Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идораи зиндонҳои Тоҷикистон таъйид кард, ки Акбари Асғарзода, маҳбуси эронӣ дар зиндони шаҳри Душанбе даст ба эътироз задааст.

Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрванди эронӣ Акбари Асғарзода на барои шароити бади маҳбас, балки дар нисбати ҳукми Додгоҳи олӣ эътироз кардааст.

Ба қавли Одинашо Муродов, маҳбуси эронӣ мехоҳад, парвандааш аз нав бозбинӣ шавад. Вай гуфт, «Акбари Асғарзода метавонад бо аризаи шикоятӣ ба додгоҳ муроҷиат кунад ва мувофиқи тақозои додгоҳи олӣ, додситонии назоратӣ парвандаи ӯро дубора мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод».

Акбари Асғарзода дар моҳи июни соли 2012 барои "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратии худ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои 8 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Аммо Муродов гуфт, Акбари Асғарзода гуруснанишиниро хотима дода ҳоло умедвор аст, ки ба дархости ӯ расидагӣ мешавад. Ӯ инчунин гуфт, ки бар хилофи хабарҳои паҳнгашта, маҳбуси эронӣ на дар зиндони "Кирпичний"-и ноҳияи Ваҳдат, балки дар маҳбаси маҳаллаи Советскийи шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол оқои Боғбонӣ, яке аз наздикони Акбар Асғарзода, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз он, ки масъулони маҳбас ваъда додаанд, ки ҳамаи санадҳо ва аризаи Асғарзода ба додситонии назоратӣ ва додгоҳи олӣ ирсол мешаванд, ӯ ба истеъмоли ғизо оғоз кардааст. Вале вай гуфтааст, ки агар парвандааш мавриди баррасӣ қарор нагирад, боз гуруснанишинии худро идома хоҳад дод.

Акбари Асғарзода дар номаи эътирозии худ ба маъмурияти маҳбасҳо, додгоҳ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо зикр кардааст, ки панҷ моҳ дар боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе ба сар бурда ва сипас парвандааш бидуни ширкати вакили мудофеъ, намояндагони давлати худаш ва тарҷумон баррасӣ гардидааст.

Оқои Асғарзода меафзояд, ки ӯ бемор аст ва дар шароити бисёр сангин дар зиндон ба сар мебарад. Дар номаи вай омадааст, ки "саратони хун дорам ва доруи маро ба ман намедиҳанд. Тайи шаш моҳ ғизои дуруст ҳам нахӯрдам, фақат суп медиҳанд, ки гӯшту сабзӣ надорад".

Акбари Асғарзода таъкид мекунад, ки ҳудуди даҳ нома ба мақомоти мухталифи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол намудааст, вале посухе дарёфт накардааст.

Бино ба иттилоъи Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон , ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон наздик ба 20 нафар аз шаҳрвандони Эрон бо ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла фасоди молӣ ва тақаллубкорӣ зиндонӣ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG