Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ҳафтаи фарҳангии Табрез. Аз Хуҷанд то Душанбе


Ҳайати 50-нафараи фарҳангиёни шаҳри Табрези Эрон дар театри опера ва балети шаҳри Душанбе охирин барномаи худро дар чаҳорчӯби Ҳафтаи фарҳангии Табрез дар Тоҷикистон баргузор карданд.

Муҳандис Алиризои Навин, шаҳрдори Табрези Эрон, ки дар расми хатми ин ҳафта ширкат дошт, гуфт, шаш рӯзи он дар Хуҷанд - бародаршаҳри Табрез гузашт ва акнун расми хотима дар Душанбе мегузарад: "Барномаҳои гуногуни фарҳангию тафреҳӣ - намоиши китоб, расму суратҳо, барномаи мусиқӣ, театр ва намоишномаҳоро пешкаши хуҷандиҳо кардем. Мо ҷамъулҷамъ 100 барнома доштем, ки ҳама муваффақ буданд."

Дар маросими хотима шаҳрдори Табрез ба Алиасғари Шердӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди тоҷик, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъияти «Пайванд» ва шоир Аскар Ҳаким нишонҳои «Табрез», «Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр»-ро тақдим кард.

Абдуҷаббори Абдуғаффор ва Ортиқи Қодир
Абдуҷаббори Абдуғаффор ва Ортиқи Қодир
Абдуҷаббори Абдуғаффор, раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ин дуввумин ҳафтаи фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон аст. Вай афзуд, дар айёми Наврӯз ҳайати 120 нафараи фарҳангиёни Эрон дар саросари кишвар ҳамчунин ҳафтаро барпо карда буданд: "Ба шарофати талошҳои пайвастаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар густариш меёбанд ва мо натиҷаҳои онҳоро мебинем."

Оқои Абдуғаффор аз сафири Тоҷикистон дар Эрон нақли қавл кард, ки агар чанд сол пеш ба сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар як моҳ 200 нафар барои раводид муроҷиат мекарданд, ҳоло ин теъдод ба беш аз 1000 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барномаи фарҳангиёни Табрез дар Душанбе берун аз нақшаҳои қаблӣ буд, аммо як зарурате ба баргузории он пеш омад. Зимнан, ин барнома дар остонаи сафари Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ нишон месупорад...
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ нишон месупорад...

Коршиносон мегӯянд, дар гузашта ҳам барномаҳои фарҳангӣ як гуна тақвият бахшидани равобити миёни кишварҳо будаанд. Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзҳо ва ҳафтаҳои фарҳангии кишварҳои Аврупову Амрико, Чину Ҳинд, Русияву дигар кишварҳо низ баргузор мешаванд.

Эраҷи Амон, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, тадобири фарҳангӣ, масалан, консерти овозхонони кишварҳои дигар аслан ҷанбаи тиҷорӣ доранд, аммо рӯзу ҳафтаҳои фарҳангӣ бештар бо ҳадафҳои сиёсӣ пиёда мешаванд: "Агар танҳо намоиши китобҳову консертҳои мусиқӣ ҳадаф гузошта шуда бошад, ин барномаҳо хеле ноқис мебуданд, зеро заминаи мардумӣ надоранд ва аслан дар сатҳи расмӣ мувофиқа мешаванд. Аммо тариқи онҳо корҳоеро мекунанд, ки наметавон тариқи сиёсат анҷом дод. Бо ин роҳ холигоҳҳои сиёсӣ як дараҷа пур мешаванд."

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, соли равон ҳафтаҳои фарҳангии Тоҷикистон низ ҳамасола дар кишварҳои дигар баргузор мешаванд ва ҳамагӣ дар сатҳҳои болоӣ, аз ҷумла сарони кишварҳо мувофиқа шудаанд. Тибқи ин манбаъ, ҳафтаи гузашта як чорабинии фарҳангӣ дар Русия баргузор шуда, ҳоло муовини вазири фарҳанг ба Украина рафтааст, то рӯзҳои наздик он ҷо низ ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон баргузор шавад. Соли равон боз як ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG