Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ - ғолиби сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «F»


Мунтахаби ҷавонони футболи Ироқ дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ба қисми ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони футболи Ироқ дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 баъди пирӯзӣ бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 4:1 ба қисми ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври севуми сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F», ки рӯзи сешанбеи 6 октябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, мунтахаби Ироқ бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст овард ва ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф шуд.

Нимаи аввали ин бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, вале кушодани ҳисоб ба футболбозон муяссар нашуд. Дар қисми дувум футболбозони Ироқ ба дарвозаи рақибони худ чаҳор гол зада, аз дарвозаи худ як гол сар доданд.

Голҳои ироқиҳоро Амҷид Аттван (дақиқаи 56-ум), Алаа Аббос (62), Амир Сабоҳ (77) ва Ҷасим Муҳаммад (88) заданд. Як голи баҳрайниҳоро Муҳаммад Ҷасим (90+1) ба ҳадаф расонд.

Бозии охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни бозингарони синашон то 19-сола дар гурӯҳи “F дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шоми сешанбеи 6 октябр миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Молдив шурӯъ мешавад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии панҷ бозии сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 дар гурӯҳи «F» мунтахаби Ироқ бо 9 имтиёз пешсаф аст ва натиҷаи бозии охирин ба мавқеи ин даста таъсир нахоҳад кард. Ироқиҳо ба давраи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳ ёфтанд. Дастаҳои Баҳрайн ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Баҳрайн – Молдив – 4:0

Ироқ – Тоҷикистон – 2:0

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

Молдив – Ироқ – 0:5

Тоҷикистон – Баҳрайн – 3:2

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

Ироқ – Баҳрайн – 4:1

18:00 – Молдив – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG