Пайвандҳои дастрасӣ

Зани эронӣ набояд пешхидмат шавад


Занони эронӣ ҳатто футбол ё ҳар мусобиқаи дигари варзиширо дар варзишгоҳҳо ҷудо аз мардон тамошо мекунанд.

Занони эронӣ ҳатто футбол ё ҳар мусобиқаи дигари варзиширо дар варзишгоҳҳо ҷудо аз мардон тамошо мекунанд.

Дар Эрон зоҳиран мехоҳанд занҳоро аз ҳаққи кор дар маконҳои пурмард, аз ҷумла дар тарабхонаҳову ошхонаҳо маҳрум кунанд. Аммо ин ибтикоррро бисёриҳо мухолифи Қонуни асосии он кишвар мешуморанд.

Занҳо дар Эрон боз аз як шуғли дигар маҳрум шуданд ва акнун ҳақ надоранд, дар қаҳвахонаҳову тарабхонаҳо кор кунанд.

Раиси пулиси нерӯи интизомии Эрон гуфтааст, ки кори занон дар тарабхонаҳо, дӯконҳои қаҳвафурӯшӣ ва фазои умумии суфрахонаҳои суннатӣ мамнӯъ аст. Халили Ҳилолӣ, раиси нерӯи пулиси интизомӣ рӯзи шанбеи 30 август ба хабаргузории “Тасним” дар Эрон гуфт, ки занҳо метавонанд дар таъсиси тарабхонаҳо иштирок кунанд, вале наметавонанд дар фазои умумӣ ба муштариҳо хидмат расонанд. Раиси пулис гуфтааст, шуғли занҳо дар ошхонаи суфрахонаҳои суннатӣ роиҷ аст, вале онҳо наметавонанд дар маконҳои умумии суфрахонаҳо фаъолият кунанд. Раиси пулиси нерӯи интизомӣ аммо нагуфт, ки мамнӯъияти кори занҳо дар қаҳфахонаҳо бар пояи кадом қонун амалӣ мешавад.

Ба думболи ин изҳори назар ҳуқуқдони эронӣ Неъмат Аҳмадӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории “ИЛНО” гуфт, ки дар қонунҳои Эрон ҳеҷ манъе барои кори занҳо дар қаҳвахонаҳо ва суфраҳои суннатӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи оқои Аҳмадӣ, Қонуни асосӣ, ба унвони олитарин санади Эрон ҳар гуна эъмоли табъизи ҷинсиятиро манъ кардааст ва дар қонуни кор ба занҳо танҳо аз иҷрои шуғлҳои сахту тоқатфарсо манъ шудаанд.

Манъи кори занҳо дар дӯконҳои қаҳвафурӯшӣ (кофе-шопҳо), қаҳвахонаҳо ва суфраҳои суннатӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ба тозагӣ мавзӯъи ҷудо будани фаъолиятҳои марбут ба ҷинсият дар шаҳрдории Теҳрон ба як мавзӯъи ихтилоф дар байни масъулони давлат ва шаҳрдории пойтахт табдил ёфт. Шаҳрдории Теҳрон таҳти сарварии Муҳаммадбоқири Қолибоф ахиран дар ҷаласае аз мудирони худ хост, то ҷое ки имкон дорад, маҳалли истиқрори занҳоро аз мардҳо ҷудо кунанд. Аммо аз сӯи дигар, вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Эрон ин тасмимро хилофи паймонҳои байналмилалӣ донист ва хостори лағви ин дастур шуд. Муртазо Тилоӣ, узви маҷлиси шаҳри Теҳрон ба унвони яке аз ҷонибдорони ин тарҳ ба Шабакаи дуюми телевизиони Эрон гуфт, ки ин иқдом ба хотири арҷ гузоштан ба шаъну эътибори бонувон пиёда шудааст.

Бар пояи гузоришҳои давлатӣ, бекории занон дар Эрон ду баробар бештар аз мардон аст. Соли гузашта Маркази омори Эрон дарсади бекории мардони Эронро дар ҳудуди 9 ва сатҳи бекории занонро ҳудуди 19 дарсад эълон кард.

Баъди инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон занҳо аз як идда шуғлҳое, ки дар гузашта доштанд, маҳрум шуданд ва дар байни ҳуқуқи зану мард шикофи бузург эҷод шуд. Барои намуна, занҳои Эрон наметавонанд қозӣ ё ҳакам бошанд, зеро аз рӯи шариати Ислом зан ҳаққи қазоватро надорад. Занҳо метавонанд овозхон бошанд, вале танҳо дар ҳузури ҳамҷинсҳои худ ҳунарнамоӣ кунанд. Занҳо ҳамчунин ҳақ надоранд дар нақлиёти умумӣ бо мардҳо якҷо бошанд ва аз ду дари алоҳида ба автобус ворид мешаванд ва ҷудо аз ҳам сафар мекунанд.

Занони эронӣ ҳатто футбол ё ҳар мусобиқаи дигари варзиширо дар варзишгоҳҳо ҷудо аз мардон тамошо мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG