Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қафас андохтани афғонҳо дар Шероз ҷанҷол барангехт


Нишон додани иддае аз муҳоҷирони ғайриқонунии афғон дар дохили "қафаси оҳанин" дар намоишгоҳи дастовардҳои нерӯҳои интизомӣ ба унвони "кашфи пулиси Шероз" эътирози чанд шахсияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва корбарони фазои маҷозии эронӣ ва афғонро ба бор овардааст. Мақомоти нерӯҳои интизомӣ ва вазорати корҳои дохилии Эрон ҳанӯз ба ин иқдом вокуниш нишон надодаанд.

Нерӯҳои интизомии Эрон рӯзи 6-уми сентябр намоишгоҳе аз "кашфи пулис дар 48 соати гузашта"-ро баргузор карданд, ки бахше аз колоҳои мусодирашуда тавассути ин нерӯ, аз ҷумла маводи мухаддир, машрубот ва филмҳои "ғайримуҷоз"-ро нишон медод.

Шарм бар мо, ки дидем ва сукут кардем. Бо омилони беҳурматӣ бо бародарони афғонам сухане надорам, ки бӯе аз инсоният надоранд. Мо чаро сукут мекунем? Чаро эътироз намекунем?
Алӣ Ҷамолӣ, узви Шӯрои марказии таҳкими ваҳдат

Дар ҳамин намоишгоҳ теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон ба сабаби надоштани иҷозаи иқомат дар Эрон дастгир шуда буданд, ба намоиш гузошта шуданд. Чашми онҳоро бо порчаҳои сафед пӯшонда ва панҷараҳои оҳанинро дар атрофашон кашида буданд. Дар ҳамон рӯз Носир Кишоварз, муовини ҳамоҳангкунандаи нерӯҳои интизомии вилояти Форс, эълом кард, к и тайи як амалиёти дурӯза 277 нафар аз афроди "ғайриқонунӣ" дар ин вилоят боздошт шудаанд.

Намоиши шаҳрвандони Афғонистон дар ин қафас хашми бисёре аз корбарони эронӣ ва афғонӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро барангехт. Абдулло Рамазонзода, сухангӯи ҳукумати президенти пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ дар саҳифаи "Инстаграм"-и худ навишт, "шармандаи инсоният шудам, шармандаи мардуми Афғонистон."

"Шарм бар мо..."

Алӣ Ҷамолӣ, узви Шӯрои марказии таҳкими ваҳдат низ дар саҳифаи "Фейсбукаш" гуфт, "шарм бар мо, ки дидем ва сукут кардем. Бо омилони беҳурматӣ бо бародарони афғонам сухане надорам, ки бӯе аз инсоният надоранд. Мо чаро сукут мекунем? Чаро эътироз намекунем?"

Ин амалкард дар "Телеграм" низ бозтоби зиёд доштааст ва бархе аз корбарон аз ин амалкард ба унвони "дар қафас кардан"-и афғонҳои боздоштшуда ёд кардаанд. Дар ҳамин ҳол, вебсайти "Инсоф" дар Эрон низ вокуниши бархе аз чеҳраҳои фарҳангии афғонро ба ин амалкарди нерӯҳои интизомии Эрон мунташир кардааст. Аз ҷумла, Мустафо Ҳазора, шоир ва рӯзноманигори афғон дар "Фейсбук" навиштааст, "яъне, одамӣ чӣ қадар метавонад ҳақир шавад! Бубинед дӯстони эронии ман, шумо агар ба хориҷ аз кишваратон сафар кунед, хоҳед дид, ки арзиши одамӣ он чизе нест, ки шумо фикр мекунед."

Ба наивштаи ин вебсайт, Муҳаммадризо Хушак, намояндаи Ҳирот дар порлумони Афғонистон низ дар вокуниш ба ин ҳодиса навиштааст, "мегӯянд, шаҳре, ки Саъдӣ гуфта, ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, нашояд номат ниҳанд одамӣ. Мардумонаш инсонҳоро ДИИШ-вор дар қафас ба намоиш мегузоранд."

"Афғонистониҳои дар қафас"

Маҳдӣ Ҷаъфарӣ, веблогнависи "Афғонистон сарзамини ман", низ хитоб ба мақомоти давлати Афғонистон навиштааст, ки "давлатмардон шарматон бод! Шумоҳое, ки давъои ҷойгоҳ ва қудрат доред, бояд аз шунидани ин хабар бимиред." Шабакаи иттилоърасонии афғон - аз вебсайтҳои афғонҳои муқими Эрон низ зимни интишори тасвири ин амалкарди нерӯҳои интизомӣ, аз он ба унвони "Намоишгоҳи афғонистониҳои дар қафас дар Эрон" ном бурдааст.

Мақомоти нерӯҳои интизомӣ ва вазорати умури дохилии Эрон то ба ҳол ба ин гузоришҳо вокуниш нишон надодаанд. Аммо Абдуризо Раҳмони Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон пеш аз ин, аз дастгирии моҳонаи "сад то 150 ҳазор" шаҳрванди "қонуншикан"-и афғон ва интиқоли онҳо ба Афғонистон хабар дода буд.

Ҳукумати Эрон солҳои гузашта муқарраротеро барои бозгаштани атбои афғон ба кишварашон тасвиб карда буд. Дар бархе аз вилоятҳои Эрон, аз ҷумла Форс, Исфаҳон, Бушаҳр, Хуросони ҷанубӣ, Хуросони ризавӣ, Хузистон, Самнон, Қазвин, Кирмон, Гулистон ва Язд иқомати афғонҳо мамнӯъ эълон шудааст. Тасвиби ин қавонин мавзӯи баҳсҳои доманадоре дар ҷомеаи маданӣ дар Эрон буд ва дар солҳои гузашта эътирозҳои зиёдеро дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG