Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадиев: На ҳама вақт "Ёрии таъҷилӣ" ба ёрии муҳоҷирон меояд


Даврон Муҳаммадиев, раиси намояндагии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маскав
Даврон Муҳаммадиев, раиси намояндагии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маскав

Баъди барҳам хӯрдани Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия акнун намояндагиҳои созмонҳои хориҷӣ дар он кишвар бояд дар давоми 2 моҳ самтҳои ҳамкории худро бо сохторҳои зидахл муайян кунанд.

Баъд аз барҳам хӯрдани Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва даромадани он ба таркиби вазорати корҳои дохилаи ин кишвар, акнун намояндагиҳои созмонҳои байналмиллалӣ дар Русия бояд дар давоми ду моҳ самтҳои ҳамкории худро бо сохторҳои зидахл муайян кунанд.

Намояндагии Федератсияи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маскав мегӯяд, то ҳол дар бахши кор бо муҳоҷирон, ба вижа дар бахши тандурустӣ онҳо бо ин хадамот ҳамкорӣ ва барномаҳои мубориза бо СПИД, бемории сил ва дарёфти суғуртаи тиббии муҳоҷиронро иҷро мекарданд.

Даврон Муҳаммадиев, раиси намояндагии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маскав дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ибтидо ба ин суол, ки оё нигарониҳое ҳам вуҷуд дорад, ки баъд аз барҳам хӯрдани Хадамоти федеролии муҳоҷират, хидматрасонии тиббии муҳоҷирон ба мушкилӣ дучор шавад, гуфт:

Муҳаммадиев: Фаъолияте, ки Салиби Сурхи Байналмиллалӣ ва Ҳилоли Аҳмар бар ӯҳда дорад, дастгирӣ намудани хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирон аст ва он яке аз омилҳои одат кардани муҳоҷирон ба шароити иҷтимоӣ мебошад. Дар ин замина мо аз иҷрои се барнома дастгирӣ мекунем. Пешгирӣ аз бемории сил, пешгирӣ аз густариши агезандаи ВИЧ/СПИД дар байни муҳоҷирон ва суғуртаи тиббӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирон бар асоси қонунҳои мавҷудаи Русия яке дигар аз самтҳои фаъолияти мо аст. То ҳол хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ хуб бошад ҳам, вале иҷрои ин қонунҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи муассисаҳои тиббӣ мушкил аст, чунки на ҳамаи муассисаҳои тиббии Русия қонунҳои худро иҷро мекунанд. Мо ҳама вақт диққати муассисаҳои тиббиро ба баъзе фактҳо ҷалб мекунем. Масалан, агар муҳоҷирон ба мошини ёрии таъҷилии тиббӣ занг зананд, онҳо ҳама вақт намеоянд ё омада аз муҳоҷир варақаи муҳоҷират талаб мекунанд, ки он аз рӯи қонун мумкин нест. Ёрии таъҷилӣ бояд бе ягон ҳуҷҷат расонда шавад. Мо ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ медиҳем.

Радиои Озодӣ: Оё Федератсияи Салиби Сурхи байналмиллалӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна беморӣ дар байни муҳоҷирон пешниҳодҳои худро ба ҳукумати Русия ё ба муассисаҳои тиббии он мерасонад?

Муҳаммадиев: Мо ҳамаи пешниҳодҳои худро то ҳол ба сохторҳои марказии муҳоҷират ва ба сохторҳои тандурустӣ мефиристодем. Ба ин пешниҳодҳо аз ҷумла муроҷиатҳои махсус аз муҳоҷирон низ дохил мешаванд. Мо бевосита бо муассисаҳои тиббӣ тамос мегирем ва аз пешниҳоди муҳоҷирон дастгирӣ мекунем.

Радиои Озодӣ: Оё ин муассисаҳо барои иҷрои қонунҳои муҳоҷират дар бахши тандурустӣ ягон замонат ҳам медиҳанд?

Муҳаммадиев: Як моҳ пеш мо як мизи гирди васеъ баргузор кардем ва дар он намояндагони ҳамаи ҳамин сохторҳо ширкат доштанд. Мо ба онҳо пешниҳодҳои худро матраҳ кардем. Аз ҷумла, қонунҳое, ки дар Русия вуҷуд доранд, бояд албатта иҷро шаванд. Дуввум, муҳайё сохтани шароити тандурустӣ дар ин кишвар бидуни дарназардошти миллият, ки онҳо рус мебошанд, тоҷик ва ё қирғизу узбак. Бояд ба бемориҳои сил ва ВИЧ/СПИД диққати ҷиддӣ диҳанд, чунки беморӣ миллатро намешиносад ва мушкили иҷтимоӣ ба шумор меравад. Онҳо бояд барои табобати ин мушкилии иҷтимоӣ шароити хуб муҳайё кунанд, то аҳолӣ аз он зарар набинад. Мо баъзе вақт ба депортатсияи муҳоҷирон наметавонем розӣ шавем, чунки бояд дақиқ кард, ки муҳоҷир дар куҷо ба бемории сил ё СПИД гирифтор шудааст. Тибқи қонун бояд дақиқ кард, ки вай дар куҷо бемор шудааст ва бояд дар ҷое муодиҷа гирад, ки дар он ҷо ба ин беморӣ гирфитор шудааст.

Радиои Озодӣ: Акнун баъд аз барҳам хӯрдани ФМС шумо ҳамкориро дар ин заминаҳо бо кадом сохтор пеш хоҳед бурд?

Муҳаммадиев: Мо ба он нигоҳ мекунем, ки тақсимоти фаъолиятҳо дар байни вазоратҳо чӣ гуна хоҳад шуд. Мо ҳоло ин маълумотро надорем. Медонем, ки дар муддати ду моҳ ин тақсимот рӯшан мешавад.

Радиои Озодӣ: Намояндагии шумо вазъи тандурустӣ дар миёни муҳоҷирони кишварҳои хориҷиро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

Муҳаммадиев: Чунин вазъ дар минтақаҳо ва шаҳрҳо аз ҳам фарқ дорад. Масалан, дар Маскав ва Санкт-Петербург шумораи муҳоҷирон зиёд аст ва мо ба ин ду шаҳр бештар диққат медиҳем, чунки дар ин ду шаҳр иҷро нашудани қонунҳои тандурустӣ дар ҳақи муҳоҷирон бештар мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG