Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯсае ки дарди сари Лайло Ҳотамӣ шуд


Лайло Ҳотамӣ дар Канн
Лайло Ҳотамӣ дар Канн

Бӯсаи таоруфие, ки ҳунарпешаи шинохтаи эронӣ ба рӯи президенти ҷашнвораи Канн зад, метавонад Лайло Ҳотамиро баъди бозгашташ ба Эрон ба дардисар гирифтор кунад.

Лайло Ҳотамӣ, ҳунарпешаи эронӣ ва бозигари нақши Симин дар филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” дар ҳоле ба дурбини шабакаи телевизионии Cannel+ афтод, ки ба рӯи президенти ҷашнвораи синамои Канн Ҷилл Ҷакоб бӯса мезад.

Ин саҳна, ки дар рӯи фарши қирмизи ҷашнвораи Канн ба навор афтид, Лайло Ҳотамиро ба дарди сар гирифтор кард. Дар наворе ки телевизиони Ал-Арабия пахш кардааст, Лайло Ҳотамӣ дар ҳоле марди бегонаро бӯсид, ки бо чанд тан аз ҳунармандони сатҳи байналмилалӣ рӯи фарши қирмиз қадам мезад ва дар ҳоле ки ҳамроҳони ӯ яке пушти дигар президенти ҷашнвораи Каннро бӯсиданд, ӯ ҳам ба таври автоматик ин амалро анҷом дод. Ин ҳодиса акнун боиси интиқоди ҳунарманд дар ватанаш шудааст.

Матбуоти давлатии Эрон бо таваҷҷӯҳ ба саҳнаи бӯса задани ҳунарманд дар рӯи президенти ҷашнвораи Канн инро “таҳқир ба иффат”- и зани эронӣ унвон мекунад. Ҳусейн Нӯшободӣ, муовини вазири фарҳанги Эрон ҳам гуфт, “онҳое, ки дар маъракаҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд, бояд дар баробари обрӯи эрониҳо эҳтиёткор бошанд, то иффати занҳои эрониро паст накунанд.”

Саҳнаи аз "Ҷудоии Нодир аз Симин"
Саҳнаи аз "Ҷудоии Нодир аз Симин"
Лайло Ҳотамӣ, ки баъди иҷрои нақши аввал дар филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” – нахустин филми эронии барандаи ҷоизаи мӯзътабари “Оскар” - шӯҳратёр шуд, соли равон ба ҳайъати ҳакамони ҷашнвораи мӯътабари Канн шомил гардид. Лайло Ҳотамӣ аз ҳунармандони наздик ба режими исломӣ маҳсуб мешавад, вале ҳоло маълум нест, ки баъди бозгашт ба ватан “рафтор”-и худро чигуна тавҷеҳ хоҳад кард.

Тибқи қавонини Ҷумҳурии исломии Эрон, даст задани марди бегона ба занҳо комилан мамнӯъ аст. Ин қонун ва қонуни дигаре, ки ҳанӯз соли 1979, баробар бо инқилоби исломии Эрон рӯи кор омада, пӯшидани ҳиҷобро барои тамоми занҳо тҳатмӣ кардааст, бояд аз тарафи ҳамаи занҳо, бо шумули ҳунарпешаҳои синамо, ки бисёр вақт нақши ҳамсар ё маъшуқаро ҳам бозӣ мекунанд, риоя шавад.

Дар назди шиори "Хоҳарон, ҳиҷоби исломиро риоят кунед!"
Дар назди шиори "Хоҳарон, ҳиҷоби исломиро риоят кунед!"
Аммо ахиран дар Фейсбук як саҳифаи вежа бо номи “Озодии пинҳони занҳои Эрон” таъсис ёфт, ки дар он даҳҳо зани эронӣ аксҳои бидуни рӯсарии худро нашр кардаанд. Баъзеи онҳо ҳатто дар пои шиори “"Хоҳарон, ҳиҷоби исломиро риоят кунед!" сари урён акс бардоштаанд ва баъзеи дигар дар ҳоли рақс дар соҳили баҳр ва бархе ҳам дар харобаҳои Тахти Ҷамшед, ки дар Ғарб ҳамчун Персеполис маъруфтар аст. “Озодӣ барои чанд лаҳза”- навиштааст духтаре дар поварақи акси худ дар харобаҳои Тахти Ҷамшед. Ин саҳифа, ки авоили моҳи май таъсис ёфт, дар як муддати кӯтоҳ 27 ҳазор “лайк” гирифтааст.
XS
SM
MD
LG