Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар президент шавам, Тоҷикистон....ро ба Эрон бармегардонам"


Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ

Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ

Як рӯҳонии эронӣ иддао кардааст, ки агар раиси ҷумҳури ин кишвар шавад, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷонро ба Эрон бармегардонад.

Торнамои эронии cheshmandaz.org рӯзи 5 феврал навишт, Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ рӯзи гузашта ҳамзамон бо эълони номзадиаш, зимни шарҳи барномаҳои худ барои интихоботи раёсати ҷумҳури оянда гуфтааст, "тамоми сарзаминҳои ҷудошуда аз Эронро бидуни як қатра хунрезӣ, ба кишвар бармегардонам."

Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ фарзанди Саид Муҳсини Харрозӣ (узви Шӯрои хибрагон) аст ва бародараш Содиқи Харрозӣ ва амакаш Камоли Харрозӣ мебошанд, ки дар мақоми вазири хориҷаи Эрон кор кардааст.

Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ раҳбари ҳизби "Ансори Ҳизбуллоҳ"-и Эрон (соли таъсисаш 1995) ва муассиси мадрасаи "Иҷтиҳодияи Муҳсиния" низ мебошад, ки беш аз 200 нафар талаба дорад.

Оқои Харрозӣ дар бахши дигар аз суханонаш гуфтааст, "Ношинохта будани ман барои дунёст, ки яке аз параметрҳои низом аст. Ҳамон тавр, ки вақте раҳбари муаззам инқилобро ба даст гирифтанд, дунё шинохти зиёде аз эшон надошт, ба ҳамин тартиб ношинохта будани ман боис мешавад душманон натавонанд барои мо барномарезӣ кунанд».

Вай ҳамчунон афзудааст, долларро давоми як сол ба ҳазор туман хоҳад расонд. Дар ҳоли ҳозир арзиши як доллар дар бозори арзи Эрон 3850 туманро ташкил медиҳад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар чанд моҳи раёсати ҷумҳуриаш таҳримҳо алайҳи кишварашро лағв хоҳад кард.

Сари ҳар чанд вақт, суханони вай мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор мегирад. Вай чанде пеш гуфта буд, дар садади хариди бошгоҳи варзишии "Манчестр" аст ва қасд дорад номи онро ба «Хайбар» тағйир диҳад. Чанде қабл низ эълом карда буд шабакаи моҳвораии "Ҳизбуллоҳ"-ро таъсис хоҳад кард ва монеаҳои таъсиси он бартараф шудаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон дар моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG