Пайвандҳои дастрасӣ

Як қисмати роҳи Душанбе -Ҷиргатолро ҳам ба IRS додаанд


Нуқтаи пулчинии IRS дар Ҳушёрии Варзоб

Нуқтаи пулчинии IRS дар Ҳушёрии Варзоб

IRS ва «Ғаюр-1», ду ширкати раҳсозӣ дар тендере, ки ҳукумати Тоҷикистон барои нигаҳдории ду қитъаи «Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон» эълон карда буд, пирӯз омаданд.

Равшан Каримов, муовини раиси Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон гуфт, ин тендерҳоро вазорати нақлиёт дар ҳамдастӣ бо Бонки Осиёии Рушд эълон карда буд: «Ду тендери алоҳида буд. Яке барои қисмати «Ваҳдат – Оби гарм» буду дигаре барои «Нуробод – Нимич». Дар аввалӣ ширкати «Ғаюр- 1» пирӯз омад ва акнун нигаҳдории қитъаи якум то 76 километр ва дар дуввумӣ, ширкати Innоvative Road Solutions ё IRS баранда шуд, ки аз қитъаи 120 то километри 193 – юми роҳи «Душанбе – марзи Қирғизистон» - ро нигоҳубин мекунад.»

Роҳи мошингарди 350 - километраи Душанбе – Рашт –Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон аз соли 2005 то соли 2011 бо 177 миллион доллар аз сӯи ширкати «Синоҳайдро» - и Чин навсозӣ шуда буд. Ва акнун пас аз роҳи Душанбе – Чаноқ дуввумин масире мешавад, ки барои нигоҳубин ва таъмиру тармим ба ширкатҳои хусусӣ супурда мешавад.




Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ин як барномаи вижа ба хотири ҷалб кардани ширкатҳои ғайридавлатӣ ва соҳибкорон ба нигаҳдории роҳҳо дар баробари муассисаҳои давлатӣ аст. Шералӣ Ганҷалов, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ин барномаро Бонки Осиёии рушд сармоягузорӣ мекунад ва ширкатҳо то се соли дигар аз ин бонк барои нигоҳубини роҳҳо маблағ дарёфт мекунанд: «Ин кори Бонки Осиёии Рушд як гуна хусусияти таблиғотӣ дорад, то ширкатҳо ва соҳибкорони алоҳида, ки имконоти фаннӣ доранду, масалан, ба сохтмон машғуланд, тавонанд дар фасли зимистон бекор наистода, 10 километр ё бештар аз ин роҳро гиранду нигоҳубин кунанд. Ҳам худ фоида бинанд ва ҳам роҳҳоро обод нигоҳ доранд.»

Бино ба ин манбаъ, ширкатҳои IRS ва «Ғаюр - 1» ҳар яке аз Бонки Осиёии Рушд ҳудуди 9,4 миллион барои нигаҳдории роҳҳо дарёфт мекунанд, ки ин солона 43 ҳазор сомонӣ сари ҳар километрро ташкил мекунад.


Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев

IRS аз соли 2010 ба ин сӯ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ низоми толлингӣ, ё пулакии нигоҳубини роҳро роҳандозӣ кардааст. Ин як ширкати бритониёӣ муаррифӣ мешавад, аммо бино ба манобеъи ғайрирасмӣ, ба доираҳои наздик ба раҳбарияти Тоҷикистон тааллуқ дорад ва аз ҷониби парлумони Тоҷикистон аз пардохти андоз озод карда шудааст. Дар расонаҳо ҳатто гуфта мешуд, ки молики IRS Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия ва яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Худи Нуралиев инро радд мекунад.

Дар пайи ба IRS супурдани масъулияти пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чаноқ, нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон сокинони дараи Варзоб чанд бор даст ба эътирозҳо заданд. Дар матбуот низ аз амалкарди давлат зиёд интиқод шуд, ки як шоҳроҳи бузургро ба таври ношаффоф ба як ширкате ки моликони аслиаш исми худро ифшо намекунанд, супурдааст ва он ҳам бо холӣ кардани шонаи ин ширкат аз пардохти андоз барои 25 сол.


Асадулло Ғуломов

Асадулло Ғуломов

Ширкати «Ғаюр -1», ҳарчанд дар соҳаи роҳсозӣ исми нав аст, дар кулл ношинохта нест. Он як зерсохтори дигари ширкати «Ғаюр» аст, ки бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ба наздикони марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ин ширкат соли 2012, вақте расонаӣ шуд, ки бо ширкати чинии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» корхонаи муштараки сементи «Хуаксин Ғаюр Семент» - ро фаъол кард ва низ аз сӯи парлумон имтиёзи напардохтани молиёт бар арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти техникиро ба даст овард. Нигоҳубини қитъаи «Ваҳдат – Оби гарм» аввалин таҷрибаи ин ширкат дар нигоҳубини роҳҳост.

Шералӣ Ганҷалов мегӯяд, IRS барои нигоҳубини қитъаи «Нимич – Нуробод» шояд ягон зерсохтори дигар ба вуҷуд орад ва ҳоло ҳарду ширкат ҳам асосан кормандони собиқи Раёсати нигоҳубини роҳи вазорати нақлиётро ба кор ҷалб кардаанд. Аммо оқои Ганҷалов дар мавриди нигарониҳои мардум аз пулакӣ шудани роҳи «Душанбе – Ҷиргатол- марзи Қирғизистон» гуфт, таҷрибаи мазкур чунин ҳадафро надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG