Пайвандҳои дастрасӣ

Бо ишғоли қаламравҳои васеътари Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ", сиёсатмадорон аз Вашингтон сар карда то ба Бағдод ва нимҷазираи Арабистон дар ташвиш афтодаанд, ки мумкин аст, Ироқ чанд пора шавад.

Ричард Ҳас, раиси Шӯрои равобити хориҷӣ дар Амрико, рӯзи 22 май гуфт, фурсати он расидааст, эътироф кунем, ки чизи шикастаро дигарбора васл карда намешавад. Ироқи гуногунмиллат дигар вуҷуд надорад. Ӯ ҳангоми сӯҳбаташ дар телевизиони амрикоии Блумберг афзуд, "дигар бо Ироқ наметавонед ба мисли як кишвар муносибат кунед, зеро он ночор ба се бахш - курднишин, суннинишин ва шианишин тақсим мешавад."

Ба қавли Ричард Ҳас, "ҳарфи охир ин аст, ки стратегияи ҳозираи Вашингтон кор намекунад ва кор нахоҳад кард." Барои ҳамин, ба гуфтаи ӯ, Амрико дар оянда маҷбур аст, кумакҳои низомиро на мустақим ба ҳукумати марказӣ ва заифи Ироқ бидиҳад, балки ин ёриҳо бояд мустақим ба гурӯҳҳои хос дар минтақаҳои мухталиф дода шаванд.

Аҷиб ин аст, ки сиёсатмадори курд ва муовини нахуствазири Ироқ ҳам бо Ричард Ҳас ҳамназаранд. Нурӣ Шовайс рӯзи 22 май дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Урдун гуфт, мумкин аст, Ироқ чанд тақсим шавад. Ба қавли ин сиёсатмадори курд, ягона роҳи шукуфоӣ дар Ироқ ин аст, ки умури идорӣ дар минтақаҳои шиа, суннӣ ва курднишин ба дасти ҳар яке аз онҳо дода шавад.

Дигар раҳбарони ироқӣ ҳам дар конфронси Урдун гуфтанд, ки стратегияи феълии Амрико, яъне кумак аз роҳи зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" коромад нест. Айни замон онҳо ибрози умедворӣ карданд, ки ҳукумати Ироқ метавонад, нерӯҳояшро сарҷамъ карда ва дар ҷанг ба зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дастболо шавад.

Аёз Алавӣ, муовини раисиҷумҳури Ироқ гуфт, "зарбаҳои ҳавоӣ мушкилро ҳал намкунад" ва бояд стратегияи нави ҷанг пеш гирифта шавад. Солеҳ ал-Мутлақ, муовини нахуствазири Ироқ ба дасти ҷангҷӯён афтодани шаҳри муҳими Рамодиро "фалокати бузург" номид ва хостори "барномаи нави стратегие" барои Ироқ ва эътилофи нерӯҳои байналмилалӣ шуд, то тавонанд, ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро "нобуд" кунанд. Аммо Солеҳ ал-Мутлақ дар сӯҳбат бо хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” эътироф кард, ки “намедонад, чӣ кор кунад, чун тавоноии ироқиҳо бисёр маҳдуд аст.”

Вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Конгресси Амрико ва довталабони курсии раёсати ҷумҳурии Амрико дар интихоботи соли 2016 ҳама талаб доранд, ки нерӯҳои Амрико ба Ироқ бештар кумак кунанд, чизе ки Ҳилларӣ Клинтон, номзади аслии Ҳизби демократи Амрико дар интихобот, рад кардааст.

Ҷон Маккейн, сенатори ҷумҳурихоҳ гуфт, Барак Обама бояд ба Ироқ теъдоди бештари нерӯҳои махсусашро бифристад ва амалиёти бештаре мисли амалиёти ҳафтаи гузашта анҷом диҳанд. Коммандоси Амрико ҳафтаи гузашта як узви муҳими гурӯҳ ва таъмикунандаи молии “Давлати исломӣ”-ро дар шарқи Сурия куштанд. Ҷон Маккейн гуфт, Амрико метавонад, нерӯҳои махсусашро ба тамоми ҷабҳаҳои ҷанги заминӣ фиристад ва онҳо ба сарбозони ироқӣ кумак карда ва фармондеҳони ҷиҳодиёнро аз байн баранд. Ҷон Маккейн гуфт: “Мо бо як стратегияи фарогир эҳтиёҷ дорем ва ба истифодаи босамари қудрати бештар, вале маҳдуди нерӯи низомии Амрико ва ҳам кӯшиши мутамаркази ҳукумати Ироқ, ки нерӯҳои сунниро ҷалб карда омӯзиш диҳад ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз кунад.”

Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Миср дар Форуми Иқтисодии Ҷаҳонӣ дар Урдун гуфт, ки сиёсатмадорон бояд дар муқобили тундгароии исломӣ, дар саросари минтақа паҳн мешавад, сахт истодагӣ кунанд. Ба гуфтаи Сисӣ, тундравон “саъй доранд, аз роҳи террор сохторҳои давлатиро вайрон карда ва бо истифода аз ақоиди мазҳабӣ ва қавмии мардум дар байни онҳо ҷудоӣ биандозанд.” Аммо гуфт, раисиҷумҳури Миср, сиёсатмадорон тундгароиро танҳо дар майдони ҷанг аз байн бурда наметавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, "талошҳои мо барои решакан кардани ифротгароӣ ва терроризм бояд бо саъю кӯшиш барои сохтани ҷомеае бо озодӣ, баробарӣ, гуногунандешӣ ва орӣ аз зулму беадолатӣ ва маҳрумият бошад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG