Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амир Таталу, хонандаи ба истилоҳ, "зеризаминӣ"-и эронӣ ҳудуди ду ҳафта қабл боздошт шуд ва дар лаҳзаҳои аввали ин ҳодиса тарафдоронаш саҳифаи Оятуллоҳ Алии Хоманаиро дар Инстаграм "шарҳборон" карданд. Онҳо аз раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ талаб намуданд, ки Таталуро озод кунад.

Тарафдорони Амир Таталу аксаран ҷавон буда, дар ин комментҳо аз "бегуноҳӣ"-и хонандаи маҳбуби худ навиштаанд. Амир Таталу бо беш аз 3 миллион ва 200 ҳазор пайрав (follower) яке аз шахсиятҳои маҳбуби шахсиятҳои эронӣ дар Интернет аст.

Маҷид Муҳаммадӣ

Маҷид Муҳаммадӣ

​Ҷомеашинос Маҷид Муҳаммадӣ мегӯяд, бисёре аз ҷавонон дар Эрон бештар аз озодиҳои сиёсӣ, ба дунболи озодиҳои фардӣ ҳастанд ва ҳукумат огоҳона ба ин масоил доман мезанад. Муҳаммадӣ гуфт, "талоши ҳукумат бар ин аст, ки таваҷҷуҳи мардум аз озодиҳои сиёсӣ ва масоиле монанди қонун ва фасод ба масоили рӯзмарраи иҷтимоӣ, ба вижа қазияҳои вобаста ба ҳунармандон ва варзишкорон ҷалб шавад."

Ӯ афзуд, аввалан ҷомеаи нисбатан сиёсии ҳафт ё ҳашт сол пеши Эрон ғайрисиёсӣ шудааст. Дувум, дафтари Хоманаӣ ҳам талош мекунад, ба равандҳое, ки боз будани фазои иҷтимоиро ба намоиш мегузоранд ва дар айни ҳол контролашон ҳам дар ихтиёри ин дафтар аст, имкон фароҳам кунад.

"Ба ҳамин хотир аст, ки комментҳои пуршумор дар дифоъ аз Амир Таталу дар саҳифаи Инстаграми оқои Хоманаӣ сензура нашуданд. Дар охир, бисёре аз ҳунармандон ва варзишкорон мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки бояд дутарафа бозӣ кунанд. Аз як тараф, масалан, хонандаи зерзаминӣ бошанд ва аз сӯи дигар ба минбари таблиғотии ҳукумат табдил шаванд, то ғурури миллии ҷомеаро ба ҳаракат дароваранд," - гуфт Маҷид Муҳаммадӣ.

Амир Таталу кист?

Амир Таталу бо номи комили Амир Ҳусайн Мақсадлуро метавон яке аз падидаҳои мусиқии "зерзаминӣ"-и Эрон дар як даҳаи гузашта донист, ки дар сабкҳои поп ва рэп мехонад. Ӯ бо бадане пур аз холкӯбӣ ҳам рэп мехонад ва ҳам дар дастаҳои азодории моҳи муҳаррам (маросими азодории шиаиён) иштирок мекунад.

Амир Таталу.

Амир Таталу.

Амир Таталу агарчӣ ба унвони як хонандаи зеризаминӣ шинохта мешавад ва иҷозатномаи фаъолияти расмӣ надорад, вале баъди чанд бори боздошт дар солҳои охир ин иҷозаро пайдо кард, ки рӯи киштии нерӯҳои дарёии Эрон оҳанге бо номи "Энержии ҳастаӣ" бихонад. Ӯ гуфта буд, ки "энержии ҳастаӣ ҳаққи мусаллами мост".

Ин хонандаи зеризаминӣ, инчунин, дар дифоъ аз раҳбари Эрон дар Инстаграми худ чанд матлаб навишта ва самимияташро ба ӯ иброз кардааст. Матлабе дар дифоъ аз ҳиҷоби исломӣ ҳам дигар аз навиштаҳои ҷанҷолии Инстаграми ӯ будааст.

Саҳифаи Инстаграми Амир Таталу навиштааст, ки ин овозхонро ҳангоми боздошт ба шиддат латту кӯб кардаанд. Дар як навори савтӣ, ки нашр шудаааст, ӯ мегӯяд, ба иттиҳоми ташвиқи ҷавонон ба фасод ва фаҳш, ба додгоҳ даъват шудааст. Дар сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саҳифаи Инстаграми Амир Таталу навиштаанд, ки ӯ ҳангоми ҳозир шудан дар додгоҳ гуфтааст, чун тарафдорони зиёд дорад, наметавонанд бо ӯ бархӯрд кунанд.

Шояд матлабҳое, ки ин хонандаи зеризаминӣ дар дифоъ аз раҳбари Эрон навиштааст, ин ангезаро ба тарафдорони сершумораш додааст, ки ба сафҳаи Инстаграми оқои Хоманаӣ ҳуҷум бибаранд ва аз ӯ бихоҳанд Амир Таталуро озод кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG