Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадҷавод Зариф: "Нобоварӣ миёни Эрону Амрико фоҷиа аст"


Истиқбол Муҳаммадҷавод Зариф баъд аз натиҷаи музокироти Лузан
Истиқбол Муҳаммадҷавод Зариф баъд аз натиҷаи музокироти Лузан

​Вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, беэътимодӣ миёни Теҳрону Вашингтон фоҷиаи таърихист. Ӯ ин ҳарфҳоро дар пайи шарҳи духелаи лағви таҳримҳо аз тарафи мақомҳои Эрону Амрико баён дошт.

Муҳаммадҷавод Зариф -- вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар Ғарб дар аҳдаш барои лағви таҳримҳо устувор намонад, Теҳрон ин имконро дорад, ки ба барномаҳои ҳастаияш дар сатҳи зарурӣ идома диҳад.

Оқои Зариф ин ҳарфҳоро дар мусоҳибаи шоми 4-апрелияш бо шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурии исломӣ баён дошт ва афзуд, "нобоварӣ миёни Эрон ва Амрико фоҷиаи таърихӣ аст ва умед дорем, ин музокирот тавонад фоҷиаро аз байн барад".

Ӯ афзуд, "он чи Иёлоти Муттаҳида дар бораи чигунагии бардошта шудани таҳримҳо гуфтааст, хилофи натиҷаи музокироти Лазун аст". Вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, ҳатто Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди он ки ӯ “хилофгӯии мақомҳои амрикоӣ” медонад, ба Вашингтон эътироз кардаанд.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ дар мавриди "андозаҳои калидӣ”-и созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин тавофуқ, Эрон барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, мегӯяд, миёни тасвиб ва иҷроӣ шудани тавофуқи ҳастаии ин кишвар фосила вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида баъд аз қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал муваззаф ба лағви таҳримҳо алайҳи Эрон аст. Ӯ афзудааст, “таҳримҳо алайҳи Эрон се қисмат аст: таҳримҳои Шӯрои амният, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида.”

Ба қавли раиси гурӯҳи музокиракунанда дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон, қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал аз рӯзи тавофуқ ҳазф мешаванд ва ин Шӯро танҳо назорат бар иҷрои тавофуқро бар уҳда хоҳад дошт. Муҳаммадҷавод Зариф афзудааст, агар тавофуқ ба иҷро бирасад ва дар Шӯрои амният тасвиб шавад, дигар он баҳсе, ки ҷумҳурихоҳон дар Конгресси Амрико матраҳ карда буданд, яъне ҳар тавофуқе бо Обама танҳо то поёни давраи раҳбарии вай эътибор дорад, аз байн хоҳад рафт.

Сенаторони ҷумҳурихоҳ дар номае саркшода ба раҳбарони Эрон ҳушдор дода буданд, ки ҳаргуна тавофуқи ҳастаӣ бо давлати Амрико бидуни ризояти комили Конгресс пас аз раёсати ҷумҳурии Обама давом нахоҳад ёфт. Оқои Зариф мегӯяд, рӯзе ки қатънома тасвиб шавад, тарафҳо бояд иқдомоте анҷом диҳанд ва байни тасвиб ва иҷроӣ шудани тавофуқ фосила вуҷуд дорад. Вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, замоне ки қатънома иҷроӣ шуд ва Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ ё МАГАТЭ тасдиқ кард, ки Теҳрон иқдоми лозимро анҷом додааст, Амрико вазифадор аст, таҳримҳои молӣ ва иқтисодӣ алайҳи Эронро лағв намояд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар суханоне таъкид кардааст, тавофуқи ниҳоӣ бар асоси қавлу қарор на, балки бар асоси шоҳидону ҳуҷҷатҳо хоҳад буд. Муҳаммадҷавод Зариф мегӯяд, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бо расидан ба тавофуқи ниҳоӣ бардошта мешавад.

XS
SM
MD
LG