Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти интизомии Афғонистон мегӯянд, сарусадоҳои бархоста дар бораи кушта шудани хеши раиси Вулусӣ Ҷирга аз сӯи марзбонҳои Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар пайи нашри гузоришҳо сарусадоҳо дар як даргирии поёни ҳафтаи гузашта дар марз бо Тоҷикистон кушта шудани гӯё додарарӯси Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси Вулусӣ Ҷирга, парлумони Афғонистонро таҳқиқ мекунанд.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундуз рӯзи 9 июн ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, кушта шудани як шаҳрванди Афғонистон дар задухӯрде, ки дар марзи вулусволии Имом Соҳиб бо минтақаи марзии Панҷи Тоҷикистон сурат гирифтааст, мояи сарусадоҳои зиёд ва эътирози хешовандони ин нафари кушташуда гардидааст: “Мақомоти вулусволии Имом Соҳиб инро, ки ӯ қочоқбар буда, рад мекунанд ва мегӯянд, ки гӯё ӯ думболи кори дигаре рафта буд. Аммо иртиботи хешовандиаш бо раиси Вулусӣ Ҷирга дақиқ нашудааст. Як ҳайат аз вазорати умури дохилаи Афғонистон ба хотири таҳқиқи қазия ба вулусволии Имом Соҳиб эъзом шудааст, то маълум кунад, ки ин сарусадоҳо то куҷо воқеъият доранд.”

Хабари ба Абдулрауф Иброҳимӣ робитаи хешовандӣ доштани ин марди кушташударо хабаргузории “Қундузнюс” нашр карда, гуфтааст, ӯ Аҳмадшоҳ ном афсари вазорати корҳои дохилии Афғонистон ва додарарӯси раиси Вулусӣ Ҷирга мебошад. Бино бар ин манбаъ, вазири умури дохилаи Афғонистон Аҳмадшоҳро муовини ҳавзаи амниятии пулиси вулусволии Имом Соҳиб таъин карда буд.

Абдулрауф Иброҳимӣ аз ақалияти узбакзабонҳои Афғонистон намояндагӣ мекунад ва дар пайи интихоботи соли 2013 раиси парлумон интихоб шуд.

Аммо сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз гуфт, то куҷо бо раиси Вулусӣ Ҷирга иртиботи хешовандӣ доштан ё надоштани нафари кушташуда аз тири марзбонҳои тоҷикро тасдиқ ё рад карда наметавонад, вале бино ба иттилои ӯ, ҷасади ин мардро аллакай ба ҷониби Афғонистон супурдаанд.

Дар дафтари Абдулрауф Иброҳимӣ ба ин далел ки раиси парлумон феълан дар ҷаласае дар Арки раёсатҷумҳурист, аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд. Сухангӯи волии Қундуз танҳо бо ин шарҳи кӯтоҳ, ки вазорати умури дохила ба таҳқиқи ин қазия муваззаф шудааст, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ варзид.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон қаблан дар бораи дастикам ду задухӯрд бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир, ки дар поёни ҳафта дар минтақаҳои Ҳамадонӣ ва Панҷ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон сурат гирифтаанд, хабар дода буданд. Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, дар даргирӣ дар минтақаи Ҳамадонӣ қочоқбарон 42 кило ҳашиш ва 2 кило афюнро партофта, тавонистаанд ба қаламрави Афғонистон фирор кунанд.

Вале тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузории русии Интерфакс гуфтааст, дар задухӯрди дигар дар минтақаи Панҷ “дар натиҷаи даргирӣ, яке аз марзшиканҳо маҳв карда шуд ва бақия ба тарафи дигар ақиб нишастанд.” Ба гуфтаи ӯ, ҷасади марди кушташуда, ки тақрибан 40-45 сол доштааст, барои ташхиси шахсияташ ба марзбонони Афғонистон супурда шуд. Дар маҳалли ин даргирӣ, ба гуфтаи марзбонҳои тоҷик, ҳамчунин як автомати Калашников бо 3 тирдони пур аз тир ва 25 кило ҳашиш ёфт ва мусодира шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар қиболи ҳарду мавриди задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо иттиҳоми марзшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дар гузашта низ дар чандин маврид хешовандони он шаҳрвандони Афғонистон, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар марз бо Тоҷикистон аз сӯи марзбонҳои тоҷик дастгир ё кушта мешуданд, иттиҳоми даст доштани пайвандони худ дар қочоқро рад ва ба шеваи бархӯрди марзбонҳои тоҷик эътироз мекарданд.

Ҳамин тавр, ба гунае ки дар Тоҷикистон дар бораи дар қочоқи маводи мухаддир даст доштани наздикони афроди баландпоя ҳадс мезананд, дар Афғонистон низ бисёриҳо бар инанд, ки бозори пурфоидаи қочоқи маводи мухаддир асосан дар дасти онҳоест, ки дар раддаҳои аввали ҳукумати Кобул пуштибон доранд.

Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюну ҳероин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Тоҷикистон ба маҳзи марзи қариб 1400-километриаш бо ин кишвари ҷангзада дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Талоши қочоқи маводи мухаддир аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, ки аз рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад, тақрибан ҳар ҳафта ба як ё ду задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷик ва гурӯҳҳои қочоқбар мунҷар мешавад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, танҳо дар соли 2014 дар қаламрави Тоҷикистон 6 тоннаю 213 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG