Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбанди Мавсил зери назорати нирӯҳои ҳукуматии Ироқ гузашт


Маҳалли амалиёт дар атрофи нирӯгоҳи Мавсил дар Ироқ, 17 август

Маҳалли амалиёт дар атрофи нирӯгоҳи Мавсил дар Ироқ, 17 август

Артиши Ироқ мегӯяд, ки ҷангиёни Давлати исломиро водор кардааст, маҳалли аз лиҳози стратегӣ ва иқтисодӣ муҳими сарбанди Мавсилро тарк кунанд.

Артиши Ироқ мегӯяд, ки нирӯҳои амниятӣ ва ҳам размандагони пешмаргаи курд ҷангиёни Давлати исломиро водор карданд, ки маҳалли аз лиҳози стратегӣ ва иқтисодӣ муҳими сарбанди Мавсилро тарк кунанд. Ҳамакнун назорат бар нирӯгоҳи барқи обӣ дар ихтиёри нирӯҳои ҳукуматии Ироқ мебошад.

Сухангӯи артиши Ироқ генерал-лейтенант Қосим Ато гуфт, ки артиш бо кӯмаки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳаракат мекард. Ҳанӯз тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил ғарйимкон аст. Айни замон, саҳифаи Твиттери марбут ба Давлати исломӣ иддао кардааст, ки ҷангиён рӯзи 18 август ҳамоно маҳалли нирӯгоҳи Мавсилро зери назорат нигоҳ медоштанд. Президенти ИМА Барак Обама рӯзи 17 август гуфт, ки ИМА зидди ҷангиёни Давлати исломӣ бо ҳадафи зери назорат даровардани нирӯгоҳи Мавсил ва таҳти ҳимоят қарор додани манфиатҳои ИМА дар Ироқ, ҳамлаҳои ҳавоӣ роҳандозӣ карданд. ҷангиён ду ҳафта пеш нирӯгоҳи Мавсилро зери назорат дароварданд.

Ҳамлаҳои гурӯҳои Давлати исломӣ водор кард, ки нирӯҳои ИМА барои нахустин бор дар се соли охир, баъди берун шуданашон аз хоки Ироқ дар шимоли ин кишвар даст ба амалиёти низомӣ зананд. Фармондеҳии марказии ИМА мегӯяд, ки рӯзи 17 август ҳавопаймоҳои ҷангӣ, бомбафканҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни халабон 14 ҳамларо дар атрофи нирӯгоҳи Мавсил анҷом доданд. Дар натиҷа, 10 мошини низомӣ, ҳафт мошини “Ҳаммер”, ду зиреҳпӯши интиқолдиҳандаи афрод ва як посгоҳи ҷангиён хароб шуд. Рӯзи 16 август 9 ҳамла анҷом шудааст.

Размандагони пешмаргаи курд як амалиёти азими рӯизаминиро дар таърихи 17 август роҳандозӣ карда баъзе рустоҳоро дар атрофи шаҳри Мавсил зери назорат дароварданд.

Гурӯҳи ҷангии Давлати исломӣ, ки ҳадафаш таъсиси хилофат мебошад, қаламравҳои зиёдро дар хоки Ироқ ва Сурия зери назорат даровардааст. Дар натиҷа, моҳи август беш аз 200 ҳазор масеҳиву эзидӣ, ки аққалиятҳои мазҳабӣ ба шумор мераванд, аз маҳалли зисти худ фирор карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG