Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Эрон дар бораи Занҷонӣ, "Сангтӯда-2" ва нақби "Истиқлол" (ВИДЕО)


 Саидмаҳмуди Садрӣ.

Саидмаҳмуди Садрӣ.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, қазияи Бобаки Занҷонӣ - тоҷири боздоштшудаи эронӣ ба муносибатҳои Душанбеву Теҳрон таъсиргузор нест.

Саидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе рӯзи 28-уми январ дар як нишасти хабарӣ аз равобити байни ду кишвар ситоиш кард ва гуфт, қазияи Бобаки Занҷонӣ таъсире рӯйи ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон надорад. Мавзуъ ин аст, ки Занҷонӣ гуфтааст, 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон дар Тоҷикистон дармондаанд ва бо вуҷуди санади Бонки Миллии Тоҷикистон ба Эрон интиқол дода нашудаанд.

Ҷаноби Садрӣ мегӯяд,"он чи матраҳ аст, дар сатҳи ҳадсу гумон матраҳ аст. Ман ба унвони сарпараст наметавонам он ҳадсу гумонро таъйид кунам. Танҳо пас аз рӯшан шудани қазияи вай дар додгоҳ мешавад чизе гуфт.»

Бобаки Занҷонӣ ки бо 15 миллиард доллар дороӣ аз сарватмандтарин мардони Эрон ном бурда мешуд, рӯзи 30 декабр бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ боздошт ва ба гуфтаи мақомот, ба зиндони бадноми Эвини Теҳрон андохта шуд. Дар Эрон ӯро аз ҷумла ба тақаллуби санади молие аз номи Бонки миллии Тоҷикистон айбдор мекунанд, ки гӯё пардохти 2 миллиарду 460 миллион евроро ба ширкати миллии нафти Эрон тавассути Душанберо тасдиқ мекунад. Аммо вазорати нафт ва Бонки марказии Эрон ворид шудани чунин маблағеро рад мекунанд. Бонки миллии Тоҷикистон низ чунин санадро сохта номида гуфт, бо Бобаки Занҷонӣ ва ширкатҳои марбути ӯ вориди чунин муомилаҳои бузургу машкук нашудааст.

Бобаки Занҷонӣ дар солҳои охир яке аз сармоягузорони умдаи хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар моҳи марти соли 2013 дар расми гушоиши терминали нави автобусҳои Душанбе, ки ширкати «Asian Express»-и ӯ таъмини молӣ карда буд, дар канори Занҷонӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт. Ин ширкат бо ворид кардани 40 автобус ва беш аз 200 таксӣ талош дошт, то нақши пештоз дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст биорад ва аз парлумони Тоҷикистон дар роҳи воридоти васоили нақлия ва таҷҳизоти дигар имтиёзҳои фаровонеро ҳам соҳиб шудааст. Дар Тоҷикистон бонке бо номи Конт низ фаъолият мекунад, ки ке аз асосгузоронаш Занҷонӣ буд. Аммо баъди таҳти таҳримҳои вазорати молияи Амрико қарор гирифтани ширкатҳои Занҷонӣ дар баҳори соли 2013 Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки бар асоси ин таҳримот фаъолиятҳои Контбонкро маҳдуд кардааст.

Ҳамзамон Саидмаҳмуди Садрӣ овозаҳоро, ки Алиағари Шеърдӯст, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон дар иртибот ба қазияи Бобаки Занҷонӣ боздошт шудааст, радд кард ва гуфт, Шеърдӯст давраи сафораташ дар Тоҷикистонро ба поён расонд ва ҳоло дар Эрон машғули корҳои худ аст. Дар бобати таъхири дарозмуддат барои таъйин шудани сафири нави Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Садрӣ гуфт:

«Ин амр аз кадом мушкиле дар муносибои Теҳрону Душанбе алома намедиҳад, балки Эрон бояд сафиронаш дар тақрибан 40 кишвари дунёро иваз кунад, ки якеи онҳо Тоҷикистон аст. Эрон бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти муносибот бо Тоҷикистон ба далели муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ, бандаро вазорати умури хориҷа сарпарасти сафир интихоб карданд ва дар ин давраи транзит дар хизмати равобити Тоҷикистон ва Эрон бошам. Дар дигар кишварҳо чунин сарпарасте эъзом накардем.»

Сарпарасти сафорати Эрон дар нишасти хабарии худ ба масъалаи таъхир дар кори фаъолияти Сангтӯда- 2 низ дахл кард ва гуфт, ин тасмим ба хотири анҷом шудани корҳои фаннӣ гирифта шудааст. Вай афзуд, ба зудӣ чархаи дуюми нерӯгоҳ фаъол хоҳад шуд,ва тавлиди нерӯи барқ ду баробар афзоиш меёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло чархаи якуми ин нерӯгоҳ,120 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад. Ин масъули сафорати Эрон дар робита ба тӯл кашидани нақби «Истиқлол»низ изҳори назар кард. Ба гуфтаи вай, мушкили сари вақт анҷом нашудани бунёди ин нақб ба мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ рабт дод.

Ӯ мегӯяд, «ин тарҳ барои мақомот ва мардуми Тоҷикистон пураҳамият аст, зеро он ягона роҳи иртиботӣ аст. Ин тарҳро ширкати «Собир»-и Эрон ба ӯҳда дорад ва аксарияти нақбҳо дар Эрон тавассути ҳамин ширкат сохта шудааст. Мушкиле, ки барои ин ширкат дар сохтмони нақби мазкур пеш омадааст, ин аст, ки маъмулан барои сохтмони нақб роҳи фаръӣ зарур аст, то ки мардум тариқи он рафтуомад кунанд. Барои идомаи сохтмон пурра манъ кардани ҳаракати нақлиёт дар нақб лозим мешавад. Аммо ин нақб ҳатман тавассути ширкати мазкур такмил мешавад.»

Бо ин ҳама, сарпарасти сафорати Эрон меафзояд, далели ҳамкориҳои танготанги Тоҷикистону Эрон мулоқоти ду раиси тозаинтихоби ин кишварҳо дар Бишкек аст, ки чанде пеш сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои тарафайни ду кишвари форсизабон дар ояндаро матраҳ карданд. Ва қарор аст, дар пайи ин мулоқот равобити Тоҷикистону Эрон бештар густариш пайдо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG