Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агроинвестбонк"-ро чӣ интизор аст? (Садо)


Бинои марказии "Агроинвестбонк" дар шаҳри Душанбе.
Бинои марказии "Агроинвестбонк" дар шаҳри Душанбе.

Мушкили дарёфти пули нақд дар бархе аз банкоматҳои «Агроинвестбонк» дар пасманзари эълонҳои фурӯши қисме аз амволи ин бонк, муштариёнашро нигарон кардааст. Муштариён мегӯянд, тарс аз он доранд, ки ин бонк ба чунин шева ба мисли «Тоҷиксодиротбонк» қобилияти пардохтпазирии худро аз даст надиҳад. Аммо масъулони “Агроинвестбонк” мегӯянд, ҳеҷ ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад ва ин бонк ба ягон мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ нашудааст.

Бештари сокинони Тоҷикистон, ки аз бӯҳрону пардохтнопазир шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва навбатпоии зиёд дар назди банкоматҳои он хуб огоҳанд, ҳоло бо пеш омадани каме мушкил дар банкоматҳои ин ё он бонки дигар ба таҳлука меафтанд. Муҳаммадиқбол Азизов, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳар моҳ моҳонаи худро аз «Агроинвестбонк» мегирад, мегӯяд, моҳи ҷорӣ бо каме мушкил тавонист аз суратҳисоби худ маошашроо бигирад. Вай гуфт, то имрӯз вазъият хуб буд ва маъмулан дур нарафта маошашро аз банкомати наздики ҷои кор мегирифт. Вале ин дафъа ӯро зарур шуд, ки чандин банкомати воқеъ дар пойтахтро санҷида пули худро аз ҳисоб бигирад.

"Агроинвестбонк"-ро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Фирӯз, сокини дигари шаҳри Душанбе ва аз муштариёни дигари "Агроинвестбонк" мегӯяд, баъди наёфтани пул аз банкомат ӯ ба як бахши ин бонк дар маркази шаҳр рафт ва аз суратҳисобаш бо маҳдудияти 500 сомонӣ пул гирифта тавонисту халос. Наврӯз гуфт, ки чанд рӯз буд, ки наметавонист аз ҳисобаш пул дарёфт кунад ва танҳо имрӯз дар банкомати назди Театри Операву балет каме пули нақд ба даст овард.

Аммо масъулони “Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои калони кишвар нигарониҳои сокинонро беасос мехонанд. Як масъули ин бонк рӯзи панҷшанбеи 16 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди ба бӯҳрон дучор шудани бархе аз бонкҳо ва ба ин бонк гузаштани муштариёну корхонаҳои зиёд, талабгори гирифтани пули нақд аз банкоматҳои "Агроинвестбонк" зиёд шудааст. Ба ин далел ҳам, банкоматҳо зуд-зуд аз пули нақд холӣ мешаванд.

Ин масъули бонк, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, “дар маҷмӯъ пардохтпазирии бонк хуб аст. Ҳама вақт банкоматҳоро бо пул таъмин карда истодаем, пули интиқоли маблағҳоро саривақт дода истодааст, амонатҳоеро, ки муҳлаташон расидааст, фоизашро баргардонидаем. Аммо дар масъалаи банкомат бояд гуфт, вақте пулаш тамом шуд, чанд соат вақт даркор аст, то дубора кор кунад.”

Дар мавриди ба фурӯш гузошта шудани бархе аз молу маҳсулоти “Агроинвестбонк” ҳам масъулони он мегӯянд, ин дар низоми бонкӣ як кори маъмулӣ аст ва амволи бар ивази қарзи худ гирифтаашро бонк ҳақ дорад ба фурӯш гузорад. Зимнан, дар пайи нигарониҳои бархе аз муштариёни "Агроинвестбонк", иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров, вазъи ин бонкро ба фарқ аз дигар бонкҳо беҳтар арзёбӣ мекунад.

Ба бовари ҷаноби Умаров, хатари муфлисшавӣ ба ин бонк аслан таҳдид намекунад. Вай гуфт, “бӯҳрон, албатта, ба ҳама бонкҳо таъсир расондааст, аммо вазъи "Агроинвестбонк" беҳтар аст. "Агроинвестбонк" то ҷое иттилоъ дорам, аз ҳукумат ва Чин ёрии молӣ ё қарз бо фоизи хеле кам гирифтааст. Нигарони аз ноогоҳии мардум сар мезанад. Онҳое, ки ба бонкҳо эътимод надоранд, фикр мекунанд, ки вазъи ҳама бонкҳо як аст.”

Аммо ҷаноби Умаров муътақид аст, ки ҳоло вазъи “Тоҷпромбонк” ва бонки “Фононбонк” нигаронкунанда аст. Вазъи “Тоҷиксодиротбонк” ҳам, ки, ба гуфтаи иқтисодшинос, тибқи як созишнома қарор аст аз сӯи бонки Аврупоии бозсохт ва рушд дастгирӣ шавад, беҳтар хоҳад шуд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, эҳтимолан то як моҳи дигар вазъи ин бонк пурра рӯшан шавад.

Бо ин ҳам, ба назари бархе иқтисодшиносон, бонкҳои Тоҷикистон, ба фарқ аз кишварҳои хориҷӣ, натиҷаи аудити солонаи худро пурра ва ошкоро нашр намекунанд, аз ин хотир, баҳо додан ба мизони устувории ин муассисаҳо мушкил аст.

“Агроинвестбонк” 14 феврали соли 1992 дар заминаи бахши тоҷикистонии “Агропромбонк”-и Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст. То ду соли пеш ин бонк бо мушкилоти молӣ дастбагиребон буд. Вазорати молия ҳам гуфта буд, бонки мазкур аз соли 2010 фаъолияти зиёновар дорад, аммо бо қарори ҳукумат барои раҳонидани ин бонк аз мушкилоти молӣ барномаи вижа қабул шуд. Ҳоло зоҳиран ин бонк аз мушкили ҷиддӣ берун омадааст.

Ҳамакнун “Агроинвестбонк” яке аз бонкҳои бузургу сермуштарии Тоҷикистон аст, ки 52 дарсади саҳмияҳояш дар дасти ҳукумат аст. Баъди ба бӯҳрон гирифтор шудани “Тоҷиксодиротбонк”, қисми зиёди муштариёни он ҳам ба ин бонк рӯ оварданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии “Агроинвестбонк”, дар ҳоли ҳозир “Агроинвестбонк” 61 филиал, 2 маркази амалиёт, 65 маркази хидматрасонӣ, 221 нуқтаи додани пули нақд, 163 банкомат ва 192 нуқтаи интиқоли пул дорад. Саҳмияи саҳҳомдорони “Агроинвестбонк” дар ду соли пеш 385 миллион сомонӣ баровард мешуд.

XS
SM
MD
LG