Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон маллоҳони амрикоиро озод кард


Маллоҳони амрикоӣ дар боздошт
Маллоҳони амрикоӣ дар боздошт

Сипоҳи Посдорони Эрон аз озодии маллоҳони боздоштшудаи амрикоӣ хабар дод. Эрон рӯзи гузашта 10 маллоҳи амрикоиро дар обҳои Халиҷи Форс боздошт карда буд.

Сипоҳи посдорон рӯзи 13 январ бо нашри иттилоияи расмӣ, аз озодии маллоҳони амрикоӣ хабар дод.

Аз ин пеш ​Рамазон Шариф, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории эронии "Тасним" гуфта буд, ки мақомҳои амрикоӣ "мутмаин бошанд, бархӯрди мо бар асоси раҳмату шафқати исломӣ хоҳад буд." Ба гуфтаи ӯ, "пас аз анҷоми таҳқиқот агар мушаххас шавад, ки кори онҳо барқасдона набудааст, бархӯрди дигаре сурат хоҳад гирифт."

Хабаргузории Форс рӯзи 13 январ ба нақл аз Алӣ Фадавӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳ навишт, дар мавриди боздоштшудагон "ба маҳзи дастур аз мақомоти боло" чораҳо рӯи даст гирифта мешавад.

Сухангӯи Кохи Сафед ҳам қаблан гуфт, мақомҳои он кишвар аз Теҳрон итминон гирифтаанд, ки маллоҳон ва қоиқҳояшон "фавран ва ба саломат" озод хоҳанд шуд.

Эрон маллоҳони амрикоиро озод кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Бинобар гузоришҳои аввалия, 10 маллоҳи амрикоӣ рӯзи сешанбе аз сӯи нерӯҳои эронӣ боздошт шуданд. Сухангӯи вазорати дифои Амрико ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки ин қоиқҳо байни Кувайт ва Баҳрайн дар ҳаракат буданд ва тамос бо онҳо қатъ шуд.

Сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон ба хабаргузории "Тасним" гуфтааст, онҳо "ҳарими дарёии Эрон"-ро нақз кардаанд. Ӯ дар айни ҳол гуфтааст, ки маллоҳон ба "ҳушдорҳои нерӯҳои баҳрии Сипоҳ гӯш надоданд" ва "ҳеҷ даргирӣ дар минтақаи Халиҷи Форс рух надодааст.

Мақомҳои амрикоӣ пештар гуфта буданд, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико шахсан бо Муҳаммадҷавод Зариф, ҳамтои эронии худ тамос гирифта ва ӯро дар ҷараёни ин ҳодиса қарор додааст.

Алӣ Фадавӣ, фармондеҳи нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони Эрон низ "тамосҳои дипломатӣ"-ро таъйид кард, вале афзуд, Муҳаммадҷавод Зариф "эълом кардааст, ки онҳо дар обҳои сарзамини мо буданд ва бояд узрхоҳӣ кунанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки дар авохири моҳи декабри соли гузашта гузоришҳо ва аксҳо аз мушакпаронии озмоишии нерӯҳои Сипоҳ дар Халиҷи Форс, дар ҳангоми вуруди як киштии ҳавопаймобари амрикоӣ мунташир шуда буд. Аммо Эрон ин иттиҳомро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG