Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Молдова аз боздошти дастикам 11 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» хабар дод. Яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст.

Идораи марказии пулиси Молдова рӯзи 27 май дар як нишасти хабарӣ дар Кишинёв аз нахустин мавриди боздошти фиристодаҳои гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар қаламрави ин кишвари пасошӯравӣ хабар дод. Георгий Кавкалюк, муовини раиси пулиси Молдова ба хабарнигорон гуфт, ҷамъан 11 нафарро гирифтаанд ва яке аз боздоштшудаҳо, ки қаблан дар Сурия ҷангидааст, бо худ шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштааст.

Амалиёти боздошти ин гурӯҳ рӯзи 26 май дар манзиле дар маҳаллаи Буюканаи шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова сурат гирифта, дар ҷараёни ин амалиёт 7 нафар – ду марду ду зан ва 3 кӯдак – дастгир шудаанд.

Кавкалюк афзуд, ҳамаи боздоштшудаҳо зодагони минтақаи Қафқози шимолианд. Як марди 19-солаи доғистонӣ ва ҳамроҳи ӯ - як духтари ноболиғи 16-солаи чеченитаборро, ки аз Норвегия ба Молдова омадааст, билофосила ба кишвари зодгоҳашон – Русия – ихроҷ кардаанд. Бародари ин ҷавони доғистонӣ қаблан дар Сурия кушта шудааст ва ба гуфтаи пулиси Молдова, худи ӯ ҳам қасди рафтан ба он кишвари ҷангзада ва пайвастан ба сафи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ»-ро дар сар доштааст.

Аммо марди дуюм, ки 28 сол дошта, аз Чеченистон будааст ва ҳамроҳ бо як зани 35-солаи низ зодаи Қафқоз ва 3 кӯдак дастгир шуд, аз Фаронса ба Молдова омадаанд. Ин мард ҳангоми боздошт ба пулис шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон додааст, вале пулис мегӯяд, маълум мешуд, ки шиноснома қалбакист. Ин мард ба пулис гуфтааст, аллакай собиқаи ширкат дар ҷанги Сурияро дорад ва дар онҷо пеш аз ҳар набард маводи мухаддир истеъмол мекардааст.

Пулис ин занро таҳти назорат қарор дода, марди чечении соҳиби шиносномаи қалбакии тоҷикиро ба Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагӣ супурдааст.

Георгий Кавкалюк, муовини раиси пулиси Молдова гуфтааст, «дар рафти тафтишот маълум шуд, ки ин нафарон ба ҷалби шаҳрвандони Молдова барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона, аз ҷумла дар Сурия, машғул будаанд. Ҳамчунин онҳо бо ташкили сандуқҳои ғайриқонунӣ барои таъмини молии амалиётҳои ҷангӣ пул ҷамъ меоварданд.»

Пулиси Молдова мегӯяд, дар рафти кофтукоб адабиёти вижае пайдо кардаанд, ки дар он роҳҳои ҷалби сокинони Молдова ба дини дигар ва шеваҳои тарғибу ташвиқи онҳо барои ширкат дар ҷангҳои мазҳабӣ нишон дода мешуд. Пулис мегӯяд, онҳо «гӯшти тоза» барои ҷанг дар Сурияро маъмулан аз байни ҷавонони аз 22 то 35-солаи аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир меҷустанд. Георгик Кавкалюк гуфт: «Яқинан, интихоби Молдова тасодуфӣ набуд. Онҳо, ба назари мо, ду ҳадаф доштанд: ба кор андохтани роҳи транзитӣ аз тариқи Молдова барои фириистодани ҷангиёни исломӣ ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия. Ҳадафи дигарашон ҷалби тарафдорони равияҳои тундрави исломӣ аз ҳисоби ҷавонон бекор буд.»

Дар ҷараёни амалиёти рӯзи 26 майи пулиси Молдова дар маҷмӯъ 11 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо «Давлати исломӣ» дастгир шудаанд. Расонаҳои чопи Молдова, аз ҷумла хабаргузории «Днестр» менависанд, ин нахустин мавриди ошкоршудаи роҳ ёфтани эмиссар (фиристода)-ҳои ин гурӯҳи тундрав ба ин кишвари пасошӯравист.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон бо қатли ом, аз ҷумла бо каллабуриву зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани мухолифонаш маъруф аст ва иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст. Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.

Дар Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро зери 400 нафар баршумурда, «Давлати исломӣ»-ро як манбаи таҳдид ба амнияти ин кишвар медонанд.

Боздошти ин нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо «Давлати исломӣ» дар Молдова алакай севумин мавриди дастгир шудани афроди марбут ба Сурия бо шиносномаҳои қалбакии тоҷикист.

Шиносномаи тоҷикӣ

Шиносномаи тоҷикӣ

Дар моҳи апрели соли равон як шаҳрванди Сурия дар марзи Беларус талош кардааст, ки бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина вориди Беларус шавад. Аммо таҳқиқи марзбонон дар минтақаи марзии Пинск ошкор кард, ки «шиносномаи ин шахс дасткорӣ ва зоҳиран, ба он акси дигар часпонда шудааст.” Маъмурони амниятии Беларус ҳангоми кофтукови бори ин шахс шиносномаи ҳақиқии ӯро пайдо карданд, ки шаҳрванди Сурия буданашро ошкор кардааст.

Рӯзи 28 декабри соли 2014 дар фурудгоҳи шаҳри Минск, пойтахти Беларус як шаҳрванди 31-солаиУзбакистон, ки мехост бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Зоҳир Ҳабибов ба ҳавопаймои Минск- Истамбул савор шавад, дастгир шуд. Маълум шуд, ки ин нафар дар асл Ҳусниддин Усмонов, сокини вилояти Сурхондарёи Узбакистон буда, аз сӯи мақомоти Узбакистон бо иттиҳоми терроризм таҳти таъқиб қарор доштааст.

Сомонаҳои наздик ба мақомоти амниятии Тошканд, аз ҷумла nuz.uz, Ҳуснуддин Усмоновро узви фаъоли шӯъбаи гурӯҳи тундрави “Жиҳодчилар” (“Муҷоҳидон”) дар шаҳри Тирмиз дар ҷануби Узбакистон ба қалам медиҳанд. Вале Ҳусниддин Усмонов аллакай баъди 3 рӯзи боздошт дар роҳ ба сӯи бемористон фирор кард ва бо гузашти инак 5 моҳ дигар дар бораи куҷо шудани вай иттилоъе дастрас нашудааст. Усмонов баъди боздошташ эътироф карда буд, ки мехост, худро аз роҳи Туркия ба Сурия бирасонад ва ба ягон гурӯҳ бипайвандад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG