Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯҳонии шинохтаи Эрон интернети босуръати мобилиро “ғайриисломӣ” хонд ва аз мақомоти ин кишвар даъват кард, ки аз рушди он пешгирӣ кунанд.

Носир Макорими Шерозӣ, рӯҳонии саршинос аз ҷиноҳи тундрави Эрон гуфтааст, ки интернети босуръати мобилӣ ва телефони мобилии насли сеюм (3G) бо Ислом муғойират доранд ва меъёрҳои ахлоқиро ба ҳам мезананд. Ин рӯҳонӣ мегӯяд, мақомот интернети босуръати мобилиро, қабл аз он ки мардум ба он дастрасии густарда пайдо кунанд, маҳдуд намоянд.

Макорими Шерозӣ интернети мобилиро омили густариши фисқу гуноҳ унвон кардааст. Изҳороти Шерозӣ бар пояи дархости гурӯҳе аз корбарони интернет ва миён омад ва дар саҳифаи хусусии Шерозӣ пахш шуд. Дар ин изҳорот Макорими Шерозӣ аз мақомот даъват кардааст, ки танҳо аз пайи суди молӣ набошанд ва зиёни 3G-ро бо Шӯрои олии фазои маҷозӣ матраҳ кунанд.

Изҳороти ин рӯҳонӣ дар ҳоле пахш шуд, ки мақомоти Эрон ба як қатор ширкатҳои мобилӣ ваъдаи муҷаввизи пахши интернети босуръатро доданд. То ҳол дар ин кишвар танҳо ширкати мобилии “Регтел” аз ҳаққи истифода аз 3G бархӯрдор буд. Дар чанд ҳафтаи ахир ду ширкати мобилии дигар низ мучаввизи пахши 3G дарёфт карданд. Бо ин ҳам 3G танҳо бахши кӯчаки бозори хадамоти мобили Эронро пӯшиш медиҳад.

Носир Мукаррам Шерозӣ

Носир Мукаррам Шерозӣ

Гурӯҳи корбарони фаъоли интернет, ки сабабгори пахши изҳороти Шерозӣ шудаанд, мегӯянд, Эрон барои пешгирӣ аз зарари интернети босуръат сохторҳои таъсиргузор надорад. Онҳо дастёбии корбаронро ба филму аксҳои фаҳш омили суқути модели оиладорӣ дар кишвар, ҷосусӣ ва ба фурӯши асрори давлатӣ унвон кардаанд.

Изҳороти рӯҳониёни тундрав дар мавриди хатари интернети босуръат талошҳои Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти кишварро, ки нармиши сонсур ё цензураи интернетиро ваъда кардааст, ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. нестӣ мебарад. Рӯҳонӣ ҳамзамон раҳбари Шӯрои олии фазои маҷозӣ аст, ки акнун бояд ба ҳукумат дастур бидиҳад, ки бо интернети босуръати мобилӣ чӣ кор кунад. Аммо гумон аст, ки ӯ битавонад масъаларо ба фоидаи ҳукумат ва тенолоҷии ҷадид ҳал кунад. Дар ин Шӯро бештар муҳофизакорон ва ҷонибдорони ҷиноҳи тундрав, ба монандаи раҳбари сохторҳои додгоҳии Эрон, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб ва раҳбари шабакаи садову симои Эрон нуфӯз доранд.

Сохтори назорат ба Интернет соли 2012 бо амри раҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманаӣ таъсис ёфт, ки мегӯяд, “эрониҳоро бояд аз зарари пахши иттилоот ва технологияҳои мухобиротӣ ҳимоят кард.” Авоили соли равон раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ аз ҳаққи мардум барои истифодаи интернет пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин пойгоҳ бояд ҳамчун фурсати муносиб баррасӣ шавад, на ҳамчун манбаи хатар.

Яке аз марокизи интернетӣ дар Теҳрон

Яке аз марокизи интернетӣ дар Теҳрон

Дархости корбарони фаъоли интернет аз Шерозӣ ва посухи ӯ ба ин дархост далели ин аст, ки сарфи назар аз сонсури шадид ва санҷиши муназзами саҳифаҳо, интернет барои ҷиноҳи тундрав ҳамчун манбаи фасоди ахлоқӣ ва таҳдидии амнияти давлат боқӣ мемонад. Макорими Шерозӣ аз рақибони қадимии 3G аст ва соли гузашта гуфта буд, ки зарари сӯҳбатҳои видеоӣ аз тариқи интернет бештар аз фоида он аст.

Интиқоди Макорими Шерозӣ аз 3G баҳсҳои тезу тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Аксари эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дахолати рӯҳониҳоро ба умури мухобироти интернетӣ танқид мекунад ва мегӯянд, Интернет ҳамчун обу нон барои инсон зарур аст ва он бояд ҳамчун абзори пешрафт эътироф шавад.

“Дар кишвари ақибмондаи мо дар ҳама гуна пешрафт ҷурму гуноҳ мекобанд, агар ин тавр бояд ангур ҳам бояд “ҳаром” эълон шавад, зеро шароб аз ангур тавлид мешавад,” – гуфтааст як корбари шабакаи иҷтимоӣ аз Эрон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG