Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф барои бозгардони Ромадӣ кӯмак мекунад


Парчами "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи Ромадӣ
Парчами "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи Ромадӣ

Эътилофи таҳти раҳбарии ИМА ба артиши Ироқ барои озод кардани шаҳри Ромадӣ аз дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” кӯмак хоҳанд кард. Изҳороти намояндаи вижаи ИМА дар Ховари МиёнаБретт Макгурк дар ин бора рӯзи 20 май нашр шуд. Шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, рӯзи якшанбе, баъд аз даргириҳои шадид, таҳти назорати пурраи «Давлати исломӣ» қарор гирифт.

Бретт Макгурк иқрор намуд, ки вазъ дар вилояти Анбор хело ҷиддист, аз ин рӯ Эътилоф ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои «Давлати исломӣ»-ро дар оянда ҳам идома хоҳад дод.

Аз ин пеш ҳукумати Ироқ нақшаи дубора таҳти назорат гирифтани вилоятро пазируфт, ки дар он, аз ҷумла, аз мардуми Ироқ даъват шудааст, то ихтиёрӣ ба сафи артиш ё гурӯҳҳои худдифоъ пайванданд.

XS
SM
MD
LG