Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синдзо Абэ: "Ҷопон ба террористҳо гузашт намекунад"


Кендзӣ Гото. Акс аз марти соли 2014
Кендзӣ Гото. Акс аз марти соли 2014

Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон, изҳор намуд, ки кишвараш терроризмро эътироф намекунад ва пуштибонӣ аз кишварҳоеро, ки бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” мубориза мебаранд, густариш хоҳад дод.

Синдзо Абэ баъд аз нашри навори видеоии қатли бераҳмонаи хабарнигори ҷопонӣ Кендзӣ Гото рӯзи 1 феврал гуфт, “ман нисбат ба ин амали ғайриинсонӣ ва нафратовари террористӣ эҳсоси танаффур мекунам.” Ӯ афзуд, ки Ҷопон бо ҷомеаи байналмилалӣ бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ кашондани масъулони ин амал ҳамкорӣ хоҳад кард. Нахуствазир изҳор намуд, ки Ҷопон ба терроризм гузашт намекунад ва ёриҳояш ба эътилофи зидди "Давлати исломӣ"-ро густариш медиҳад.

Вазири дифои Ҷопон генерал Накатанӣ гуфт, видеои нашршуда зоҳиран воқеият дорад.

Синдзо Абэ
Синдзо Абэ

Дабири кобинаи вазирони Ҷопон Йошиҳиде Суга “Давлати исломӣ”-ро барои нашри навори видеоӣ маҳкум кард ва гуфт, ки аъзои калидии ҳукумати Ҷопон барои баррасии ин мавзӯъ ташкили ҷаласаи вижа мекунанд.

Видеои нашршуда марди ниқобпӯшеро нишон медиҳад, ки бо як гӯиши бритониёӣ ҳукумати Ҷопонро ба пуштибонӣ аз нерӯҳои эътилофи зидди “Давлати исломӣ” айбдор мекунад. Ба дунболи ин гуфтаҳо ӯ Готоро сар мебурад.

Тақрибан як ҳафта пеш ситезаҷӯён дигар гаравгони ҷопонӣ Ҳаруна Юкаваро эъдом карда буданд. Қотилони Кендзӣ Гото он вақт ҳам гуфта буданд, ки ба ин васила аз Ҷопон барои кӯмакаш ба Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико интиқом мегиранд.

Кендзӣ Гото, хабарнигор ва синамогари маъруфи ҷопонӣ, моҳи октябри соли гузашта ба Сурия рафта буд. Бар пояи бархе хабарҳо, ӯ мехост гаравгон Ҳаруна Юкаваро наҷот диҳад, аммо худ ба дасти ситезаҷӯён уфтод.

Соҷида ал-Ришавӣ ва Муас ал-Касисба
Соҷида ал-Ришавӣ ва Муас ал-Касисба

Як рӯз пеш хабарҳое дар бораи имкони раҳоии Гото ва халабони асируфтодаи урдунӣ Муас Ал-Касисба дар ивази аз маҳбаси Урдун раҳо кардани Соҷида ал-Ришавӣ, як зани гумонбар дар чанд ҳамлаи террористӣ, нашр шуда буданд. Соҷида ар-Ришавӣ баъд аз талоши номуваффақи ҳамлаи террористӣ боздошт шуд ва ҳоло дар як маҳбаси Урдун нигаҳ дошта мешавад. Ӯ дар таҳияи як ҳамлаи маргталабона дар Уммон, пойтахти Урдун, дар даҳ соли пеш айбдор мешавад. Дар он ҳамла 60 нафар ба ҳалокат расида буданд. Ба ин зани террорист дар Урдун ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Мақомоти Урдун умед доштанд, ки дар чорчӯби ин муомила ба раҳоии халабони урдунӣ Муас Ал-Касисба, ки моҳи декабр дар пайи суқути ҳавопаймояш дар Сурия ба дасти ҷангиёни “Давлати исломӣ” асир уфтод, низ муваффақ шаванд. Дар навори рӯзи 31 январ нашршуда ишорае ба сарнавишти ин халабони асир набуд.

Нозофарин Халилӣ, хабарнигори муқими Токио, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари эъдоми Кендзӣ Гото мардуми Ҷопонро сахт нороҳату ғамгин ва мушаввашу нигарон кардааст, зеро ҳама умедвор буданд, ки ӯ аз дасти ситезаҷӯён раҳо карда хоҳад шуд. Кендзӣ Гото, ба гуфтаи мусоҳиби мо, хабарнигори озод буд ва филмҳои мустанадаш дар бораи кӯдакҳои манотиқи ҷангзада хело маъруф буданд. Шабакаҳои телевизионии Ҷопон рӯзҳои ахир мустанадҳои Готоро дигарбора намоиш медиҳанд.

Нозофарин Халилӣ
Нозофарин Халилӣ

Хонум Нозофарин мегӯяд, расонаҳои чопи Ҷопон дар робита ба ин ҳодиса дар бораи сенарияҳои гуногун ҳарф мезананд, вале ақидаи ғолиб ин аст, ки ҳадафи “Давлати исломӣ” аз аввал на раҳоии гаравгонҳо, балки “заъиф кардани рӯҳияи душманон буд” ва дархостҳои зидуннақизи онҳо – ибтидо талаб кардани 200 миллион доллар ва сипас пешниҳоди раҳоӣ ба ивази раҳоии як хонуми боздоштшуда ба ин шаҳодат медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, меафзояд мусоҳиби мо, ҷомеъаи Ҷопон аз таҳдиди “Давлати исломӣ” нигарон аст – ситезаҷӯён гуфтаанд, ки ҳар ҷопониеро ҳар ҷое, ки бубинанд, шояд барояш ҳамин иттифоқ биафтад, манзур, чун Гото кушта шавад. Ба ин хотир шояд ба зудӣ вазорати умури хориҷаи Ҷопон бо як ҳушдор аз сафари шаҳрвандонаш ба бархе аз кишварҳо ҷилавгирӣ кунад.

Аз хонум Нозофарин суол кардем, ки оё хабари эъдоми гаравгонҳои ҷопонӣ дар муносибати мардуми маҳаллӣ бо мусалмонҳои муқими Ҷопон мушкил эҷод накардааст? Ӯ мегӯяд, ки теъдоди мусалмонҳо дар Ҷопон зиёд нест ва онҳо баъд аз нашри хабари гаравгон уфтодани ду ҷопонӣ барои раҳоияшон садо баланд намуданд ва дар масҷидҳо барои озодии онҳо дуо мекарданд.“Шояд мардуми Ҷопон як каме нисбати мусалмонҳо бадбин шаванд, фикр мекунам, ҳар ҷои дигар ҳам ин иттифоқ биуфтад, ин ҳолат ба вуҷуд ояд... Вале то алъон мо ин гуна вокунишро надидаем, зеро ҷопониҳо мардуме нестанд, ки ба таври сареъ аксуламал нишон диҳанд”

“Давлати исломӣ” рӯзи 20 январ бо нашри навори ҳарду гаравгон Кендзӣ Гото ва Ҳаруна Юкава ба ҳукумати Ҷопон 72 соат вақт дод, то кумакҳояш ба эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрикоро, ки алайҳи “Давлати исломӣ” ташкил шудааст, бас карда ва дар ивази раҳоии ин ду гаравгон 200 миллион доллар “товон” пардохт кунад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама “қатли нангин”-и Кензи Гото аз дасти ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро маҳкум кард ва гуфт, Амрико талошҳояш барои маҳви ин гурӯҳи ифротиро идома хоҳад дод. Сарвазири Бритониё Дэвид Камерон ҳам ин кушторро “даҳшатовар” ва “нафратангез” номид ва гуфт, ки “ин бори дигар хотиррасон мекунад, ки“Давлати исломӣ тимсоли Шайтон аст ва эҳтироме ба ҳаёти инсонҳо надорад.”

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, “ин қатли ваҳшиёнаро қотеъона маҳкум мекунад” ва афзуд, “Фаронса имрӯз дар канори Ҷопон истодааст.”

XS
SM
MD
LG