Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Морхӯр дар Тоҷикистон ҳайвони "нодир" нест


Бозрасии ҳифзи давлатии Тоҷикистон бузи морхӯрро аз руйхати ҷонварони дар арафаи нобудшавӣ қарор дошта, берун кардааст. Хайрулло Ибодзода, раҳбари ин Идора рӯзи 17 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси охирин монитор, дар Тоҷикистон 1,5 ҳазор бузи морхӯр сабт шудааст. Аз ин рӯ, ин чонвар аз рӯйхати ҳайвоноти дар арафаи нобудшавӣ қарордошта, берун карда шуд.

Морхӯр нодиртарин ҳайвон аст, ки танҳо дар Тоҷикистону Покистон ба сар мебарад. Морхӯр қимматтарин ҳайвон аст, ки барояш дар Тоҷикистон иҷозатномаи шикор медиҳанд. Шикори як морхӯр 223 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Имсол Тоҷикистон иҷозаи шикори ҳафт морхӯрро додааст, ки онҳоро шаҳрвандони Амрико харидорӣ кардаанд

XS
SM
MD
LG