Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи як узви ҲХДТ бо узви ҲНИТ сари вожаи "бесавод"


Шакарбек Самадов
Шакарбек Самадов

Вакили собиқи парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократӣ як узви Ҳизби наҳзати исломиро барои таҳқир карданаш муттаҳам намуда, 30 000 сомонӣ ва ё узрпурсии расмиро талаб намудааст.

Шакарбек Самадов -- вакили пешини Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон барои ба гуфтаи худаш таҳқир дидан аз ҷониби як узви Ҳизби наҳзати исломӣ ба додгоҳ шикоят бурда, 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст. Оқои Самадов 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Аҳрор Нуров – узви ҲНИТ дар Панҷакент дар як ҳамоиш ӯро "бесавод" номида, дар камфаъолиятӣ дар замони вакилияш дар парлумон низ муттаҳам намудааст.

Ӯ афзуд, агар Нуров тавассути нашрияи расмии ҳукумати Панҷакент бо номи "Зарафшон" узрхоҳӣ кунад, аз гуноҳаш ва ҳамин тавр аз баҳри 30 ҳазор сомонӣ хоҳад гузашт. "Сабти садои Аҳрор Нуровро дорам ва дар сурати узр напурсиданаш ба додгоҳ пешниҳод мекунам. Агар расман узр пурсад, аз гуноҳаш мегузарам,"--таъкид дошт Шакарбек Самадов.

Аҳрор Нуров, ки дар рустои дурдасти Панҷакент бо номи "Озодагон" ба сар мебурдааст, натавонистем тамос бигирем.

Сино Ҳасанзода
Сино Ҳасанзода

Сино Ҳасанзода, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Панҷакент мегӯяд, ин баҳс ба конфронси пеш аз интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ бармегардад. Ба қавли ӯ, Аҳрор Нуров дар конфронс ҳамчун номзади ҲНИТ ба маҷлиси ноҳиявӣ гуфта будааст, дар давраи вакилии Шакарбек Самадов қонуни "шармандаи масъулияти падару модар" қабул шуда ва имзои ӯ зери "қонун дар бораи озодии виҷдон" низ ҳаст, ки фишор болои диндоронро афзудааст.

Ҳасанзода илова кард, ҷараёни ин конфронсро телевизиони шаҳри Панҷакент сабт кардааст ва дар он ҷо калимаи "бесавод" аз ҷониби намоянди ҲНИТ садо надодааст. Ин масъули ҲНИТ дар Панҷакент мегӯяд, ҷубронталабии Шакарбек Самадов баъд аз тақрибан ду моҳи анҷоми интихобот, ки наҳзатиёнро аз ду курсии пешинашон дар парлумон маҳрум кард, идомаи фишор болои аъзои ин ҳизби мухолиф аст, ки аз ин тариқ мехоҳанд сафашонро коҳиш диҳанд.

Вале Шакарбек Самадов мегӯяд, вақте вакили мудофеаш ба манзили Аҳрор Нуров барои баррасии баҳси додгоҳӣ рафтааст, гӯиё вай аз гуфтаи худ пушаймон шуда, зикр кардааст, ӯро ташвиқ кардаанд. "Аҳрор Нуров як деҳқон буда, зиндагии фақирона доштааст. Бо назардошти ин, аз баҳри ҷуброни 30 ҳазор сомонӣ гузаштам ва талаб кардам, дар рӯзномаи ноҳиявии "Зарафшон" расман бахшишхоҳӣ кунад. Бо ҳамин – баҳс тамом,"--гуфт ӯ.

Ҳизби наҳзати исломӣ ҳафтаи гузашта дар номае ба додситони кулли Тоҷикистон аз ин ниҳоди давлатӣ хост, ба коҳиши фишор сари бахшҳои маҳаллӣ ва аъзои ин ҳизб мусоидат кунад.

Дар нома аз чандин мавриде мисли "монеагузорӣ дар роҳи сафари масъулони ҳизб", мавъизае зидди ин ҳизб барои намози ҷумъа, даъват ба бастани ҳизб ҳамчун созмони террористӣ дар нишасти ташкилкардаи Вазорати умури дохилӣ, маҳрум кардани аъзои ҳизб аз фаъолиятҳои тиҷоратӣ, фишор барои хориҷ шудан аз ҳизб ва монанди инҳо намуна оварда шуда, аз додситони кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои тобеи ӯ дархост шудааст, иҷрои баробари қонунҳоро назорат ва хилофкорҳоро мавриди баррасӣ ва муҷозот қарор диҳанд.

Ба дунбол, рӯзи шанбеи 25 апрел муовини досдитони кулли Тоҷикистон як ҳайат аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломиро ба ҳузур пазируфта ваъда додааст, шикояташонро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. ҲНИТ мегӯяд, беш аз 40 ҳазор узв дорад ва яке аз аҳзоби умдаи мухолиф дар кишвар аст. Аммо тайи тақрибан ду соли охир баъзе аз рӯҳониён ва сокинон бештар тавассути расонаҳои расмӣ талаб доранд, ки ё вожаи ислом аз номи ҲНИТ ҳазф гардад ва ё ин ҳизб батамом баста шавад, чун ҳоло ниёзе ба он намондааст. Мақомот мегӯянд, ин танҳо хоҳиши сокинон аст, на мавқеи идораҳои давлатӣ.

XS
SM
MD
LG