Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷоб: Масъалаи ҷузъӣ ё куллӣ?


Cуоли аввали мо аз оғои Салоҳиддинов аст, мешавад бигӯед, ки бо ин иқдом, яъне бо манъи донишҷуёни ҳиҷобдор ё русаридор аз рафтан ба донишгоҳҳо давлат чӣ ҳадаферо дунбол мекунад?


И. Салоҳиддинов: Ташаккур, ман қабл аз ҳама чун як ходими давлатӣ, албатта аз ҳама дастуру қарорҳое, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ба табъ мерасанд,ҷонибдорӣ мекунам. Ман ҳам фикр мекунам, ки вақте ҳиҷоб мепӯшанд ва ба мактаб мераванд шояд нодуруст бошад. Зеро ин пеш аз ҳама ҷилва додани мансубияти динӣ мебошад. Инро шахсан ман ҳамин гуна дарк кардаам. Ман мақолаи сардабири маҷаллаи ҲХДТ - ро хондам, он ҷо як рақам буд, ки қариб ҳамаи бонувони узви ҲНИТ бо ҳиҷоб мегарданд. Ва назари ман ин аст, ки агар онҳо мансубияти ҳизбиашонро бо ҳамин либос нишон доданӣ бошанд, ин кор ихтиёри онҳо аст. Аммо аз ҷониби вазорати маориф манъ кардани рафтани духтарон ба мактаб бо ҳиҷобро бояд ҳаматарафа таҳлил намуд. То кадом ҳадде пӯшидани либос боиси боло рафтани сатҳи дониши духтар мешавад ё не? Ё ин иқдоми вазорати маориф то куҷо боиси латма ворид кардан ба ҳуқуқу озодиҳои шахс шуда метавонад ё не? Бинобар ин ҳамаи қишрҳо бояд сари ин масъала ҷиддӣ фикр кунем, ки ин падидаи табиист, худ аз худ ба вуҷуд омадааст ё таҳрикдиҳандагони ин зуҳурот ҳастанд ва ҳадафашон аз чӣ иборат аст. -


Ташаккур, аз шумо ва суоли дигари мо аз Сайид Иброҳими Назар аст. Шумо чӣ фикр мекунед давлат бо ин иқдоми худ чӣ ҳадаф дорад, чӣ мехоҳад бикунад?


С. И. Назар: Ин иқдоми вазорати маорифро ман на баҳои динӣ дода метавонам ва на баҳои ҳуқуқӣ, чун аз нуқтаи назари ҳуқуқ ҳуқуқи аввалии як шахс поймол шудааст, аз назари динӣ ҳам ангезаи динии як инсон помол шудааст. Вақте давлати мо худро ҳуқуқбунёду демократӣ эълон кардаст, ҳар шахс ҳақ дорад ба ҳар шакле либос пӯшад, рафтор кунад ва фақат ба дигарон таҳқиру иҳонат нарасонад. Вале муттаассифона, имрӯз як ибораеро истифода мекунанд, ки ин либос арабист ё эронист. Аввалан ин ки ин либос на арабист ва на эронӣ. Ин либоси миллии тоҷикӣ аст. Вале агар ҳатто арабӣ ҳам бошад чаро як инсон ҳақ надорад либоси арабӣ пӯшад? Чаро худи мо лисбоси урупоӣ мепӯшем, ҳақ дорем ва як духтар либоси урупоӣ мепӯшад ҳақ дорад ва касе ӯро манъ намекунад, вале як духтари дигар вақте дар сараш рӯмол андохт либоси ӯро арабӣ ё эронӣ мегӯянд? Ман инро баргирифта аз ангезаи динзудоӣ ё динситезии баъзе афрод медонам.

Яъне шумо фикр мекунед, ки ин барномаи давлат нест ва ҳадафи хосе надорад, балки ибтикори чанд нафар аст, ки тасмим мегиранд касе бо чӣ либосе ба куҷо биравад?


С. И. Назар: Албатта ман иқдоми як вазир ё як масъули давлатро наметавонам иқдом ё тасмими кулли давлат бигуям. Ман умед дорам ва бовар дорам, ки раиси ҷумҳур пеши ин гуна иқдомҳоро мегирад, ман ба ин то ҳол умед дорам. Бубинед ҳамон духтари рӯмолдор, ки рафтанаш ба донишгоҳ манъ шудааст, ӯ ва падараш андоз месупоранд ва донишгоҳ аз ҳисоби андози онҳо амал мекунад, пас ҳақ дорад биравад. Ва бинобар ин чунин иқдомеро, ки вазорати маориф дар шахси вазир кард, инро иқдоме медонам, ки аввалан қонуни кишвар помол шудааст ва мухолиф ба Қонуни асосии кишвар аст. Қарорҳои вазорати маориф бояд мутобиқи қонунҳои кишвар бошад.-


Оғои Салоҳиддинов, шумо метавонед ба ин ҳарф розӣ бошед, ки чунин иқдоме мухолфиат ба қонунҳо ва Қонуни асосии Тоҷикистон дорад?

И. Салоҳиддинов: Дар мавриди мухолифати ин иқдом ба қонунҳои Тоҷикистон феълан ман чизе гуфта наметавонам. Ман ин масъаларо бар душ намегирам, зеро вақте шикастани қонун дар ин ё он сатҳ мешавад барои баррасии он суди Конститутсионӣ аст, ки онҳо салоҳияти баррасии ин масъаларо доранд.
Ман бисёр эҳтиром дорам ба Сайидиброҳим, лекин нисбат ба гуфтаи он кас, ки рафтори вазорати маориф як ангезаи динситезӣ аст, ё ин ки иқдоми зидди исломӣ аст ман қотеъона мухолиф ҳастам. Ман ин гунна андеша надорам. Зеро аксари мардуми мо пайрави ислом ҳастанд ва ҳеҷ кас онҳоро дар ин роҳ маҳдуд намекунад. Ба шумо маълум аст, ки дар Тоҷикистон агар хато накунам бист мадрасаи расмӣ мебошад. Ғайр аз ин мактабҳои хусусӣ ҳам ҳаст. Аз ҷониби дигар худи Сайид Иброҳим ҳам хуб гуфтанд, ки қарори як ду нафар ин ҳануз сиёсати давлат буда наметавонад.
Ва дигар ин ки ин масъала як масъалаи бисёр ҷузъӣ аст. Ва дар атрофии як масъалаи ҷузъӣ хулосаҳои бузург баровардан аз нигоҳи манфиати давлату миллат он қадар хуб нест. Ман як чизро ёдоварӣ карданӣ ҳастам, ки солҳое, ки талошҳои зиёде барои хонумҳоро ба масҷид ҷалб кардан буд, сардори давлат дар маърӯзае ба ифтихори 10 солагии Конститутсияи Тоҷикистон гуфтанд ва як фармудаи Имом Хумайниро ҳам оварданд, ки ҳамин хел мазмун дошт, ки манфиати давлатро ҳамеша гиромӣ бояд дошт, агар рафторҳои динӣ боиси халалдор шудани манфиатҳои давлатӣ машавад, пас давлат ҳуқуқ дорад ин гуна рафторҳо ва ҳаркатҳоро нигоҳ дорад, то ки давлат зиён набинад. Ман гумон мекунам, ки рафиқоне, ки чунин иқдом карданд, пеш аз ҳама ҳаминро дар назар доранд.
-


Суоли дигари мо аз ҷаноби Тураҷонзода аст. Ба назари шумо мушкиле, ки пеш омада то куҷо ҷиддӣ ва то куҷо ҷуъъӣ аст, тавре ки ҷаноби Салоҳиддинов гуфтанд? Оё метавонад печидатар шавад ин мушкил?


М. Тураҷонзода: Албатта ин масъаларо намешавад як масъалаи ҷузъӣ унвон бикунем, балки як мушкили нигаронкнандае барои ҷомеаи мо аст. Зеро яке аз ҳуқуқҳои мусаллами ҳам шаръӣ ва ҳам шаҳрвандии зани мусулмон ё зани тоҷик ҳиҷоб дар сар аст. Конститутсия ҳам қайд мекунад, ки тазминкунандаи ҳуқуқҳои шаҳрвандии ҳар шахс аст, сарфи назар аз миллат, мазҳаб ва нажодаш. Ҳиҷоб барои зани тоҷик на лисбоси арабӣ аст ва на либоси эронӣ, балки як лисбои миллӣ ва динӣ аст. Тибқи маълумоте, ки аз сарчашмаҳои таърих дорам занони эронӣ ҳатто қабл аст вуруди ислом ба ин ҷо муҳаҷҷаба (ҳиҷобдор) буданд. Ҳатто Ҷавоҳирлол Неру ҳиҷоби исломиро мутаассир аз ҳиҷоби исломӣ медонад. Пас ин ҷузъи фарҳанги миллии мо аст. Ояти ҳиҷоб дар охирҳои ҳаёти ҳазрати паёмбар нозил шуд ва ҳиҷоб фарз гардид: «Эй зани мусалмон ту бояд бараҳнаву нимбараҳна мисле, ки дар ҷоҳилияти уло доштед, бояд нагардед». Ин ҳиҷоб моли араб нест, моли ислом аст, чӣ тоҷик, чӣ араб.-


Аммо ангеза аз чунин иқдом ба назари шумо чист?

Ман албатта намехоҳам дар ин ҷо маҷмуъи (ҳамаи) ҳукуматро айбдор кунам. Фақат шояд дар ин қазия ҳамон вазорати маорифу вазири маориф ташаббускор бошанд. Он чи ки айён аст ҳоҷати баёнаш нест. Ин дур кардани духтари мусалмон аз ҳиҷоби исломӣ аст. Вақте, ки аз синфи 1 то синфи 10 духтар куртаи то миён мепӯшад, он ҳам нелон, ки куртаи тагпӯш ва зерпушаш намоён аст. Ва аз он поён юбка дар бадан мегирад, дар зери юбка ҳатто бисёри онҳо чизи лозимӣ ҳам надоранд. Тӯли даҳ сол вақте ӯ бо ин либос мегардад, барои духтар як чизи оддӣ мешавад ва ҳатто либоси миллӣ мешавад. Ва он либоси миллие, ки рамзи зани тоҷик ва ҷузъи фарҳангаш аст, аз ёдаш меравад ва аҷнабиву бегона мешавад.-


Аз хонум Адолат мепурсем, ки оё ҳамчун як зани тоҷик кадом навъи либосро барои зани тоҷик муносибтар медонед?


А. Мирзо: Дар асри бисту як чӣ тавр каси дигар ба ҷойи зан метавонад тасмим бигирад, ки чӣ навъ либос бипӯшад ва ё не? Мо дар як низоми асримиёнагӣ ва ё тоталитарӣ ба сар намебарем, ки ба зан амр кунем чӣ либосеро бипӯшад ё напӯшад. Ин занҳо бояд тасмим бигиранд, ки чӣ бипӯшанд ва чӣ напӯшанд.
Аммо дар мавриди ин иқдом, бояд гуфт, ки шароити Тоҷикистон аз шароити кишварҳои дигари исломӣ ва ҳам кишварҳои урупоӣ фарқ мекунад. Дар Урупо,дар Фаронса чунин иқдоме аз ҷониби ҳукумат сурат мегирад, ба манзури он аст, ки аз сели муҳоҷирони исломӣ метарсанд ва ё як навъ фарҳанг ва арзишҳои худро аз таъсирпазирии фарҳанги дигар мехоҳанд ҳифз кунанд. Аммо дар мисоли Тоҷикистон чунин мушкиле вуҷуд надорад. Зеро 98 дарсади Тоҷикистон мусулмон аст ва ҳиҷоб таҳдиде ба арзишҳои мо надорад ва касе низ ҳақ надорад чунин тасмими нодуруст бигирад. Яъне ман шеваи бархурди давлат ба мазҳабиён ва бо онҳоеро ки рӯсарӣ доранд дар назар дорам. Ва ҳатто шеваи нодурусти мубориза бо тундравӣ ва тундгароиро. Бубинед вақте вазири маориф ва ё ҳукумат тасмим мегирад, ки як духтар бо рӯсарӣ ва ё ҳам бе рӯсарӣ ба мактаб биравад, мушкил ҳал намешавад. Бояд пажуҳишгоҳҳои хоси давлат ин масъаларо аз ҳар лиҳоз баррасӣ кунанд ва як тарҳи комили либоси мактабро омода кунанд ва як муқаррароте муайян шавад, ки ҳар кас вориди донишгоҳ шуд, бидонад, ки риояи ин муқаррарот ҳатмист. Вале вақте вазири маориф вориди синфхона мешавад ва аз гӯши донишҷӯ мегирад, ин бархурди нодурусти вазир дар ҷомеаи демократӣ пазируфта нест. Ва мавзӯъро печидатар мекунад. Масъалаи дуввум дар воқеъ тундгароии худи ҳамин мазҳабиён аст. Имрӯз бархе аз бибиётунҳое, ки ҳеҷ мадраки таҳсилӣ надоранд ва дар ҳеҷ мактаби динӣ дарс нахондаанд, онҳо барои дигарон ҳаққи ҳарф заданро намедиҳанд. Масалан дар як маросими таъзия дирӯз як бибиётун, онҳое, ки дар маъракаҳои занон амри маъруф мекунанд, ба касе ҳаққи ҳарф задан намедод ва аз гиря кардани онҳое, ки фарзандонашонро аз даст додаанд, ба як шеваи тунд ҷилавгирӣ кард. Ин навъ тундравиҳо дар воқеъ давлатро водор мекунад, ки дар муқобили ин ҷараён қарор бигирад.


Суоли дигари мо аз С. Сафаров. Бархе мегӯянд, ки ин ҳол ором- ором тундгароиро ба вуҷуд меорад, бархе баръакс ақида доранд, ки на аз тундгароӣ ҷилавгирӣ мекунад, назари шумо чӣ аст?


С. Сафаров: Ин масъала аслан масъалаи сиёсӣ нест, вале ба он ҷомаи сиёсӣ пӯшонидаанд ва пӯшонида истодаанд. Ман намедонам, ки дар арафаи 10 солагии имзои Созишномаи сулҳи мо ба кӣ маъқул шуда бошад, ки боз як ангезаи дигарро ба вуҷуд биорад ва ҳамингуна муқовимати мардумро бо давлат бархезонад. Ин дасти кӣ бошад, ман гуфта наметавонам. Вале аниқ гуфта метавонам,ки ҳарду тараф ҳам мисли солҳои навадум андешаи хом меронанд ва муборизаи хом мекунанд. Аввалан, ки чуноне хонум Адолат гуфтанд тасмими чигуна либос пӯшиданро бояд худи занҳо бигиранд. Сари занҳо дар ин маврид на ҳукумат ва на диндорон набояд, ки ҳарфи зиёдӣ дошта бошанд. Лекин давлат қонунияти ба худ хос дорад ва наметавонад динро сарфи назар кунад. Қонунҳое дорем, ки ҳаёти ҷомеаи моро дуруст танзим мекунанд. Аммо масъала сари бардошт аз ин қонунҳо ва амалӣ кардани ин қонунҳо аст. Аз ҷумла дар маслалаи ҳамин ҳиҷоб низ. Мо тӯли даҳ сол тақрибан баҳс кардем ва дар музокироти мухталиф хусусан бо онҳое, ки тарафдори исломи сиёсӣ ҳастанд. Ба як хулоса омадем, ин хулосаҳо дар сатҳи раиси ҷумҳур қабул шуданд. Беҳуда Сайид Иброҳим нагуфтанд, ки мо «умед ба раиси ҷумҳур дорем». Чунки раиси ҷумҳур ин масоилро худ дарк мекунанд. Намешавад гуфт, ки агар як вазорате қароре баровард ин барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон ҳатмӣ бошад. Ба хотири чӣ? Ҳар донишгоҳ ойинномаи худро дорад ва бигузор бар асоси ойинномаи худ кори худро, аз ҷумла либоси худро танзим кунад. Дар замони шуравӣ ҳам ҳамин хел буд, духтаронро бо поҷома ба донишгоҳ роҳ намедоданд. Вале вақте ба «Комсомолская правда» навиштем, иҷоза доданд. Дар донишгоҳи тиббӣ ҳануз ҳам бидуни хилъати сафед касеро роҳ намедиҳанд. Ин муқаррарот аст. Бигузор дигар донишгоҳҳо низ дошта бошанд. Ҳато дар ҳамон замони шуравӣ ҳамаи либосҳое, ки модари ман мепӯшид, ба ҳамаи қонунҳои исломӣ ҷавоб мегуфт. Пас чаро мо ба чизҳои миллии худ такя накунем. Ман дар донишгоҳҳо будам. Дар Донишгоҳи забонҳо баҳс шуд, духтароне, ки беҳиҷоб буданд, бештар эътироз доштанд, ки аз пушти ҳиҷоб онҳо либосҳое, ки харидаанд наметавонад пӯшанд. Яъне ҳам инаш манъ шудаасту ҳам онаш. Як чизи васат (мобайнӣ) мехоҳанд созанд. Вале ҳамин чизи мобайниро бо роҳи зурӣ мехоҳанд ҷорӣ кунанд, ки ана ҳаминаш ғалат аст. -


Ташаккур, ҷаноби Сафаров, аммо мехоҳам бипурсам, ки давлат то куҷо аз рушди ҳаркатҳои мазҳабӣ нигарон аст?

С. Сафаров: Ба назари ман давлат аз ҳаракатҳои мазҳабӣ нигарон нест. Ба ҷуз аз Ҳизби таҳрир. Сиёсати Раиси ҷумҳури мо ҳам аз ҳамин иборат аст, ки ҳатто дар либос ҳам унсурҳои миллӣ, динӣ ва муосир таҷассум дошта бошанд. Чизи дигар нест. -


Бале, аммо фикр мекунед, ки дар ҳамин маҳаллаи 33 чаро як муллое пайдо шуд, ки мактаби ғайри расмӣ дошт ва кудаконро таълими динӣ медод ва ТВТ ҳам гуфт, ки азияташон ҳам мекардааст? Чаро ин мактаб ва ин муллоҳо ҳастанд ё пайдо мешаванд?


С. Сафаров:
Дар сурате, ки дар ТВТ нишон доданд, бошад, инҳо террористони ояндаи Тоҷикистон мешаванд, зеро Ин гуна мактабҳо ва ин гуна муллоҳо дар тӯли ҳамин 90 соли охир, баъди пирузии инқилоби болшевикӣ, ки дин маҳдуд шуд, ҳамеша буданд ва амал мекарданд. Аз ҷумла дар ҳамин даҳ-понздаҳ соли охир ман намедонам, ки чаро давлат ба ин масъала таваҷҷуҳ накард.


Бале, аммо фикр намекунед, ки ин маврид бозгӯи ниёзҳои ҷомеа мебошад. Яъне афроде ҳастанд, ки мехоҳанд фарзандонашон таълимоти динӣ бигиранд, вале давлат чунин барномаро барои онҳо таъмин накардааст Як хало вуҷуд дорад, холигии таълим ва маълумот ва ин холигиро ин гуна муллоҳо ба хубӣ истифода мекунанд?

С. Сафаров: Ҳоло баҳсҳо рафта истодааст, ки тамоми барномаи таълими динӣ ислоҳ шавад. Як камисюн ҳам таъсис шудааст ва ин ислоҳот бояд аз он иборат бошад, ки ҳамин талаботе, ки аз мактабҳои дунявӣ мешавад аз мактабҳои динӣ низ тақозо шавад ва барномаи таълимӣ тавре сохта шавад, ки донишҷӯ ҳамаи маълумотро, на танҳо маълумоти диниро гирифта тавонад.
Аммо он муллое, ки ин бачаҳоро дарс медодааст, худаш донишҷуи донишгоҳи исломӣ буда ва ҳануз имтиҳони худро дар пеши устодон надодааст. Ва ин мактабҳо аслан ба хотири пул аст, ки панҷоҳ сомонӣ сари хонанда мегиранд. Аз он бист нафар панҷоҳ сомони бигирад як мулло маоши ду профессори Донишгоҳи миллиро мегирад.
Ин муҳим аст барои ин гуна муллоҳо на ислом.



С. И. Назар: Як назари дигар ҳам вуҷуд дорад, ки вазорати маориф бо барангехтани баҳси ҳиҷоб мехоҳад масоили муҳимтари дигареро, ки дорад рӯпӯш кунад. Имрӯз ин вазорат ҳазору як мушкил дорад, ки мушкилоти дараҷаи авваланд, аз маоши муаллим ва донишҷӯ гирифта то ислоҳоти барномаи таълим. Вале ба сари саҳифаи аввал ва сархати мушкилот овардани ҳиҷоб мехоҳанд ин мушкилотро аз назарҳо пинҳон кунад. Ва назари дигар ҳам ин ки ин ин иқдом метавонад ба тундгароӣ ва ифротгароӣ мусоидат кунад. Барои кадом касе ноором кардани ҷомеаи мо зарур шудааст.


И. Салоҳиддинов: Ман ба хулосаҳои қотеъонаи Сайид Иброиҳим розӣ буда наметавонам. Ва ин падидаро ҳамчун исломситезӣ ва тундгароӣ гуфтан ҳоҷат нест. Аз ҷониби дигар касе чӣ хеле либос мепӯшад, ин ҳаққи ӯст, инро бояд ба зан ва духтар падараш, модараш, бибияш ва бобояш гап занад, на намояндаи ягон ташкилоти динӣ. Агар касе чӣ гуна либосе пӯшидаасту ӯро дар донишгоҳ роҳ надодаанд, ба додгоҳ муроҷиъат кунад. Додгоҳ арзёбӣ мекунад, ки кадомаш қонунӣ аст ва кадомаш ғайри қонунӣ. Ин аз мантиқи давлати дунявӣ ва демократӣ бар меояд.Дигар чиз аст, ки дар тӯли сад соли охир фикри ҷомеаи мо бисёр тағйир кардааст. Дар солҳи 20 дар Бухоро чароғи керосиниро, пероҳани тугмадоро моли кофир гуфта роҳ намедоданд. Ҳоло бо самолётҳои кофир савор шуда меравем ба ҳаҷҷи Акбар, ё не? Ин тағйири фикрӣ аст. Барои ҳамин ҳам ин масъалаҳо хеле ҷузъӣ аст. Аз барои савоб.


М. Тураҷонзода: Охир ин масъаларо набояд ҷузъӣ гирифт. Барои зане, ки эмон дорад, эътиқод дорад, гирифтани рӯмолаш аз сараш бисёр сахттар аст аз сабр карданаш бар мушкилоти иҷтимоие, ки вуҷуд дорад. Мумкин аст ба бебарқӣ ва беобӣ ва фақр сабр кунад, аммо ба ин ҳол наметавонад сабр дошта бошад, метавонад косаи сабараш лабрез шавад. Барои онҳое, ки ин амр он қадар зарурӣ нест, шояд як масъалаи ҷузъӣ намояд, аммо барои онҳое, ки рӯмолро як фаризаи динӣ қабул кардаанд, воқеъан хеле масъалаи бузург аст.
Мо дар Амрико будем, бо як хонуми масъул аз вазорати хориҷа суҳбат доштем, вақте чунин хабарҳоеро шунид тааҷҷуб кард, гуфт, ки дар Амрико ҳамагӣ се чор дарсад мусалмон аст, аммо аз мактаби ибтидоӣ то олӣ метавонанд бо ҳар либосе бихоҳанд бираванд. Кишвари шумо, ки мусулмонист, чаро ин масоил вуҷуд дорад.
Ба қавли Муҳаммад Иқбол, ки
Ҳикмат аз қатъу буридан ҷома нест,
Монеъи илму ҳунар аммома нест.



А. Мирзо:
Ман фикр мекунам, ки мо чӣ давлатиҳомон ва чӣ мазаҳбиҳомон дар мавриди ҳаққи зан дурӯғ нагӯем ва рост бигӯем, масъала ҳал мешавад. Оғои Салоҳиддинов гуфтанд, ки ба як духтар хонаводааш ҳақ дорад бигуяд, ки чунин бипӯш ё напӯш. Дуруст аст. Пас вазири маориф ин ҳақро дошт, ки тасмим бигирад ба ҷои хонаводаҳо? Ин як ва дигар ин ки ман мутмаинам, ки вазири маориф ин ҷуръатро ҳаргиз надорад, ки чунин тасмимеро мустақилона ва ба танҳоӣ гирифта бошад. Акнун ин масъала пеш меояд, ки вақте вазири маориф монеъ аз рафтани духтарбача ба донишгоҳ бо рӯсарӣ мешавад, дар ин миён ин духтар қурбонӣ мешавад. Барои он ки хонаводаҳои мазҳабӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба барандохтани русариҳои духатаронаш розӣ нестанд ва ин духтарон маҷбур донишгоҳҳоро тарк мекунанд ва нимасавод мемонанд. Ман дирӯз як духтарбачаеро дидам, ки ба ин далел аз мактаби шумораи 30 хонданро бас кардааст. Ман дар пушти ин фармони вазири маориф садҳо зани бесавод ва чашмони маҳзунро мебинам, ки барои тарбияи наслҳои ояндаи мо метавонанд хатарзо бошанд. Дигар ин ки давлат шеваи бархурди худро бо рӯҳониён ва мазҳабиён аз замони комунистӣ иваз накардааст. Яъне шева комунистӣ аст, ба ин хотир ба ҷои самар, мушкил меоварад, зеро масъулини ин соҳа тафаккури маҳдуд доранд.
Давлат метавонад аз донишмандони воқеъии исломӣ истифода кунад. Вале аз замони комунистӣ то кунун касоне мулло мешуданд ва мешаванд, ки бесавод ҳастанд. Ҳеҷ кас намешуд мулло мешуд. Омили бадбахтии мо ҳамин муллоҳои бесавод ҳастанд. Давлат бояд дар тарбияи кадрҳои донишманди исломӣ манфиатдор бошад.


С. И. Назар: Оғои Салоҳиддинов ин ҷо гуфтанд, ки бархе гуруҳҳои динӣ аз ин масъала истифода мекунанд. Кадом ташкилоти динӣ ё ҳизби динӣ кай сари ин масъала бозгашт, ки кадом зан чӣ гуна либос пӯшад? Охир ин масъаларо худи вазорати маориф бардошт, як ниҳоди давлатӣ бардошт, як масъалаеро, ки аслан набуд, вуҷуд надошта, ба як мушкил табдил кард. Агар ҲНИТ ро дар назар дошта бошед, мо ба ин масъала робитае надоштем ва фақат вақте духтарон аз мактаб рад шуданд, чуноне хонум Адолат гуфт, мо маҷбурем сари ин масъала ҳарфе бизанем.

И. Салоҳиддинов: Ман Ҳизби наҳзати исломиро дар назар надоштам. Вале боз мегуям, ки ба ин падида ҷомаи сиёсӣ пӯшонидан кори дасти гуруҳҳои муайян мебошад. Дигар ин,ки инсоне, ки худашро мешиносад, худро мешиносад, ӯ бояд худаш биданд, ки чӣ гуна либос пӯшад. Касе ба ӯ набояд бигӯяд, ки ин хел пӯш ин хел напӯш. Абуҳурайра мегӯяд, паёмбар фармуд: «Ҳамоно Худованд ба тану пайкару аъмоли шумо наменигарад, балки ба дилҳои шумо менигарад». Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест, ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.

С. И. Назар: Мутаассифона мегуянд, ки чи гуна пӯшед. Вале биоед ба баҳси динӣ нагузарем.
И. Салоҳиддинов: Як нафаре як ресмони ғафс дар дасташ аз хатиби масҷиде мепурсад, бигӯ, ки ҳамин ресмон аз шикофи сузан мегузарад. Мегӯяд, ки ту аҳмақ ҳастӣ, чи гуна ин аз сӯрохи сузан мегузарад. Вай меравад назди чупоне ва ин сулоро мекунад, чӯпон мегуяд: «Тавба бикунад, агар амри худо бишавад, олам аз сӯрохи сӯзан мегузарад». Ҷои чупоне, ки вақти таҳорат кардан надошт биҳишт ва ҷои имом хатиби панҷвақтнамоз дузах мешавад. Яъне Худо бисёр сода аст, вале мо худамон онро мураккаб мекунем.



С. Сафаров: Ман як мисоли дигар меорам, ки дар донишгоҳ вақте дарс медодам, як духтар ду сол бо ҳиҷоб меомад, вақте баъди чанд сол дар вақти имтиҳони хатм ӯро дидам, нашинохтамаш. Тамоман тағийр ёфта буд. Яъне вобаста ба тағйири шароити зиндагии одамон либос ҳам чиз тағйирёбанда аст. Мо бояд ҳамин чизро дарк кунем ва ба ин масъала дигар фурӯ наравем.


А. Мирзо: Ба назари ман гурез аз мушкил роҳи ҳал нест. Модоме мушкил вуҷуд дорад, бояд барои он роҳи ҳале ҷуст. Агар ба таъхир биуфтад дер ё зуд ҳатман ба он бар хоҳем гашт.
Таваҷҷӯҳ кунед, ки дар аввали солҳои навад як гуруҳи рӯҳониён мухолифи харҷу марҷи зиёдатӣ дар маъракаҳо баромаданд. Ва танзими расму русум дар мотаму азоро талаб мекаранд. Ва ба ин гурӯҳ тамға ё барчаспи ваҳҳобӣ ва вовчик зада шуд. Аммо баъди 15 сол дубора бар гаштем барои ҳалли мушкиле, ки онро нодида гирифта будем. Яъне мо ба иштибоҳоти худ бояд иқрор шавем. Ин ҳанӯз ҳам масъала аст. Ин масъалаҳо бояд ҳал шавад, аммо на бо шеваи нодурусте, ки масулин пеша кардаанд ва на бо лаҳни гушхароши ТВТ
.


М. Тураҷонзода: Устод Салоҳиддинов барои мушаххас намудани мусулмонӣ як ривояту чупону хатибро оварданд, аз кадом маъхазе, ки қобили қабул ва муътамад нест. Вақте мо дар боби мусулмонӣ сӯҳбат мекунем, санади аслии ислом ин «Қуръон» аст. Пас мо мусулмониро бояд бо ойинномаи «Қуръон» мушаххас кунем, на бо ривояти чӯпон. Агар дар мавриди лисбоси зани мусулмон низ ба ин сарчашма муроҷиъат кунем, «Қуръон» рӯсарӣ гирифтан ба зани мусулмонро фамчун фаризаи динӣ ба гардани зани мусулмон бор кардааст. -


Ба ин тартиб рӯшан шуд, ки ин масъала хоҳ ҷузъӣ аст ва ё куллӣ ва барҷаста дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, суоли охирини мо ин аст, ки паёмади ин баҳсе, ки рӯшан шуда чист?


И.Салоҳиддинов :Ман боз мегуям, ки ин масъала як чизи ҷузъӣ аст, аз ин як масъалаи мусибатбор пеш овардан зарур нест. Ва боиси кашмакашиҳо набояд бошад.


М.Тураҷаонзода: Аз назари ман паёмадаш нигаронкунанда аст. Чуноне қаблан гуфтам. Ривоят мекунанд як саҳобазане, ки ба ҷустуҷуи фарзандаш ба майдони Уҳуд мерафт, ки он ҷо мусулмонҳо кушта шуда буданд, дар руи худ ниқоб дошт ва касе эътироз кард, ки дар ҳамин ҳол, ки ба ҷустуҷӯи ҷасади фарзандат меравӣ, беҳтар нест, ки ҳиҷоби худро бигирӣ. Гуфт, ки барои ман мусибати динам, сангинтар аз мусибати фарзандам аст. Ин хеле муҳим аст. Набояд сода гирифт.


С. И. Назар: Вақте мо ба як мансабдор иҷоза медиҳем, ки қонунро ба хости худаш помол кунад ва ҳеҷ гуна сарзанише намешунавад, ин паёмади хеле бад дорад. Болои сари як духтари ҳиҷобдор чормағз мешиканем, вале вазир барои худ ҳама гуна қонуншиканиро иҷоза медиҳад. Ин пайомади бад дорад.

С. Сафаров: Ҳар гуна экстремизм хоҳ динӣ бошад ва ҳох ғайри динӣ дар ҳар сурат ҳам пайомади бад дорад. Ва натиҷаҳояш бисёр бад аст. Тавре, ки як олими араб гуфта буд, як наҷби сиёҳи дароз аст, ки поён надорад, ва мо бепоён ҷанҷол карда меравем ва ҷанҷоламон поён надорад.

А. Мирзо: Ман фикр мекунам, ки ин баҳс баҳси номус аст. Вазири маориф наметавонад бо ин фармони худ рӯсарии ҳатто як занеро ҳам ки мутақоид аст, бар андозад. Ҳеҷ каси мутақоид русариашро нахоҳад гирифт. Паёмадаш ҳам ин аст, ки як насли дигари духтарон бесавод ва дар ҳошия хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG