Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Эрон дар бораи фиристодани нерӯ ба Покистон


Эрон таҳдид кард, ки барои мубориза бо шӯришиёни мухолифи давлат ба қаламрави Покистон сарбоз мефиристад.

Вазири умури дохилии Эрон мегӯяд, ки агар Покистон бар зидди шӯришиён дар минтақаҳои марзӣ миёни ду кишвар иқдом накунад, Теҳрон ба ин минтақаи ноором сарбоз мефиристад.

Абдуризо Раҳмони Фазлӣ дар вокуниш ба гаравгонгирии чанд сарбози нерӯҳои сарҳадии Эрон аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳи дар Балуҷистон ин суханро баён кард. Ҳафтаи гузашата гурӯҳи "Ҷайш-адл" ё артиши адолат тасвирҳои марзбонони Эронро дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ пахш кард. "Ҷайш-ал Адл" иддао кардааст, ки ин сарбозонро аз вилояти Сиистон ва Балуҷистони Эрон рабудааст.

Эрон мегӯяд, раҳбар ва аъзои ин гурӯҳ дар Покистон ва шояд ҳам дар бахшҳое аз Афғонистон паноҳ бурдаанд. Вилояти Сиистон ва Балуҷистони Эрон бо нооромтари минтақаҳои Афғонистон ва Покистон ҳамсарҳад аст.

Вазири умури дохилии Эрон мегӯяд, аз Покистон хостааст то дар раҳоии сарбозони эронӣ ва дастгирии рабояндагони онҳо иқдом кунад, варна Теҳрон худ даст ба кор хоҳад шуд. Абдуризо Раҳмони Фазлӣ шӯришиён дар қаламравҳои Афғонистон ва Покистонро таҳдиде барои амнияти Эрон хонд. Ӯ мегӯяд, Афғонистон ва Покистон ҳеҷ назорате дар қаламравҳои худ дар минтақаҳои марзӣ бо Эрон надоранд.

Ҳафтаи гузашта вазорати умури хориҷии Эрон сарпарасти сафорати Покистон дар Теҳронро эҳзор кард ва аз тариқи вай аз Исломобод хост бар зидди гурӯҳи "Ҷайш-ул-Адл" иқдоми ҷиддӣ ва амалӣ кунад.

Гурӯҳи "Ҷайш-ул- Адл" гурӯҳи суннимазҳабест, ки моҳи ноябр масъулияти қатли як додраси баландпояи эронӣ ба дӯш гирифта буд. Ин гӯрӯҳ ҳамчунон дар моҳи октябри соли гузашта 14 марзбони эрониро дар як камин ба қатл расонида буд.
XS
SM
MD
LG