Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зан овозхонӣ кунад ё на? "Баҳор" бошад ё набошад?


Алӣ Ҷаннатӣ
Алӣ Ҷаннатӣ

Алӣ Ҷаннатӣ, вазири фарҳанги Эрон дар заминаи ду шарҳи ахираш оид ба баста шудани нашрияи “Баҳор” ва иҷрои таронаҳои якка ё яккасароии занҳо дар порлумон мавриди суолу ҷавоб қарор гирифт.

Вакили Маҷлиси шӯрои исломӣ Ҳамид Расоӣ вазири фарҳангро ба таҳаммулгароӣ дар баробари таҳқири муқаддасоти мазҳабӣ ва коҳилӣ дар ташвиқи арзишҳои динӣ муттаҳам кард. Расоӣ гуфт, ки Алӣ Ҷаннатӣ аз сурадани таронаҳои инфиродӣ аз тарафи занҳо пуштибонӣ ва аз баста шудани рӯзномаи ислоҳотталаби “Баҳор” изҳори таассуф кардааст.

Ҷаннатӣ гуфтааст, дар баъзе ҳолатҳо яккахонӣ, бо шумули лолоӣ ва ё аллагӯӣ аз тарафи занҳо иҷоза ҳаст. “Агар тарона ба фасод роҳ намекушояд, суруданаш муҷоз аст.” Ин иқтибосест, ки акнун маншаъи ба чолиш кашондани оқои Ҷаннатӣ дар порлумон шудааст. Сурудхонии занҳо дар Эрон аз замони инқилоби исломии соли 1979 ва таъсиси давлати исломӣ дар ин кишвар мамнӯъ шудааст.

Изҳори назари Ҷаннатӣ роҷеъ ба баста шудани нашрияи ислоҳталаби “Баҳор” низ тундравҳои Эронро нороҳат кардааст. Ҷаннатӣ рӯзи 7 январ дар нишасти порлумонӣ гуфт, мақомот дар бастани нашрияҳо шитоб накунанд. “Ман бар пояи бастани нашрияи “Баҳор” изҳори таассуф кардам, зеро ба назари ман, мо набояд дар бастани нашрияҳо аҷала кунем. Чораҳои дигаре ҳаст, бо шумули ҳушдори шифоҳӣ, ҳушдори катбӣ, ба додгоҳ фиристодани қазия, ки бояд аввал истифода шаванд ва баъдан аз бастани нашрия ва бекор кардани муҷаввизи он матраҳ гардад,”- гуфтааст вазири фарҳанги Эрон.

Нашрияи басташудаи "Баҳор"
Нашрияи басташудаи "Баҳор"
Нашрияи ислоҳҳотхоҳи “Баҳор” аввалин нашрияест, ки баъди ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури мӯътадилгарои Эрон баста шуд ва нигарониҳои тозаро роҷеъ ба вазъи озодии матбуот дар ин кишвари исломӣ ба бор овард. Фаъолияти рӯзномаи “Баҳор” моҳи октябри соли 2013 ба далели пахши як мақолаи гӯё тавҳиномез дар бораи матнҳои мазҳабӣ баста шуд. Дар ҳоле ки Ҷаннатӣ мегуфт, вазорати таҳти назари ӯ барои ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ тамоми талошҳоро ба харҷ хоҳад дод, вале аз 224 намояндаи мардумӣ дар порлумон 105 нафар аз ин шарҳи вазир қаноаътманд нашуданд.

Моҳи гузашта Ҷаннатӣ ба осон кардани дастрасии шаҳрвандон ба сомонаҳои интернетӣ даъват кард ва гуфт, шабакаҳои иҷтимоӣ, бо шумули Фейсбук, бояд барои эрониҳо дастрас бошанд. Ӯ ҳамчунин аз масдуд шудани баъзе шабакаҳои моҳвораӣ низ интиқод кардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо сиёсати тундаш дар масъалаи озодии матбуот шӯҳрат дорад. Бастани нашрияҳо ва ба зиндон андохтани хабарнигорон ва фаъолон бо иттиҳомоти асосан амниятӣ, аз ҷумла тавҳин ба муқаддасоти мазҳабӣ ва тавҳин ба низом дар Эрон зиёд дида мешавад ва ин кишвар ба ин далел дар гузоришҳои байналмилалӣ маъмулан дар радифи давлатҳои саркӯбгари озодии баён ҷой гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир дар Эрон 40 хабарнигор ва 29 блогнавис дар зиндон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG