Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сензура дар Эрон ҳатто классикҳо эмин нестанд


Алӣ Ҷаннатӣ, вазири фарҳанги Эрон аз сатҳи сонсур ё сензура дар ҳукумати раисиҷумҳури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод интиқод кард ва гуфт, онҳое ки масъули сонсур (цензура) буданд, агар метавонистанд Қуръонро низ инкор мекарданд.

Ҷаннатӣ дар сӯҳбате бо ILNO хабаргузории наздик ба доираҳои расмии Эрон гуфтааст, “агар Қуръон аз ҷониби парвардигор нозил намешуд ва ба дасти масъулони сонсур меафтод, онҳо ҳатман баҳс мекарданд, ки баъзе ҳарфҳои он хилофи фазилатҳои умумӣ аст.”

Алӣ Ҷаннатӣ гуфт, ки омӯзиши баъзе бахшҳои китоби сонсурҳои замони раҳбарии Аҳмади Нажод, як нуктаро рӯшан кард, ки маҳдудиятҳо дар аксар маврид берабт ва номарбут будаанд. Ӯ гуфт, ки масъулони “сонсур” дар давлати Аҳмадинажод таҷрубаи зарурӣ надоштанд ва дар аксар ҳолат такя ба тасмимҳои хусусӣ ва мавқеъи шахсӣ кардаанд.

Сонсур дар Эрон - дар аҳди Аҳмадинажод ва баъд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
Линки мустақим


Ҷаннатӣ моҳи августи соли равон, ба думболи интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба мақоми раисҷумҳур вазири фарҳанг таъйин шуд. Раисҷумҳури нав аз рӯҳониёни мӯътадил арзёбӣ мешавад ва ба эрониҳо озодиҳои бештар ваъда кардааст.

Аммо маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд. Алӣ Ҷаннатӣ гуфт, ки китоби цензура ё сонсур ҳамчунон дар Эрон вуҷуд хоҳад дошт ва ҳукумат бояд бар пояи меъёрҳои муаян кардаи Шӯрои олии амнияти миллӣ ва парлумон фаъолият кунад. “Мо чӣ тавр иҷозат бидиҳем, ки баъзе китобҳои мушкилофарин ҷомеаи моро заҳролуд кунанд?”- суол гузоштааст вазири ҷадиди фарҳанг ва иршоди Эрон.

Аммо гумон аст, шарҳи Алии Ҷаннатӣ дар заминаи сонсури шадид ба маводи адабӣ, нависандаҳо ва ноширони ин кишварро, ки қонунҳои сангини вазири фарҳанги Аҳмадинажодро таҷруба кардаанд, шигифтзада кунад.

Аксаран ин ҳолатро ошкоро танқид мекунанд ва мегӯянд, сонсур теъдоди нашри китоб ва шумори мардуми китобхонро коҳиш додаст. Фархунда Ноҷизода, яке аз мунтақидони сонсур дар Эрон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли 2012 танҳо ду саҳифаи яке аз китобҳои ӯ аз тарафи масъулони сонсур тасвиб шудааст.

Дар Эрон ҳатмӣ аст, ки нависандагон қабл аз нашр китоби худро аз назари сонсури вазорати фарҳанг гузаронанд. Масъулони ин ниҳод бояд мутмаин бошанд, ки китоб ғайриахлоқӣ ва зиддиисломӣ набошад ва масоили ҳассоси сиёсиро матраҳ накунад. Масъулони сонсур метавонанд муаллифро маҷбур кунанд, ки баъзе калимаҳоро иваз кунад ва ё як бобро комилан аз байн бибарад. Дар баъзе мавридҳо нависандаҳо тасвиби китоби худро аз ҷониби вазорати фарҳанг солҳо мунтазир мешаванд.

Чанд рӯз қабл аз шарҳи Ҷаннатӣ гурӯҳе аз нависандаҳо аз ӯ даъват карданд, ки сонсурро аз байн бардорад ва ба муаллифон иҷозат бидиҳад, ки масъулияти навиштаҳои худро бар дӯш бигиранд.

Мизони сонсур дар Эрон то дараҷаест, ки ҳатто ба нашри адабиёти классикии Эрон низ таъсир кардааст. Баъзе китобҳои адибони классик ё таҳрир хӯрдаанд ва ё комилан мамнӯъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG