Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси дастаи футболи "Зуби оҳан"-и Исфаҳон гуфтааст, агар тасмим бошад, ки бозиҳои тимҳои Арабистон ва Эрон дар як кишвари бетараф баргузор шавад, онҳо як кишвари форсизабонро интихоб мекунанд ва интихоби онҳо Тоҷикистон аст.

Масъулони дастаи футболи "Зуби оҳан"-и Исфаҳони Эрон гуфтаанд, агар қарор бошад, ки бозӣ миёни ин даста ва тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ дар як майдони бетараф баргузор шавад, онҳо Тоҷикистонро интихоб мекунанд.

Саъид Озарӣ, мудири масъули бошгоҳи "Зуби оҳан" рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми январ ба Хабаргузории Донишгоҳи Озоди Исломӣ дар мавриди изҳороти масъулони бошгоҳи "Ан-Наср"-и Арабистон дар бораи бозӣ накардан дар Эрон дар чаҳорчӯбаи рақобатҳои Ҷоми бошгоҳҳои Осиё гуфтааст, ки "масъулони бошгоҳи "Ан-Наср" назари шахсии худашонро гуфтанд ва тасмимгирандаи ниҳоӣ дар ин маврид, Конферератсияи футболи Осиё аст. Мо бояд мунтазири тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бошем ва баъд аз он дар ин маврид сӯҳбат кунем."

Вай гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд бозиҳо дар Арабистон ва ё Эрон баргузор мешаванд. Чун масъулони AFC ба ин бовар ҳастанд, ки набояд варзиш ва футболро ба сиёсат омехта кард.

Мудири масъули дастаи "Зуби оҳан"-и Исфаҳон дар посух ба ин суол, ки дар сурате агар қарор бошад дар як кишвари савум бозӣ кунанд, чӣ кишвареро барои мизбонӣ интихоб мекунанд, гуфтааст, "агар тасмим бар ин бошад, ки дар як кишвари бетараф бозиҳои ду кишвари Эрон ва Арабистон баргузор шавад, интихоби моҳ ҳам Тоҷикистон аст, чун ҳам як кишвари форсизабон аст ва ҳам варзишгоҳи муносибе дар ихтиёр дорад."

Вай дар идома гуфтааст, ки "вақте масъулони "Ан-Наср" ҳозир нестанд дар Исфаҳон муқобили "Зуби Оҳан" бозӣ кунанд, қатъан мо ҳам дар ин кишвар ба майдон намеравем. Аммо дар сурати мувофиқати онҳо барои ҳузур дар Эрон ва бозӣ баробари "Зуби Оҳан" дар Исфаҳон, роҳу расми меҳмондориро ба арабистониҳо ёд медиҳем."

Бархе мақомҳои варзишӣ дар Арабистони Саудӣ қаблан таъкид карда буданд, ки тимҳои футболи ин кишвар дар Эрон бозӣ нахоҳанд кард ва ба гуфтаи онҳо, Конфедератсияи футболи Осиё бояд бозиҳои дастаҳои ду кишварро дар замини бетараф баргузор кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шуда буд, ки қуръакашии гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё анҷом шуда ва дастаҳои "Тракторсозӣ"-и Табрез ва "Зуби Оҳан"-и Исфаҳон мизбони рақибони худ "Ал-Ҳилол" ва "Ан-Наср" аз Арабистони Саудӣ ҳастанд.

Рӯзномаи "Ар-Риёз"-и Арабистон қаблан ба нақл аз раиси Кумитаи олимпии он кишвар навишт, бинобар адами пойбандии Эрон ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҳифзи сафоратхонаҳо ва ҷойҳои дипломатӣ, чигуна метавонем тимҳои худро ба Эрон бифиристем. Амният ва саломатии бозикунон барои мо муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.

Баъд аз он, ки раиси тими "Ал-Ҳилол" таъкид кард, ки дастааш дар Табрез ба майдон нахоҳад рафт, тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ ҳам аз Конфедератсияи футболи Осиё хост, ки бозӣ бо "Зуби Оҳан"-ро дар майдони бетараф баргузор кунад.

Сухангӯи Федератсияи футболи Осиё гуфт, дархосте аз дастаҳо дар бораи нарафтан ба Эрон дарёфт накардаанд, аммо ин ниҳод нигаронӣ ва тарс аз бозӣ дар Эронро дарк мекунад ва беҳтарин тасмимро хоҳанд гирифт.

Арабистони Саудӣ пас аз ҳамлаҳои рӯзи 2-уми январ ба сафорат ва консулгариаш дар Теҳрон ва Машҳад, робитааш бо Ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кард. Ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳад ба дунболи эъдоми рӯҳонии саршиноси шиаи арабистонӣ Нимр Боқир Ан-Нимр сурат гирифт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG