Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули ширкати эронӣ: Аз «Тоҷикэйр» шикоят хоҳам кард


Ризо Атоӣ, масъули ширкати "Гулкадаи Ситораи Беназир"
Ризо Атоӣ, масъули ширкати "Гулкадаи Ситораи Беназир"

Масъули як ширкати эронӣ мегӯяд, аз баргузор кардани Намоишгоҳи гулу гиёҳ дар шаҳри Душанбе хисороти зиёди молӣ дидааст.

Ба гуфтаи Ризо Атоӣ, мудири ширкати «Гулкадаи Ситораи Беназир», наздик ба 4 ҳазор дона гули шохабурида дар фурудгоҳи Имом Хумайнии Ҷумҳурии исломии Эрон монда хароб шудааст, ки ин ба ширкат 4 ҳазор доллар зарар овардааст.

Ризо Атоӣ мегӯяд, «ҳазинаҳои хеле калонеро аз мо талаб карданд. Ин гулҳо барои дизайн истифода мешаванд. Вале ин ҳазинаҳоро чаро мо бипардозем, ман дарк намекунам. Мо ҳатто розӣ шудем, ки ҳазинаҳоро бисупорем, вале розӣ нашуданд ва бархӯрди баде бо ҳамкорони мо доштанд, ки аз рафтори онҳо шикоят хоҳем кард. Мо ҳама гуна аснод ва мактуб доштем, вале иҷозат надоданд.»

Аммо масъулини ширкати «Тоҷикэйр», ки интиқоли гулу гиёҳҳо тавассути ҳавопаймои ин ширкат сурат гирифтааст, иддаои Ризо Атоиро рад мекунанд.
Лола Кенҷаева, сухангӯи ин ширкат мегӯяд, «ба намояндаи Хадамоти бори мо муроҷиати хаттӣ накардаанд. Танҳо вақти парвози ҳавопаймо 8 бастаи бузургҳаҷм овардаанд, ки мо аслан иҷозаи интиқоли чунин борро надорем. Чун ҳар кадоми он аз 50 кило зиёд аст. Мо имкони интиқоли то 30 кило борро дорем. Вале онҳо аз пардохти маблағ даст кашидааст. Мо наметавонем ройгон борашонро интиқол диҳем.»

Ширкати эронии «Гулкадаи ситораи беназир» дар Намоишгоҳи гулу гиёҳ, ки аз 2 то 6 июл дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе сурат мегирад, 65 навъи гулу гиёҳ ва 135 ҳазор ниҳол ро ба намоиш ва фурӯш гузоштааст. Аммо дар татбиқи ин иқдоми худ бо мушкилоти зиёди гумрукӣ ва молиётӣ рӯбарӯ шудааст. Муҳаммадраҳим Юсуфов мегӯяд, ҳамаи хароҷоти гумрукӣ ва дигар хароҷоти нақлиётӣ ба зиммаи ширкати «Гулкадаи Ситораи Беназир» вогузор шудааст.

Ширкати «Гулкадаи ситораи беназир» ба ҷузу гулу гиёҳҳо гулдонҳо, ғизоҳои органикӣ, тухмии гулҳои рангорангро низ ба намоиш гузоштааст. Ин ширкат 17 сол боз фаъолият дорад ва дар кишварҳои Олмон, Фаронса, Ҳолланд ва Туркия намоишгоҳ баргузор кардааст. Ризо Атоӣ аз он изҳори норизоӣ мекунад, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ дар Тоҷикистон на тиҷорат, балки муаррифӣ ва рушди парвариши гулу ниҳол буд, аммо мақомоти Тоҷикистон аз онҳо боҷи калоне талаб карданд.

Гулу гиёҳи эронӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Ин дар ҳолест, ки Абдураҳим Умаров, масъули дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Тоҷикистон, ситонидани боҷи гумрукӣ дар ин мавридро амри қонун медонад. Оқои Умаров мегӯяд, «агар чорабинии фарҳангӣ бошад ва расман тасдиқ шуда бошад ва он бор баъди намоишгоҳ бозпас ба он кишвар фиристода шавад, аз пардохтҳои гумрукӣ озод аст. Вале вақте, ки низоми гумрукӣ қабул карда шуд, соҳиби мол метавонад ба фурӯш гузорад.

Ҳарчанд масъулони намоишгоҳ таъкид мекунанд, ки ғарази тиҷорат надоштанд, ҳолати хариду фурӯши гулу ниҳолҳо дар боғи ботаникӣ мушоҳида мешавад ва баърхе харидорон қимати гулҳоро гарон арёбӣ мекунанд. Қурбоналӣ Орзуев, сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, «нархи гулҳо барои мардуми Тоҷикистон хеле қимат аст. Як гулро 500 сомонӣ мегӯянд, ки баробари 5 халта орд аст ва яксола ғизои ман мешавад.»

Қурбоналӣ Орзуевмегӯяд, нархи гулҳо барои мардуми Тоҷикистон хеле қимат аст
Қурбоналӣ Орзуевмегӯяд, нархи гулҳо барои мардуми Тоҷикистон хеле қимат аст
Ризо Атоӣ низ баланд будани қимати гулҳоро иқрор мекунад, аммо ҳазинаи роҳ ва молиёти зиёдро сабаби аслии гарон шудани нархи гулҳо медонад. Ба назари ӯ, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳо пардохти боҷу андозҳоро коҳиш медоданд, ин тадбир ба рушди соҳаи парвариши гулу ниҳолҳое, ки дар Тоҷикистон камназиранд, мусоидат мекард.

«Худатон андеша кунед, агар ҳамоҳангии кӯчак сурат мегирифт ва мардум он гулу дарахтҳоеро, ки ҳаргиз надидаанд, медиданд, беҳтар буд, ё зарари молие сангине ба ман хӯрд? Ҳоло ман намедонам, чӣ қадар андоз бояд супорам. Ман метарсам, дафъаи дуюм ин корро бикунам», -мегӯяд Ризо Атоӣ.

Ширкати «Гулкадаи ситораи беназир» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон чунин намоишҳоро баргузор мекунад. Қаблан низ ҳангоми баргузории намоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд, бо мушкилот рӯба рӯ шудааст. Ширкат натавонистааст борашро аз сарҳади Узбакистон ба Тоҷикистон ворид намояд ва 25 дарсади ниҳолҳои нодир нобуд шудааст.
XS
SM
MD
LG