Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Мусиқӣ ҳеҷ гоҳ василаи таъмини зиндагиам набуд"


Мутриб, оҳангсоз ва овозхони маъруфи эронӣ Бежани Муртазавӣ

Мутриб, оҳангсоз ва овозхони маъруфи эронӣ Бежани Муртазавӣ

Сӯҳбати мо бо Бежани Муртазавӣ, мутриб, оҳангсоз ва овозхони маъруфи эронӣ ҳангоми сафари ӯ, ки аз сӯи ширкати телевизионии Next One-и амрикоӣ танзим шудааст, дар Душанбе баргузор шуд.

Нахуст аз ӯ ҳадафи ин сафарашро пурсидем:

Бежани Муртазавӣ: Ман ба Тоҷикистону Афғонистон як ҳисси хос дорам, чун медонам, ки мардуми ин кишварҳо ба Эрон ҳам ҳамчунин ҳис доранд. Форсизабонем ва пуштвонаи фарҳангиву суннатиамон як аст. Яъне, аз қабл нисбати ин кишварҳо ин ҳисси хосро доштам. Аз ин хотир, хеле дӯст доштам, ки барои иҷрои барнома аст, ё ҳар кори дигар ба Тоҷикистон оям. Ҳоло айёми Наврӯз аст, дар ин ё он кишвар барномаҳо дорем. Аммо дар ин миён чор рӯз вақт буд, ки дӯстам Ромин, аз телевизиони Next One, ин пешниҳодро кард, ки ба Тоҷикистон барои сабти як барномаи наврӯзӣ оям. Вақте тавзеҳ дод, ки як барнома миёни се кишвари форсзабон аст, дигар андеша накардам, гуфтам, ҳатман меоям.

Озодӣ: Тоҷикистону тоҷиконро чӣ гуна дарёфтед?

Бежани Муртазавӣ: Хеле хушҳолам, ба чанд далел. Аввал, пайванде, ки ман тасаввурашро доштам, анҷом мешавад. Бародарону хоҳаронамро мебинам, ҳамкасбонамро мебинам, мардумро мебинаму лаззат мебарам. Хеле хурсандам, ки ҳар чӣ шунида будам, ба воқеият пайваст.

Озодӣ: Аз мусиқии Тоҷикистон то ин сафар чӣ ошноӣ доштед?

Бежани Муртазавӣ: Ин хиттаи ҷаҳон, ман танҳо форсизабононро дар назар надорам, арабҳову туркҳоро ҳам, аз як фавосили мусиқие истифода мекунем, ки Ғарб истифода намекунад. Мусиқии мо мелодик аст. Ширинӣ, оромиш, ғам, хушҳолиро шумо саъй мекунед дар як хатти тарона баён кунед. Ин хоси Машриқзамин аст. Дар Ғарб ин тур нест. Дар Ғарб бештар рӯи гармония кор мекунанд, тарона нақши муҳим надорад. Чун аз ошноии ман бо мусиқии тоҷикӣ мегӯем, чун риштаи кории ман ҳамин аст, ман аз он хеле дур набудам. Пас аз озодиву истиқлоли Тоҷикистон ва фароҳам шудани шароит тавассути фанновариҳо мусиқии тоҷикро ҳам гӯш мекунам ва мебинам, ки он қадар аз мусиқии Эрону Афғонистон фарқ надорад. Албатта, аз мусиқии минтақа, бахусус паштуву ҳиндӣ таъсир гирифтааст, аммо аз хатти худ хориҷ нашудааст.

Озодӣ: Аз овозхонони тоҷик киҳоро бештар мешиносед?

Бежани Муртазавӣ: Тоҷикистон хонандаҳои хеле хуб дорад. Як ҳузни хеле хубе дар садои бачаҳо ҳаст. Саркорхонум Шабнами Сурайёро қаблан ҳам гӯш мекардам ва ҳоло бо он кас ошно шудам ва хеле садояшонро дӯст дорам. Оқои Садриддин овозхони хеле хубе ҳаст, ки шахсан намешиносам, аммо маро ба худ ҷалб кардааст. Ин дуро беш аз ҳама такрор ба такрор мешунавам.



Озодӣ: Як мурур ба зиндагии Шумо кунем. Хеле ҷавон будед, ки тарки ватан кардед. Сабаб чӣ буд?

Бежани Муртазавӣ: Ҳанӯз ду сол пеш аз Инқилоби исломӣ ман барои таҳсил дар риштаи муҳандисии роҳу сохтмон ба Инглистон рафта будам. Ду соли баъд ба Амрико рафтам ва он ҷо мартабаҳои илмиамро ба даст овардам. Рисолаи докториамро боз дар Инглистон ва дар риштаи муҳандисӣ ҳимоят кардам.

Озодӣ: Аммо ниҳоят ба Эрон барнагаштед?

Бежани Муртазавӣ: Тайи 36 соле, ки дар хориҷ ҳастам, ду бор ба Эрон рафтам. Аввалин бор 8 соли пеш буд, ки пас аз 26 сол мерафтам, то падару модарамро зиёрат кунам. Онҳо, албатта, ба Амрико меомаданд. Аммо ватан мисли модар аст. Агар ватанро бинеду модарро не, ё баръакс, албатта, чизе кам доред. Дигар ин ки чун 36 сол бо ғурбат унс гирифтам, бозгашт номумкин буд ва ҳам масруфияте, ки дар Амрико доштаму мушкиле ҳам дар Эрон. Мутаассифона, бештар нашуд ба Эрон биравам, аммо ошиқи ин хоку марзу бум ҳастам.

Озодӣ: Номи Шумо дар мусиқии форсизабон бо навовариҳо бастагӣ дорад, аз ҷумла шунида будем, ки барои овозхонони зиёде дар оғози фаъолиятҳоятон оҳангҳо эҷод мекардед. Онҳо киҳо буданд?

Бежани Муртазавӣ: Қабл аз ин ки кори инфиродии худро шурӯъ кунам, барои Саттор оҳанг месохтам. Он замони донишҷӯӣ буд. Пас барои хонумон Маҳастӣ, Ҳумайро, Лайло Фуруҳар тарона эҷод мекардам. Бештари ҳамкориҳоям бо оқои Муин буд. Ман раҳбари оркестри ӯ будам. Дӯстии хеле тӯлонӣ доштем ва то 6 соли пеш ҳамкорӣ мекардем. Соли 1990 ман аввалин албоми хешро ироа додам, ки Худоро шукр, мавриди истиқболи мардум қарор гирифт ва муҳри қабулӣ бар ин амалкарди ман заданд. Албатта, баъдаш ҳам барои дигарон, онҳое, ки дӯсти ман буданд, тарона месохтаму месозам.

Озодӣ: - Метавонед чанд оҳанги худро номбар кунед, ки барои овозхонони маъруф эҷод кардаед?

Бежани Муртазавӣ: Мутмаинам, ки шунидаед. Як тарона барои модар буд, ки Саттор хонд. Мутассифона, он замон исмгузорӣ набуд, бештарашро дар хотир надорам. Аз оқои Муин ин таронаҳо моли ман буданд, аз ҷумла «Нагзор сози зиндагимун хашин оҳанг бише», «Беҳтар аз ман чӣ касе, ошиқтар аз ман чӣ касе», «Садом кун, эй садоқатпише, Бибигул…» Хуб, дар кул ман 167 оҳанг эҷод кардаам дар 13 албом, ки бештарашонро дар хотир надорам. Шумо маро ғофилгир кардед…

Озодӣ: Ба ин нукта, ки мегӯянд, попи хориҷ аз Эрон тиҷоратӣ шудааст, розиед?

Бежани Муртазавӣ: Дуруст мефаромоед. Воқеан, ин бачаҳо ки 17–18 сол синнашон буд, ҳоло 40–50-сола шудаанд, зану фарзанд доранд ва бояд нон пайдо кунанд, бояд тиҷорӣ фикр кунанд. Мутаассифона, ҷабри рӯзгор чунин аст. Дигар ин ки дар дохили кишвар нестем, иҷтимоеро, ки санъати моро пуштибонӣ кунад, нест. Дар Лос-Анҷелес - 1 миллион, дар Вашингтон – 150 ҳазор, дар Сан – Франсиско – 200 ҳазор нафар эронием. Тика-тика ҳастем. Аммо дар Эрон 80 миллион нафар шунаванда дорем. Дар Эрон як захма ба гитор занед, шояд 800 ҳазор нафар дӯст доранд. Аммо дар Амрико чунин нест. Зиндагии Амрико як зиндагии мошинии пурдардисари беоромише ҳаст, бо вуҷуди маҳзи тамаддуну пешрафтҳояш кишварест мошинӣ. Бояд ягон ҷашн равед ва бояд фақат таронаи шод хонед. Маълум аст, ки барои нон аст, тиҷорат аст. Роҳи дигаре ҳам нест.


Озодӣ: Дар Тоҷикистон то кай мемонед ва оё ягон ҳамкориҳое аз ин ба баъд бо ин ҷо хоҳед дошт?

Бежани Муртазавӣ: Хеле алоқаманди онам, ки бо Тоҷикистон равобити ҳамешагӣ дошта бошам, бахусус бо ҷавонони ин ҷо кор кунам ва дар боло рафтани ҳунарашон саҳм гузорам. Ин сафар намедонам чӣ қадар тӯл хоҳад кашид, аммо охири нест.


Бежани Муртазавӣ 16 ноябри соли 1957 дар шаҳри Шоҳӣ, ҳоло Қоимшаҳри вилояти Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Аз синни 3 – солагӣ скрипка ё виолонро бо ҳидояти падар ва ҳам устодаш Масъуди Намозиён ба даст гирифт ва илми мусиқиро дар мактаби мусиқии Теҳрон омӯхт. Дар синни 7 – солагӣ пианино, гитор, сантур ва дигар асбобҳои миллиро низ фаро гирифт. Дар синни 11-солагӣ аввалин ҷоизаи худро миёни донишҷӯёни Эрон ба даст овард. Дар синни чордаҳсолагӣ дар оркестри иборат аз 32 навозанда аввалин оҳангу танзимҳояшро дар Бошгоҳи маъруфи тобистонаи Ромсар иҷро кард. Пас аз хатми мактаби миёна озими Лондон шуд, то дар риштаи муҳандисӣ таҳсил кунад. Соли 1979 пас аз Инқилоби исломӣ дар Эрон ба Амрико рафт ва дар ҳоло дар Калифорния зиндагӣ мекунад. Он ҷо барои таҳияи оҳангу танзим ба овозхонони эронӣ, аз ҷумла Муин шурӯъ кард. Аввалин албоми оҳангҳояш соли 1990 нашр шуд, ки муваффақияти бузург дошт. Албоми сеюмаш, ки «Бежани Муртазавӣ 3» унвон дошт, ӯро ҳамчун скрипканавоз ва овозхони боистеъдод маъруф кард. То ба ҳол 13 албом омода кардааст. Аввалин ҳунарманди эронист, ки дар Кохи Юнони Лос Анҷелес консерти зинда барпо кардааст. Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG