Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси эзорҳои часпон дар порлумони Эрон


“Леггингс”- шалвори часпон, ки дар байни занҳои эронӣ маъруф шудааст, доду бедодеро дар парлумони ин кишвар ба бор овард ва боиси сарзаниши вазири умури дохилии Эрон Абдулризо Раҳмони Фазлӣ шуд.

“Леггингс”- шалвори часпон, ки дар байни занҳои эронӣ маъруф шудааст, доду бедодеро дар парлумони ин кишвар ба бор овард ва боиси сарзаниши вазири умури дохилии Эрон Абдулризо Раҳмони Фазлӣ шуд. Вакилони порлумон аз ин нороҳат шуданд, ки вазир барои “саркӯб” кардани шалворҳои часпон иқдоми қобили мулоҳиза анҷом намедиҳад.

Леггингс ё шалвори ба тан часпида, ки аз эзор дида, бештар ба ҷӯроб мемонад, кайҳо боз дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон роиҷ шудааст ва аксари духтарҳои шаҳрнишин “леггингс” мепӯшанд. Аммо дар Эрон, ки низоми исломӣ ба тарзи либоспӯшии занҳо шадидан назорат мекунад, “леггингс” боиси даъвати як вазир ба порлумон шудааст.

Даъвати Фазлӣ ба порлумони кишвар, ки дар он муҳофизакорон аксари курсиҳоро дар ихтиёр доранд, ба хотири суолу ҷавоб дар заминаи либоси мазҳабӣ буд, ки риояи он дар Эрон ҳатмӣ аст. Қонунгузорон махсусан ба шалворҳои часпон таваҷҷуҳ карданд, ки тундравони Эрон онро симбол ё намоди фарҳанги декадентии Ғарб унвон мекунанд. “Чаро вазири умури дохилӣ ба ин падида, ки занҳо дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигар шалвори часпон мепӯшанд, бетафовут аст?” – пурсиданд қонунгузорҳо аз мақомот.

Аз Фазлӣ ҳамчунин пурсиданд, “чаро он буҷаи хурде, ки барои риояи либоси исломӣ ихтисос ёфта буд, аз миён бурда шуд?” Ӯ гуфт, “вазорати умури дохилӣ яке аз 22 идораи масъул бар риояи ҳиҷоби исломӣ аст. Дар тули се даҳсолаи гузашта ҳокимияти мазҳабӣ бо зӯрӣ ва тадобири фарҳангӣ занҳои бисёреро ҳиҷобпӯш кард." Аммо ӯ гуфт, агарчӣ ходимони вазорати таҳти назари ӯ бар зидди шалворҳои эластикӣ фаъолона кор мебаранд, вале ҳалли ин мушкил дар муддати кӯтоҳ ҳалшаванда нест.

Фазлӣ гуфт, Вазорати умури дохилӣ барои риояи либоси исломӣ чандин тадбирро, бо шумули таъсиси созмони ғайридавлатии назорат аз рӯи пӯшиши исломӣ дар марказҳои тиҷоратӣ, фурудгоҳҳо ва хобгоҳи донишҷӯён ба кор бурдааст.

Матбуоти Эрон менависад, ки ин мақомдор натавонист вакилони порлумонро мутақоид бисозад ва натавонист аз ҳушдори ҷиддӣ раҳоӣ ёбад.

Алӣ Мутаҳҳарӣ, як қонунгузори порлумони Эрон гуфт, занҳое, ки шалвори часпида мепӯшанд, бояд аз ворид шудан ба биноҳои расмӣ маҳрум шаванд. Ӯ афзуд, аксари занҳои эронӣ ҳиҷобро пазируфтанд, аммо як иддае ҳастанд, ки ба бунёди хонаводаҳо таҳдид мекунанд. Мутаҳҳарӣ мубориза бо эзорҳои эластикиро вазифаи давлат унвон кард ва гуфт, ки давлат бояд аз нумуъи ин падида пешгирӣ кунад. Хабаргузориҳо мегӯянд, бо намоиш додани акси занҳои шалворпӯш дар монитори бузург, Мутаҳҳарӣ ҳаёҳуеро дар маҷлис барпо кард. Ӯ дар вокуниш ба сару садои намояндагони мардуми гуфтааст, ки эҳтимолан намоянадагони мардумӣ аз дидани ин акс ҳаловат бурдаанд.

Ин далел, ки порлумони як кишвар масъалаи эзори эластикиро матраҳ кардааст, тамасхурҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард, Яке аз корбарони Фейсбук дар саҳифаи худ навиштааст, ки акнун эзорҳои эластикии занҳо ба масоили амниятии Эрон табдил шудааст. “Масъалаи барномаҳои атомӣ, камбизоатӣ ва таваррумро фаромӯш кунед ва пешрафти ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шомро низ аз ёд баред, акнун барои қонунгузорони мо шалвори часпони занҳо бартарӣ пайдо кардааст.”

XS
SM
MD
LG