Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон тугмаи “зоиш”-ро пахш кард


Эрон зоҳиран барномаи афзоиши босуръати аҳолиро дунбол мекунад. Дар ин сурат имкон дорад, ки бархе аз шеваҳои пешгирӣ аз бордоршавӣ дар ин кишвар ҳатто ҷиноят эълон шаванд.

Дар талош барои афзоиши босуръати аҳолӣ ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Эрон ҷарроҳии “вазектамия” , “салпингэктомия” ва ҷарроҳиҳои дигари пешгирӣ аз бордоршавиро ҷиноят эълон кунад.

Эрон наметавонад шаҳрвандонашро ба таваллуди бештар маҷбур кунад, аммо метавонад ҳаққи бастани лӯлаҳои бачадонро аз онҳо бигирад. Порлумони Эрон дар вокуниш ба даъватҳои раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки гуфтааст, аҳолии кишвар бояд вусъат ёбад, тарҳеро ба баррасӣ гирифт, ки бар пояи он амалҳои соддаи пешгирӣ аз ҳамл ҷиноят унвон шуда, муҷримонро аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳоле ки порлумон пешнависи қонунро дар таърихи 24-уми июн бо 207 раъйи ҷонибдор ва 106 раъйи мухолиф тасвиб кардааст, аммо то ҳол мушаххас нест, ки дар сурати ошкор шудани ҷарроҳиҳои номбурда кӣ бояд муҷозот шавад - духтур ё бемор? Гуфта мешавад, ки бар пояи ин қонун, таблиғгарони “стерилизатсия” ва назорат бар зоиши занон низ ҷазо мегиранд. Ба истиснои мавридҳои хос, аборт ё исқоти ҷанин дар Эрон кайҳо боз мамнӯъ аст.

Ҳоло ин тарҳ барои баррасӣ ба кумитаи ҳифзи сиҳат фиристода шуд ва он баъди тасвиб шуданаш дар порлумон ва Шӯрои нигаҳбони Қонуни Асоӣ ҳукми иҷро мегирад.

Дар тӯли моҳҳои ахир раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ мушкилоти демографиро чанд дафъа матраҳ кард. Ӯ сиёсати Ҷумҳурии исломиро дар заминаи назорат ба шумори аҳолӣ “иштибоҳ” хонд ва ба афзоиши ду баробар, яъне ба 150 миллион расондани аҳолӣ даъват кард.

Моҳи май Хоманаӣ ба се шохаи идораи давлат барномаеро иборат аз 14 банд ироа кард, ки бар пояи он давлат бояд ангезаи шаҳрвандонро барои афзоиши таваллуд бештар кунад. Ҳалли мушкилоти издивоҷ ва ёрӣ ба хонаводаҳои ҷавон аз ҷумлаи ҳамин иқдомот номбар шудаанд. Дар ин санад ҳамчунин зарурати таблиғи “сабки зиндагии исломиву эронӣ” дар муқобили зовияҳои манфии зиндагии Ғарб таъкид шудааст.

Сиёсати нави мақомоти Эрон гардиши 180 дараҷа дар сиёсати ду даҳсолаи ахир дар роҳи ҷилавгирӣ аз вусъати аҳолӣ аст.

Нашрияи муҳофизакори “Кайҳон” авохири моҳи июн навишт, ки ба гуфтаи Оятуллоҳ Хоманаӣ барномаи пешгирӣ аз зиёдшавии аҳолӣ мизони афзоишро ба сифр баробар кард. Баъди даъватҳои Хоманаӣ матбуоти давлатӣ бо шиори “ҳар қадар бештар - ҳамон қадар беҳтар” вориди корзор шуд. Буҷаи бахши давлатии барномарезии оилаҳо ба шиддат коҳиш ёфт ва кӯмаки молӣ барои кондом ё рифолаҳои ройгон низ аз байн рафт.

Аммо на ҳама намояндагони мардумӣ аз ин ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунанд. Баъзе қонунгузорҳо мегӯяд зарари таъини ҷазо барои “стерилизатсия” бештар аз фоидаи он аст, зеро теъдоди ками эрониҳо аз он кор мегиранд.

Меҳдӣ Давлатгарӣ, вакили порлумони Эрон гуфт, “танҳо 3 дарсад барои ҷилавгирӣ аз бордоршавӣ рӯ ба ҷарроҳ меоранд- мо барои ин се дарсад қонун қабул мекунем. Ин қонун роҳро барои анҷоми ин гуна ҷарроҳӣ дар клиникаҳои хусусӣ ва муассисаҳои монанд ба ин боз мекунад.”

Давлатгарӣ гуфт, дар соли 2012 сеюним миллион эронӣ аз ҷораҳои ҷилавгирӣ аз бордоршавӣ истифода карда, 70 ҳазор нафар амалиёти бастани лӯлаҳои баччадон ва 30 ҳазор тани дигар аз “вазектамия” ё маҳви тухмдонҳо ба кор бурдаанд.

Ин намояндаи мардумӣ гуфт, аз пешнависи қонун маълум нест, киро бояд муҷозот кард. Ӯ гуфт, агар пешнависи мазкур ҳукми қонунро бигирад, бидуни ягон зарурат мизони ҷиноят ва ҷазоро бештар мекунад. “Мо наметавонем бо тарс додани мардум бо зиндону шаллоқ онҳоро ба таваллуди бештар маҷбур кунем,” – гуфт Давлатгарӣ.

Аз ин тарҳ намояндагони муҳофизакоре, мисли Алӣ Муттаҳарӣ пуштибонӣ кардаанд. Муҳофизакорон дар афзоиши кунди аҳолии Эрон маъмулан Ғарбро гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG