Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири нафти Эрон: "Занҷонӣ аз аввал ҳам қасд надошт пули нафтро бидиҳад"


Бобаки Занҷонӣ.

Бобаки Занҷонӣ.

Вазири нафти Эрон Бежан Номдори Зангана гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ --миллиардери зиндонӣ аз ибтидо қасд доштааст, ки 2,7 миллиард доллар қарзҳои ин вазоратхонаро пардохт накунад.

Бежан Номдори Зангана, вазири нафти Эрон рӯзи сешанбеи 14 апрел дар мавриди қарзҳои Бобаки Занҷонӣ ба вазорати нафт гуфтааст, ки ин тоҷири зиндонӣ аз ибтидо ҳам қасд надоштааст, ки ду миллиарду 700 миллион қарзҳои худ ба ин вазоратхонаро баргардонад.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, вазири нафти Эрон изҳор доштааст, ки "Бобаки Занҷонӣ беш аз ду миллиарду 700 миллион доллар пули нафтро пас надода ва ба назари ман аз аввал ҳам қасд надошт, ки пас бидиҳад. Вай феълан дар боздошт аст ва қуваи қазоия ва додситонӣ қазияи ӯро пайгирӣ мекунанд."

Бобаки Занҷонӣ, ки гуфта мешавад баъд аз афзоиши таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон бо вазорати нафти он кишвар дар замони Маҳмуди Аҳмадинажод дар фурӯш ва интиқоли пули он ҳамкорӣ мекард, дар моҳи декабри соли 2013 ба иттиҳоми пардохт накардани қарзҳои худ ба вазорати нафти Эрон боздошт ва ба зиндон интиқол дода шуд. Дар давраи дувуми раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод, афроде чун Бобаки Занҷонӣ ӯҳдадори фурӯши қисме аз нафти Эрон шуда буданд.

Вазири нафти Эрон Бежан Номдори Зангана.

Вазири нафти Эрон Бежан Номдори Зангана.

Вазири нафти Эрон дар хусуси ҳукми интиқоли дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба ин вазоратхона низ гуфтааст, "барои интиқоли амвол, ҳафтаи гузашта дастур дода шудааст, ки амвол ба ҳисоб ва ба номи вазорати нафт интиқлол ёбад". Вай афзудааст, ки "ба вазорати нафт ваколат дода шуда ва иқдомоти интиқол дар ҳоли анҷом аст ва рӯзе, ки интиқол оғоз шавад, рӯзи қиматгузорӣ хоҳад буд, аммо арзиши амвол ба қадре нест, ки ҳамаи қарзҳоро пӯшиш диҳад."

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, масъулони қазоии пас аз он, ки бо эъломи нокофӣ будани амволи Занҷонӣ барои пардохти қарзҳояш ба масъалаи фурӯши амволи вай қарор қабул карданд, паёмҳое ба кишварҳои Туркия, Малайзия ва Тоҷикистон фиристоданд. Ин дар ҳоле аст, ки Ҳасан Деҳдаштӣ, раиси Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон ҳафтаи гузашта гуфта буд, миқдоре аз амволи вай дар Тоҷикистон шиносоӣ ва санадҳои он ба қуваи қазоӣ фиристода шудааст.

Ҳусейни Деҳдаштӣ, дар сӯҳбат бо хабаргузории ИРНА ҷузъиёти ин шиносоиро ошкор накарда, аммо гуфтааст, ҳуҷҷатҳои лозимро ба қувваи қазоия пешниҳод кардаанд. "Афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи Бобак Занҷониро пайгирӣ кардаанд, баъди сафар ба Тоҷикистон фаҳмидаанд, ки бархе аз манобеи муталлиқ ба вай дар ин кишвар вуҷуд дорад,"-шарҳ додааст Деҳдаштӣ.

Дар ҳоле ки як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузор ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Занҷонӣ нисбат дода мешуданд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст, мақомоти тоҷик мансубияти ин ширкату корхонаҳоро ба тоҷири эронӣ рад мекунанд.

Ҳусейни Деҳдаштӣ мегӯяд, тамоми талоши намояндагони пайгирии парвандаҳои Бобак Занҷонӣ ин аст, ки ҳарчӣ зудтар амволи ӯро аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Эрон бозгардонанд. Ӯ афзудааст, то чанд моҳи оянда музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ низ ниҳоӣ хоҳад шуд ва агар ин мавзӯъ мусбат ҳал шавад, метавон амволи Занҷониро комил ва ҳатто бо фоидааш баргардонд. Вай инчунин таъкид кардааст, “агар тавофуқномаи ниҳоӣ ба имзо нарасад ва амволи Бобак Занҷонӣ ба ҳамин шакл масдудшуда боқӣ монад, бояд ин фард ва дигар дӯстони вай посухгӯ буда, муҳокима шаванд.”

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст, 30 декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Бобаки Занҷонӣ пеш аз боздошташ гуфта буд, ки дорои беш аз 70 ширкат ва даҳҳо миллиард доллар сармоя дар Эрон ва хориҷ аз кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG