Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти тахриби шаҳри бостонии Намруд аз сӯи "Давлати исломӣ"


Ҳукумати Ироқ рӯзи панҷшанбе эълон кардааст, ки нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломӣ бо истифода аз булдозер ба вайрон кардани осори бостонии шаҳри "Намруд" муатталлиқ ба давраи Ошӯриён оғоз кардаанд.

Вазорати сайёҳӣ ва осори бостонии Ироқ эълом кардааст, ки нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар охирин ҳамлаҳои худ ба мероси фарҳангии Ироқ, бо истифода аз булдозер ва дигар таҷҳизоти вазнин, ба вайрон кардани шаҳри бостонии "Намруд" шурӯъ кардаанд.

Як масъули вазорати сайёҳӣ ва осори бостонии Ироқ зимни таъйиди хабари тахриби осори бостонии шаҳри Намруд аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ", ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, тахриби ин осори бостонӣ дирӯз баъд аз зӯҳр анҷом шудааст. Ин мақоми ироқӣ, ки хостааст номаш фош нашавад, ҳамчунин гуфтааст, паҳлӯҳои бештари вайрон кардани ин шаҳр ҳанӯ мушаххас нашудааст.

Ба гузориши Франс-пресс, шаҳри Намруд яке аз нигинҳои тамаддуни даврони Ошӯриён аст, ки дар қарни 13 пеш аз милод дар наздикии дарёи Даҷла бино шудааст. Ин шаҳр дар 30 километрии шаҳри Мавсил ҷойгир аст.

Абдуламир Ҳамадонӣ, як бостоншиноси ироқиӣ дар яке аз донишгоҳи Амрико дар ин замина гуфтааст, "мутаассифона бояд бигӯям, ҳама мунтазири ин ҳодиса будем. Барномаи онҳо ин аст ки мероси Ироқро нобуд кунанд."

Ин бостоншиноси ироқӣ афзудааст, ки иқдоми баъдии онҳо нобудии шаҳри Ҳатро хоҳад буд ва воқеан ин хабарҳо таассуфовар мебошад. Шаҳри Ҳатро ё Ал-Хазро" дар вилояти Найнавои Ироқ дар 150 километрии ҷануби ғарби Мавсил қарор дорад ва аз шаҳрҳои давраи Ашкониён аст. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, шаҳри бостонии Ал-Хазро дар феҳристи "Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО" сабт шудааст.

Дар ҳоле хабари вайрони шудани шаҳри Намруд мунташир шудааст, ки ду ҳафта пеш гурӯҳи "Давлати исломӣ" навореро пахш кард, ки афроди ин гурӯҳро дар ҳоли вайрон кардани осори бостонии Осорхонаи Мавсил бо путк ва пармаҳои калони барқӣ нишон медиҳад.

Ин гурӯҳ дар тобистони соли гузашта қисмати калони суннинишин, аз ҷумла вилояти Найнаво ва шаҳри Мавсилро ба тасарруф худ дароварданд. Ҷанг миёни нерӯҳои ироқӣ бо ҳамкории Эрон барои бозпасгирии қисматҳое аз ин минтақа, ҳоло дар вилояти Салоҳиддин ва шаҳри Тикрит ҷараён дорад.

ТАХРИБИ ОСОРИ БОСТОНӢ ДАР МАВСИЛ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG