Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро Самарқанду Бухоро аз дасти тоҷикҳо рафт?


Нишону парчами СССР

Нишону парчами СССР

Як донишманди эронӣ пуштибонии тоҷикон аз ҳаракати босмачиҳоро иллати асосии аз дасти онҳо рафтани Бухорову Самарқанд номидааст. Ба ақидаи Баҳром Амираҳмадиён, халқҳои Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ нақши “дандони тило”, яъне манбаи ашёи хом ва нирӯи кори арзонро бозӣ мекарданд.

Донишманди улуми ҷуғрофиёи сиёсии Эрон доктор Баҳром Амираҳмадиён дар як нишаст дар Шӯрои нависандагони сиёсиву фарҳангии Муассисаи мутолиоти Эрону АвроОсиё дар Теҳрон гуфтааст, ҳукумати болшевикии Иттиҳоди Шӯравӣ ба нишони интиқом аз пуштибонии мардум тоҷик аз ҳаракати босмачигарӣ шаҳрҳои таърихии Бухорову Самарқандро аз ин мардум гирифта, ба Узбакистон дод.

Бино ба гузориши сомонаи iras.ir – пойгоҳи интернетии Муассисаи мутолиоти Эрону АвроОсиё, доктор Баҳром Амираҳмадиён дар посух ба як суоли аҳли ин нишаст дар мавриди чаро ба дасти Узбакистон рафтани Бухорову Самарқанд чунин посух додааст: “Дар замони ташкили Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, болшевикҳо ба талофии пайвастани тоҷикҳо ба қиёми босмачиҳо, шаҳрҳои муҳиме, чун Самарқанду Бухороро ба Узбакистон илҳоқ доданд ва Тоҷикистон ба кишваре кӯҳистонӣ ва маҳдуд табдил шуд. Баъдҳо Абулқосим Лоҳутӣ, шоиири эронии сокини Тоҷикистон талоши бисёриеро дар ҳизби коммунист ба кор баст кард, то назари Сталин (раҳбари вақти СССР Иосиф Сталин)-ро барои бозгардондани шаҳрҳои ёдшуда ба Тоҷикистон ба даст оварад, аммо бахт бо тоҷикҳо ёр набуд ва пазириши ин лоиҳа бо шурӯи ҷанги ҷаҳонии дувум боис мешавад, ки ба фаромӯшӣ супурда шавад.”

Самарқанду Бухоро дар ҷараёни тақсимоти марзии солҳои 20 дар ҳайати Узбакистон монд. Тоҷикистон низ, ки соли 1924 ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухтор таъсис ёфта буд, то соли 1929 дар ҳайати Узбакистон буд ва танҳо дар 16 октябри соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии мустақил мустақиман тобеи Маскав ва соли 1991 баъди суқути СССР мустақил шуд, вале дигар Самарқанду Бухоро бо Узбакистон монданд.

Иосиф Сталин

Иосиф Сталин

Баҳром Амираҳмадиён, ки дар ин нишаст дар мавзӯи “Истиқлол, ҳувият ва миллигароӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ” суханронӣ мекард, гуфтааст, бо вуҷуди гузашти 23 сол аз касби истиқлол аксари кишварҳои пасошӯравӣ то ҳол дар ҳамон ботлоқи низомҳои худкомае, ки аз СССР мерос гирифтанд, дармондаанд. Фақат ба ин фарқ, ки ҳокимони нави ин кишварҳо ба хотири касби машрӯъияти бештар ба ин низомҳои худкомае, ки асбоби ҳукмронии онҳоро фароҳам мекунанд, ҷомаи “миллӣ” ё “миллигароӣ” пӯшондаанд.

Донишманди эронӣ мудирияти заиф, набуди озодиҳои сиёсиву низоми демократӣ ва дар дасти як ҳизби ҳоким мунсаҷим шудани тамоми маъмуриятро аз аломатҳои хоси аксари кишварҳои пасошӯравӣ номид.

"Мағз"-и СССР кӣ буду "дастон"-аш - кӣ ва "дандон"-аш - кӣ?

Ба ақидаи Баҳром Амираҳмадиён, сарфи назар аз онки ҳокимони Шӯравӣ дам аз “дӯстии халқҳои бародари Шӯравӣ” ва сохтани қавми наву муттаҳиде бо номи “инсони шӯравӣ” мезаданд, дар асл миллигароӣ дар таркиби СССР ба гунае барҷаса корбаст шуда буд ва амалан, бино ба бароварди ин донишманд, халқҳои сокини Иттиҳоди Шӯравӣ аз сӯи ҳокимонаш ба се навъ ё сорт тақсим шуда буданд:

  • Мағзҳои тилоӣ: ба ақвоми славянӣ итлоқ мешавад, ки умуман корҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ба таври кул мутафаккир ҳамаи умур буданд.
  • Дастони тилоӣ, ки ба санъатгарон гуфта мешавад ва ба ақвоми ҳавзаи Балтик, Молдова ва дар Қафқоз арманиҳо итлоқ мешавад.
  • Дандони тилоӣ, ки ба мардуми кишварҳои тавлидкунандаи маводи хом ва нирӯҳои кори сода, ки кишварҳои Осиёи Марказиро дар худ ҷой медиҳад.

Маншури Русия барои ҳимоят аз русзабонҳо

Баҳром Амираҳмадиён

Баҳром Амираҳмадиён

Амираҳмадиён мегӯяд, оқибатҳои ин ҷудоиандозии қавмӣ танҳо дар марҳалаи аз ҳам пошидани СССР рӯи об баромад ва миллигароие, ки ҳоло аксари кишварҳои пасошӯравиро, аз ҷумла дар сатҳи сиёсати давлатии бархе аз ин давлатҳо, фаро гирифтааст, як навъ посухе ба он ҳама камбинии қавмиест, ки Маскав дар тӯли даврони Шӯравӣ нисбат ба ин ақвом нишон медод. Зимнан ба ақидаи ин таҳлилгар, як мушкили умдаи истода дар назди кишварҳои пасошӯравӣ боз ҳам омили Русия аст, ки дар ин авохир, бахусус дар пасманзари бӯҳрони Украина, қартаи ҳимоят аз аҳолии русзабонро ба як хатти меҳварии сиёсату нуфузҷӯиҳои дигарборааш дар паҳнои пасошӯравӣ табдил додааст.

Баҳром Амираҳмадиён мегӯяд: “Мушкили бузурге ки сари роҳи ташкили давлатҳои миллӣ дар кишварҳои истиқлолёфта вуҷуд дорад, бархӯрди давлати Русия бо ироаи маншури ҳимоят аз ақвоми рус дар ҳар сарзамине аст, ки сабаб мешавад, то кишварҳои дарбардорандаи ҷамъияҳои бузурги рустабор натавонанд як кишвари давлатмиллат ва якпорча эҷод кунанд ва ҳамвора маҷбур ба тамкин аз Русия ҳастанд. Мушкили бузурге ки мунҷар ба даргириҳои кунунӣ дар хоки ин кишвар (Украина) бо рустаборҳои ҷудоиталаб шудаасту мисоли боризи ҳамин масъалаи ҷобаҷоӣ дар асри Шӯравӣ мебошад.”

Осиёи Марказӣ дар пешорӯи тағйирот

Ба назари ин донишманди эронӣ, дар баробари мушкили нуфузталабиҳои дубораи Маскаву камбуди озодиҳои сиёсӣ ва мудирияти заиф, мушкили дигаре ки низ аз домани кишварҳои бахусус Осиёи Марказӣ гирифтааст, масъалаи табдили насли ҳокимонаш мебошад. Амираҳмадиён мегӯяд, табдили роҳбарони солдидаи ин минтақа дар шароити тақвияти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рушди фанновариҳои интернетӣ сурат мегирад ва ҳатман тағйироти ҷиддӣие дар идораи давлат ва умури байналмилалии ин кишварҳоро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Харитаи Шӯравии собиқ

Харитаи Шӯравии собиқ

Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1922, баъди 5 соли суқути ҳукумати подшоҳии Русия ва сари қудрат омадани ҳизби коммунист таъсис ёфт, дар моҳи декабри соли 1991 барҳам хӯрд. Ба дунболи суқути ин кишвари абарқудрат ҳамаи 15 ҷумҳурии тобеи он, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун кишварҳои мустақил узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд. Аммо дар бисёре аз кишварҳои ин паҳно ҳукуматҳои худкома ва сулолавӣ, ки аз як клан ё ҳизб намояндагӣ мекунанд, ба қудрат расидаанд ва ба шаклҳои зоҳиран мухталиф, вале моҳиятан яксон қудратро дар ин паҳно дар панҷаҳои худ мунсаҷим кардаву дигар аз даст раҳо карданӣ нестанд.

Дар Озарбойҷон, барои мисол, баъди 10 соли ҳукмронии Ҳайдар Алиев (1993 -2003) инак 11 сол боз писари ӯ Илҳом Алиев ҳукумат меронад. Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов аз соли 1989, инак 25 сол боз бар Қазоқистону Узбакистон раҳбарӣ мекунанд. Дар Туркманистон аз соли 1985 то 2007, дар тӯли 22 сол зимоми раёсат дар дасти Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ буд. Баъди фавти ӯ ба тахти ин кишвар ворисаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нишаст, ки 7 сол боз раиси ин ҷумҳурист.

Расми савганди чоруми раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон. 13 ноябри соли 2013

Расми савганди чоруми раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон. 13 ноябри соли 2013

Дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҳукмронӣ мекунад ва дастикам то соли 2020 дар раёсат хоҳад монд. Дар Русия Владимир Путин бо 4 сол фосила (2008-2012), ки рёсати ин ҷумҳурӣ расман ба дасти парвардаи ӯ Дмитрий Медведев "иҷора" дода шуд, инак аз соли 2000 ба ин тараф дар сари қудрат аст. Дар Арманистон баъди ду давраи раёсати Роберт Кочариён, инак ду навбат боз ҳамклани ӯ Серж Саркисиён ҳукм меронад. Ҳамин тавр, дар Беларус ҳукумат аз соли 1994 дар панҷаҳои Аляксандр Лукашенка мунсаҷим шудааст ва зоҳиран ӯ баа ин зудиҳо қудратро раҳо карданӣ нест.

Дар паҳнои пасошӯравӣ танҳо се кишвари соҳили Балтик, Молдова, Гурҷистон, Қирғизистон ва Украина дар 23 соли гузашта аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ табдили демократии қудратро таҷриба кардаанд. Вале ҳукуматҳои худкома ва Русия бо таъкид ба бӯҳронҳое, чун ҷудоиталабии вилояти аксаран русзабони Приднестрове аз Молдова, ҷудо кардани Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз Гурҷистон, ҷунбишҳои ҷудоиталабии рустаборҳо дар шарқи Украина ё ошӯбҳои қавмии хунини соли 2010 дар Қирғизистон ба гӯши мардумони худ ин ақидаро талқин мекунанд, ки дур шудан аз меҳвари Маскав ваё “ношукрӣ” ба суботе, ки ҳукуматҳои худкома таъмин мекунанд, чӣ нархе дошта метавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG