаҳри минтақаи аксаран русзабони шарқи Украинаро кашида истодаанд.

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов вазъи пешомада дар шарқи кишварро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ таҳлил кардааст. Дар баёнияе, ки субҳи 13 апрел нашр шуд, бидуни ироаи ҷузъиёт гуфта мешавад, ки дар ин нишаст “масоили марбут ба вазъи шарқи Украина” баҳс шудааст. Аммо расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, Шӯрои амнияти миллӣ имкони ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар шарқи Украинаро баррасӣ кардааст.

Лавров ва Керрӣ. Акс аз бойгонӣ

Лавров ва Керрӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 12 апрел дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ ҳушдор додааст, ки ҳар навъ иқдоми низомӣ аз сӯи мақомоти Украина дар вилоятҳои шарқии он кишвар нақшаи музокироти ҳафтаи ояндаро дучори хатар хоҳад кард. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Русия, Керрӣ ба навбати худ аз нақши Русия дар “таҳрик додан”-и ошӯбҳо дар шарқи Украина изҳори нигаронӣ кардааст.

Лавров аммо ба Керрӣ гуфтааст, ки Украина “дар мавриди ба дӯш гирифтани масъулият барои таъйини сарнавишти кишвар нотавонӣ нишон медиҳад.” Лавров афзудааст, ҳар навъ истифодаи нирӯ алайҳи русзабонҳо дар шарқи Украина “имкони ҳамкорӣ дар оянда, аз ҷумла нишасти рӯзи 17 апрели чоргона дар Женеваро ба ҳам мезанад.”

Музокироти Женева роҷеъ ба бӯҳрони Украина, қарор аст, бо ширкати Русия, Украина, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шавад.

Дасти Маскав дар ошӯбҳои нав дар шарқи Украина

Ошӯбҳои нав дар шарқи Украина барномарезишуда ба назар расида, дар зеҳни бисёриҳо гумонро халқ кардааст, ки дар пушти ин ҳама Русия истодааст.
Силоҳбадастон дар Славянск

Силоҳбадастон дар Славянск

Рӯзи 12 апрел издиҳомҳои тарафдорони Русия дар шаҳрҳои Славянск, Красний Лиман ва Дружковкаи вилояти Донетск биноҳои милиса, Хадамоти амният ва ҳукуматҳои маҳаллиро тасарруф карданд. Бино ба хабарҳо, тарафдорони Русия аз шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Славянск даҳҳо мил силоҳ ба даст оварда, байни эътирозгарон, ки худро “артиши мардумии Донетск” меноманд, тақсим кардаанд.

Тарафдорони Русия дар шаҳри Донетск низ бинои раёсати вилоятии умури дохиларо ишғол ва раҳбари пулиси вилоят Константин Пожидаевро маҷбур кардаанд, ки истеъфо диҳад. Бино ба хабарҳо, фаъолони рӯ ба Русия ба ин мақом барқарор кардани Роман Романовро, ки моҳе пеш ба маҳзи тарафдориаш аз ҷунбишҳои ҷудоиталаби Донбасс барканор шуда буд, талаб доранд. Онҳо гуфтаанд, то замони барқарор кардани Романов 20 тан аз тарафдорони онҳо дар бинои раёсати вилоятии умури дохила хоҳанд монд.

Хабари дигар аз Донетск мегӯяд, тақрибан 50 тан аз тарафдорони Русия як қисми низомиро иҳота карда, мехоҳанд монеи ҳаракати низомиҳо шаванд. Ба гуфтиа расонаҳо, онҳо метарсанд, ки нирӯҳои ин қисми низомиро барои саркӯби ошӯбҳо дар Славянску шаҳрҳои дигари вилояти Донетск сафарбар хоҳанд кард.

Тарафдорони Русия дар шаҳри Славянск бар боми Шӯрои шаҳрӣ парчами Русияро насб кардаанд. Хабаргузории УНИАН менависад, афроди мусаллаҳ дар Славянск худро “гурӯҳи ташаббускори Ҷумҳурии мардумии Донетск” муаррифӣ карда, аз амбори силоҳҳои пулиси шаҳр 400 пистолет ва 20 автоматро ғасб кардаанд.

Кафили вазири умури хориҷаи Украина Андрий Дешитса дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров аз мақомоти амниятии Русия талаб кардааст, ки ба иғвогариҳо дар вилоятҳои ишарқии Украина поён диҳанд. Маскав ин иддаои Киевро рад мекунад. Бо ин ҳол, кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов дар вокуниш ба ошӯбҳои рӯзи 12 апрел раҳбари Хадамоти амнияти Украина дар вилояти Донетск Валерий Ивановро зоҳиран ба иллати беамалӣ барканор кардааст.

Арсений Ятсенюк дар Донетск

Арсений Ятсенюк дар Донетск

Як рӯз қабл сарвазири Украина Арсений Ятсенюк дар Донетск бо раҳбарони вилоятҳои аксаран русзабони шарқи Украина мулоқот кард ва ваъда дод, ки Киев ба хостҳои эътирозгарон дар ин манотиқ гӯш хоҳад дод. Дирӯз ҳамчунин эълон шуд, ки бо вуҷуди гузаштани ҳамони зарбулаҷали Киев ба эътирогарони тарафдори Русия алайҳи онҳо аз нирӯ истифода нахоҳанд бурд. Аммо Арсен Аваков, вазири умури дохилаи Украина рӯзи 12 апрел, баъди ғасби биноҳои давлатӣ дар дастикам 3 шаҳри вилояти Донетск ва ғасби амбори силоҳҳои пулиси маҳаллӣ гуфтааст, ки “террор аз эътироз фарқ мекунад ва вокуниш ба он ҳам хеле фарқ хоҳад кард.”

Таърихчаи бӯҳрони Украина

Вазъи Украина баъди се моҳи эътирозҳо ва суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар поёни моҳи феврал ба бӯҳрони шадид фурӯ рафт. Русия бо истифода аз беназмиҳои сиёсӣ дар ин кишвари ҳамсояаш дар моҳи март вилояти аксаран русзабони Қримро ишғол ва сипас ҳамроҳ бо шаҳри Севастопол ҳамчун ду субъекти алоҳида ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Дар Киев ва дар Ғарб метарсанд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин танҳо бо ғасби Қрим қаноат нахоҳад кард ва ошӯбҳои ахир дар вилоятҳои аксаран русзабони Донетску Харков ва Луҳанск зоҳиран ба ин далолат мекунад. Густариши ошӯбҳои тарафдорони Русия аз маркази вилоят ба се шаҳри дигари Донетск дар ҳолест ки қарор аст, рӯзи 17 апрел дар Женева музокироти чоргонаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Русияву Украина пиромуни вазъи Украина доир шаванд. Русия пойфишорӣ дорад, ки дар ҳар навъ музокироти масъалаи Украина бояд намояндагони русзабонҳои он кишвар низ ширкат кунанд.
Владимир Путин

Владимир Путин

Таҳлилгарон мегӯянд, ошӯбҳои рӯзи 12 апрел дар дастикам се шаҳри вилояти Донетск ва фаъолтар шудани эътирозгарони тарафдори Русия дар маркази ин вилоят ва ҳамчунин дар Харкову Луҳанск ғолибан ба хотири фишор ба тарафҳои дигари музокироти Женева аст, ки ба хостҳои Русия, аз ҷумла ба тақозои ҷалби ҳатмии намояндагони русзабонҳои Украина ба ҳайси як тарафи мустақил ба ин музокирот сар фуроранд.

Бино ба омори расмӣ, аз 45 миллион аҳолии Украина 37,5 миллион ё тақрибан 78 дарсадашро украиниҳо ва 8,3 миллион ё 17 дарсадашро русҳо ташкил медиҳанд. Аммо дар вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина фисади русҳо ва онҳое ки русзабон шумурда мешаванд, назар ба украиниҳо бештар гуфта мешавад ва ба ақидаи таҳлилгарон, ҳоло ин мардуми русзабон ба як “силоҳ” дар амри пиёда кардани сиёсати Маскав дар Украина ва таҳмили хостҳои Русия болои ин кишвар табдил ёфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG