Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фурӯшанда" номзади Оскар шуд


Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ рӯзи сешанбеи 24 январ яке аз панҷ номзади аслӣ барои дарёфти Ҷоизаи Оскар дар бахши филмҳои хориҷӣ, муаррифӣ шуд.

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ рӯзи сешанбеи 24 январ яке аз панҷ номзади аслӣ барои дарёфти Ҷоизаи Оскар дар бахши филмҳои хориҷӣ, муаррифӣ шуд. "Фурӯшанда" ба унвони намояндаи Эрон дар Оскари имсола иштирок мекунад. Дигар филҳое, ки дар ин бахш бо "Фурӯшанда" рақобат мекунанд, аз Дания, Шведсия, Австралия ва Олмон мебошанд.

"Фурӯшанда" соли гузашта дар фестивали филми Канн муваффақ шуда буд ду ҷоиза барои "беҳтарин филмнома" ва "беҳтарин бозигари мард"-ро дарёфт кунад. Асғар Фарҳодӣ аввалин филмсозӣ эронӣ аст, ки барандаи Ҷоизаи Оскар шудааст. Ӯ ин ҷоизаро барои филми "Ҷудоии Нодир аз Симин" гирифта буд.

Вай рӯзи сешанбеи 24 январ дар вокуниш ба эъломи номи филми "Фурӯшанда" дар феҳристи панҷ номзади ниҳоии филмҳои хориҷӣ, ба хабаргузории эронии ИСНА гуфтааст, "ифтихори бузурге аст, ки номи Эронро дар миёни кишварҳои созандаи беҳтарин филмҳои ғайрианглисизабон мебинам."

Вай афзудааст, ки "орзу мекардам ин хабари хушҳолкунандаро дар рӯзҳое мешунидам, ки мардуми Эрон ғарқ дар андӯҳи ҳодисаи талхи фурӯ рехтани бинои Пласко ва ҷон бохтани шуморе аз ҳамватанон ва ҳамчунин қаҳрамонони бузургвор ва фурӯтани оташнишонӣ, набуданд."

Филми "Фурӯшанда" як филми муштараки эронӣ-фаронсавӣ мебошад ва нақшҳои асосиро дар он Шаҳоб Ҳусайнӣ ва Тарона Алидӯстӣ бозӣ кардаанд. Ин филм аз муносибати зану шавҳар бо номи Раъно ва Имод ҳикоят мекунад, ки зиндагии онҳо дар пайи як ҳодиса ба Раъно, дучори мушкил мешавад.

Ин барои бори аввал нест, ки филмҳои сохтаи Асғар Фарҳодӣ дар ҷашнвора ва озмунҳои синамоии ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза мешаванд. Дар соли 2013 як зани ҳунарманд дар филми "Гузашта", ки онро Асғар Фарҳодӣ сохта буд, ҷоизаи беҳтарини ҷашнвораи Каннро ба даст оварда буд.

Филми дигари Асғар Фарҳодӣ бо номи "Ҷудоии Нодир аз Симин" дар соли 2012 ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскарро ба даст оварда буд. Филм дар бораи марди эроние қисса мекард, ки баъд аз чаҳор соли ҷудоӣ бо хонуми фаронсавияш ба хотири хатми раванди талоқ ба Фаронса бармегардад.

XS
SM
MD
LG