Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мувофиқатномаи амниятӣ ва ҳарбии Тоҷикистону Эрон, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар авҷи норозиятҳои Душанбе аз Теҳрон дар парлумони он кишвар тасвиб шуда буд, мавриди иҷро қарор гирифт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи 17 март тарҳи мувофиқатномаи амниятӣ ва низомии Тоҷикистону Эронро имзо карда, барои иҷро ба вазорати корҳои дохилии кишвараш фиристодааст. Ин мувофиқатнома дар моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи парлумон ё Маҷлиси Эрон тасвиб шуда ва баъдан Шӯрои нигаҳбон низ онро тайъид карда буд.

Мувофиқатномаи амниятӣ ва низомии Тоҷикистону Эрон аз муқаддима ва 11 модда иборат аст. Дар он таъкид шуда, ки ду кишвар ҳамкориро дар бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва фаъолияти ҳамагуна нерӯҳои кишвари севум дар сарзамини яке аз тарафҳо тақвият мебахшанд.

Инчунин, ҷилавгирӣ ва мубориза бо қочоқи инсон, маводи мухаддир, пулшӯӣ, мубориза бо фурӯши силоҳ, муҳимот ва маводи тарканда аз бахшҳои муҳими ин мувофиқатнома будааст. Ҷонибҳо дар ин мувофиқатнома гуфтаанд, ки фаъолияти пулиси байналмилалӣ ё Интерполи ду кишварро ҳам тақвият хоҳанд дод.

Иҷрои ин мувофиқатнома ба дӯши вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар вогузор шуда ва гуфта шудааст, ки муҳлати иҷрояш бемаҳдуд аст.

Аммо ин мувофиқатнома дар ҳоле аз сӯи Маҷлиси Эрон тасвиб гардида ва баъдан аз сӯи раисиҷумҳури он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ ба имзо расид, ки Тоҷикистон баъд аз баргузории ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта ин кишварро ба ҳимоят аз мухолифони таҳти пайгардаш муттаҳам кард. Мақомоти Тоҷикистон

гуфтанд, бар хилофи он ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалист ва барои ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой дод.

Ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 декабри соли гузашта Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кард. Ба дунболи ин, дар бисёре аз масоҷиди Тоҷикистон имомхатибон Эронро барои ҳимоят аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам карданд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо низ дар чанде аз мавъизаҳои пеш аз намози ҷумъааш гуфта буд, “дар ҳоле ки моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ

феҳристи аҳзоби террорист шомил карда ва фаъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард, даъвати расмии раҳбари ин ҳизб ба Теҳронро чӣ гуна бояд тавзеҳ дод? Ҳоло рӯшан шуд, кӣ аз ин ҳизби террорист ва раҳбари он ҳимоят ва пуштибонии молӣ мекунад.”

Аммо шиддати ин танишҳо ба дунболи посухи Муҳаммадҷавод Зариф, взаири корҳои хориҷи Эрон ба ёддошти Тоҷикистон ва сафари муовини ӯ Иброҳими Раҳимпур ба Душанбе то ҳадде поин шуд. Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе низ дар суҳбати 14 январаш бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, "оромиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа хостаи мо аст."

Эрон дар баробари Русия ва Чин яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад. Ин кишвар то кунун дар Тоҷикистон нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 2”-ро сохтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG