Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайдар Ибодӣ ҷойгузини Нурӣ ал-Моликӣ мешавад?


Ҳайдар Ибодӣ, муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Ироқ

Ҳайдар Ибодӣ, муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Ироқ

Барак Обама аз пешбарии Ҳайдар Ибодӣ ба мақоми нахуствазири Ироқ истиқбол кард ва онро “гоми муҳими рӯ ба пеш дар ростои ташкили давлати ҷадиди Ироқ” номид, давлате, ки “метавонад ҷомеъаи Ироқи мувоҷеҳ ба низои қавмиро муттаҳид кунад”.

Бино ба гузориши Рейтер, раисиҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ бо Ҳайдар Ибодӣ аз ӯ хостааст, то ҳарчӣ зудтар барои ташкили як кобинаи фарогир иқдом кунад. Барак Обама иқрор кард, ки Ироқ рӯзҳои душвореро паси сар мекунад ва аз сиёсатмадорони ироқӣ хост, ки ба хотири таъмини якпорчагиву суботи кишвар ҳамкорӣ кунанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ки айни ҳол дар Сидней қарор дорад, низ рӯзи сешанбе, 12 август, аз Ҳайдар Ибодӣ хост, ҳукумати нави фарогир ва нерӯманду тавоно дар муқобили гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ташкил кунад. Ӯ аз Нурӣ ал-Моликӣ хост, ки ба раванди таъсиси ҳукумати нав халал эҷод накунад.

Рӯзи сешанбе Эрон ҳам аз пешбарии Ҳайдар Ибодӣ ба мақоми раиси кобинаи вазирон пуштибонӣ кард. Алӣ Шамхунӣ, дабири Шӯрои олии милли Эрон, рӯзи 12 август гуфт, ки бар пояи Қонуни асосии Ироқ нахуствазир бояд аз сӯи аксарият дар парлумон пазируфта шавад. Нурӣ ал-Моликӣ қаблан аз пуштибонии Эрони шиамазҳаб бархурдор буд, вале Теҳрон мутмаин шудааст, ки ӯ тавони таъмини ваҳдату ягонагии Ироқро надорад.

Фуад Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ, рӯзи 11 август аз муовини раиси парлумон Ҳайдар Ибодӣ хост, ки ҳукумати навро таъсис кунад. Аннун Ҳайдар Ибодӣ барои пешниҳоди ҳайати нави ҳукумат ба парлумони Ироқ як моҳ вақт дорад.

Фуад Маъсум дар ҳоле ба Ибодӣ пешниҳоди таъсиси кобинаи навро кард, ки рӯзи 11 август Додгоҳи Олии Ироқ ҳаққи Нурӣ ал-Моликӣ барои ташкили ҳукумати навро таъид намуд, зеро эътилофи ӯ “Давлати қонун” дар интихоботи парлумонии моҳи апрел бештари мандатҳоро соҳиб шудааст.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, ба мақомоти Ироқ тавсия дод, ки ҳукумати навро бар пояи Қонуни асосии кишвар ташкил кунанд.

Нурӣ ал-Моликӣ аз соли 2006 курсии нахуствазирро ишғол мекунад ва моҳҳои ахир аз сӯи сиёсатмадорони ироқӣ дар равған рехтан ба оташи низоъҳои қавмиву мазҳабӣ дар кишвар айбдор мешавад. Мунаққидони ӯ мегӯянд, ки Моликӣ бо сиёсати тангназаронаи худ ва ташкили кобинаи иборат фақат аз шиаҳову ба долонҳои ҳукумат роҳ надодани сунниҳову курдҳо ва беэътиноӣ ба манфиатҳои мардуми ғайришиа бӯҳрони сиёсии Ироқро амиқтар кард. Охири моҳи июн ӯ аз ташкили ҳукумати изтирории иборат аз ҳама қавму мазҳабҳои Ироқ ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи амиқрафти бӯҳрону муқовимат бо гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” сарпечӣ намуд. Маҳз ба ҳамин хотир парлумони Ироқ барои сеюмин бор нахуствазир интихоб шудани ӯ мухолифат кардааст.

Нурӣ ал-Моликӣ даъвати аз мақом канор рафтанро рад карда, таъини ал-Абадиро хилофи Қонуни асосии Ироқ номид. Дар як паёми телевизионӣ шоми душанбе ӯ изҳор намуд, ки мехоҳад раисиҷумҳурро барои нақзи Қонуни асосӣ ба додгоҳ кашад.

Як соат баъд аз ин изҳорот гурӯҳҳои зудамали содиқ ба Нурӣ ал-Моликӣ, ки аз шиаҳо иборатанд, минтақаҳои калидии Бағдодро таҳти назорат гирифтанд. Низомиён дар пойтахт постгоҳҳои иловагӣ ташкид карда, бештари муассисаҳои муҳими стратегиро иҳота намуданд. Аммо дар бораи ягон бархӯрд дар пойтахт иттилоъ нарасидааст.

Ҳасани Ҳошимиён, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, мегӯяд, ки таи як моҳе, ки Ҳайдар Ибодӣ ба ташкили ҳукумати нав машғул хоҳад буд, шояд Моликӣ мухолифати ҷиддие накунад. Мухолифати ӯ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳангоми таҳвили ҳукумат шурӯъ хоҳад шуд. Аммо ҳамзамон ба гуфтаи ӯ, фишори ҷомеъаи байнулмилалӣ ба Моликӣ афзоиш хоҳад ёфт, зеро ҳам кишварҳои аврупоӣ ва ҳам кишварҳои арабӣ ба боқӣ мондани ӯ дар мақоми нахуствазир мухолифанд. Ҳасани Ҳошимиён мутмаин аст, ки “бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама фишорҳо оғои Моликиро бояд бо гузашта рабт дод ва ӯ маҷбур аст, ки давлат ва кобинаи худро ба нахствазири ҷадид таҳвил диҳад”.

Бунбаст дар таъсиси ҳукумати нави Ироқ дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳарчӣ бештар қаламрави шимоли Ироқро ишғол мекунанд. Ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ, ба хотири пуштибонӣ аз нерӯҳои Пешмаргаи курдҳо, зарба ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар наздикиҳои шаҳри Арбил идома медиҳанд.

Рӯзи душанбе мансабдорони амрикоӣ гуфтанд, ки ИМА интиқоли силоҳ ба нерӯҳои курдро шурӯъ кардааст. Аммо ҳамон рӯз хабар расид, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” мусаллаҳони курдро аз шаҳри Ҷалуллаҳ, воқеъ дар 115-километрии шимолу шақри Бағдод, берун андохт.

XS
SM
MD
LG