Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон як донишманди ҳастаиро эъдом кард


Шаҳром Амирӣ дар соли 2011 аз Амрико баргашт.
Шаҳром Амирӣ дар соли 2011 аз Амрико баргашт.

Додгоҳи олии Эрон рӯзи якшанбе таъйид кард, ки донишманди ҳастаии он кишвар Шаҳром Амирӣ ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Амрико ва "дар ихтиёри душман гузоштани маълумоти муҳим", эъдом шудааст.

Шаҳром Амирӣ, ки дар Амрико ҳамчун "донишманди ҳастаӣ" ва дар Эрон ба унвони "пажӯҳишгар" муаррифӣ мешуд, дар соли 2009 аз Амрико ба Эрон баргашт ва андаке пас боздошт ва зиндонӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА, Ғуломмуҳсин Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон дар нишасти хабарии худ гуфтааст, ки "Шаҳром Амирӣ ба асрори сирии низом дастрасӣ дошт ва бо душмани дараҷаи яки мо (Амрико) пайваста буд". Ӯ дар идома гуфтааст, ки "Амириро ба Арабистон бурданд ва хаёл мекарданд, мо аз вазъияти вай хабар надорем. Ин масъала зери заррабини Ҷумҳурии исломӣ буд."

Вай гуфт, бо вуҷуди он, ки додгоҳи ибтидоӣ ӯро ба эъдом маҳкум карда буд, аммо Девони олӣ шикояти ӯро мавриди баррасӣ қарор дод: "Агарчи бо камоли таассуф мо розӣ нестем касе муҷозот шавад ва дӯст дорем ин афрод тавба кунанд, аммо ин фард фурсате, ки баъд аз таъйиди ҳукм ба вай дода шуд, на танҳо ҷуброн накард ва тавба накард, балки боз талош кард аз даруни зиндон маълумоти хаторо ба берун бибарад."

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрн дар мавриди замон ва макони эъдоми Шаҳроми Амирӣ ҷузъиёте ироа накардааст. Аммо пеш аз таъйиди эъдоми Шаҳроми Амирӣ аз сӯи қувваи қазоияи Эрон, хонаводаи вай дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ аз эъдоми ӯ дар рӯзи чаҳоршанбеи 3 август хабар доданд.

Марзия Амирӣ, модари Шаҳром Амирӣ рӯзи шанбеи 6 август дар ин бора ба Радиои Фардо гуфт, ки фарзандаш рӯзи чаҳоршанбе эъдом шуда ва ҷасади ӯ пас аз эъдом дар Теҳрон, барои хоксупорӣ ба Кирмоншоҳ интиқол дода шудааст.

Шаҳром Амирӣ соли 2009 дар ҷараёни адои маросими ҳаҷ дар Макка бедарак шуд. Баъд аз як сол вай дар Амрико пайдо шуд. Вай худаш эътироф кард, ки вайро кормандони хадамоти махсуси Амрико рабудаанд ва аз вай дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон маълумот талаб кардаанд.

Аммо хадамоти кашфи Эрон таъйид мекунанд, ки Амирӣ бо Амрико бо ихтиёри худ ҳамкорӣ кардааст. Билофосила баъд аз бедарак шудани Амирӣ дар матбуот дар бораи ғанисозии уран дар корхонаи ҳастаии Эрон маълумот ба нашр расид. Худи ҳамон сол Амирӣ ба Эрон баргашт ва аз вай чун қаҳрамон истиқбол карданд. Дар соли 2011 Амириро барои хиёнат ба ватан маҳкум карданд.

Соли гузашта падари вай гуфт, ки аз амнияти писараш нигарон аст. Ба гуфтаи падараш, то ҳамон вақт, яъне беш аз як сол касеро ба дидор бо Шаҳром Амирӣ иҷоза намедоданд.

XS
SM
MD
LG