Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи чоршанбеи 11 уми июн дар шаҳри Хуҷанд намоиш ва фурӯши молу колои ширкатҳои Эрон оғоз гардид.

Дар толори “Қасри варзиш” –и шаҳри Хуҷанд ҳудуди 40 ширкати иронӣ, умдатан аз вилояти Хуросони ин кишвар намунаҳои молу колои худро худро ба маърази намоиш гузоштанд. Ризо Ҷамшедӣ, муовири раиси вилояти Хуросони Эрон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо таъкид ба нақши чунин намоишгоҳҳо дар тавсеи ҳамкориҳои байни кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон чунин гуфт: “Ҳарчанд ин намоишгоҳ пӯшиши бисёр андак аз тавонмандиҳои ду кишвар аст, заминаро барои ошноии мардум ва фаъолони иқтисодии ду кишвар бо зарфият ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ фароҳам меорад.”

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд гуфт, намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ имконест барои густариши ҳамкориҳо: “Корхонаҳои азим низ метавонад бо ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ барои фурӯш ва коргарди ниҳоии он ба бозори ҷаҳонӣ замина гузорад. Соҳибкорони вилоят низ барои ҳамкориҳои оянда бо ҳамтоёни эрониашон бо истифода аз ин ин имкон поя гузоранд.”

Дар толор намунаҳои маҳсулоти саноати сабуки ширкатҳои эронӣ, мисли қолин ва писта, маҳсулоти қаннодиву ороишӣ, либоси занона ба маблағи ҳудуди 9 миллион сомонӣ ё 2 миллион доллари амрикоӣ ба маърази намоиш ва фурӯш гузошта шуда буд. Ин бори сеюм аст, ки дар Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд намоишгоҳи молу колои ширкатҳои кишвари Эрон баргузор мегардад.

Эрон яке аз шаш кишвари аслии содиротии Тоҷикистон аст, ки умдатан фулузоти ранга ва нахи пахта мехарад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон равғани рустанӣ, асбобҳои барқӣ гӯшти мурғу гов, қаннодӣ ва ширинӣ ворид мегардад. Вале ба ҷуз тиҷорат, Эрон дар иқтисоди Суғд дар қиёс бо кишварҳои дигари минтақа, мисли Чин, Русия ва Қазоқистон ҷойгоҳи чашмгире пайдо накардааст. Дар вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир танҳо як корхонаи калони муштараки нассоҷии Тоҷикистону Эрон -- “Неку - Хуҷанд” ва ҳудуди 10 ширкати хурди тиҷоратӣ фаъол аст.

Улмаси Одил, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки Эрон мехоҳад ҳамкориҳои иқтисодии худро бо вилояти Суғд умдатан дар бахши тиҷорат густариш диҳад: “Аммо бисёр молҳои эронӣ дар бозори Тоҷикистон рақобатпазир нест. Мо наметавонем онҳоро масалан аз молҳои Чин аз нигоҳи сифат ва нарх авлотар донем. Бешубҳа, сифати қолинҳои эронӣ аз молҳои туркиву чинӣ ба маротиб баланд аст, аммо нархаш дандоншикан аст, харидори маҳаллӣ имрӯз моли арзонро интихоб мекунад.”

Вале Эрон, аз сӯи дигар, рӯйи даст надоштани барномаҳои бузурги саноатӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистонро бо таъсисҳои марказҳои омӯзиши ройгони ҳунарҳои дӯзандагиву қолинбофӣ барои занон ва ихтисосҳои бозоргири сохтмонӣ барои мардон, расонидани ёриҳои моливу фарҳангӣ ба афроди мӯҳтоҷу нодор, донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ва адибон, ба навъе ҷуброн мекунад.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, созмонҳои хайрияи Эрон дар соли 2013 дар расонидани ёриҳои башардӯстонаи фаннӣ ва молиявӣ ба вилояти Суғд дар байни 29 созмони байнулмилалӣ дар ҷойи 13 қарор доштааст. Ба гуфтаи баргузоркунандагони намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулоти ширкатҳои кишвари Эрон дар Хуҷанд, он то рӯзи 17 уми июн идома хоҳад кард
XS
SM
MD
LG