Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳдаштӣ: "Аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон аст"


Бобаки Занҷонӣ.
Бобаки Занҷонӣ.

Як узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон гуфтааст, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон аст.

Ҳусайн Деҳдаштӣ, узви кумитаи пайгирии парвандаи Бобакӣ Занҷонӣ дар парлумони Эрон ба рӯзномаи "Шарқ", чопи Теҳрон гуфтааст, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон аст.

Ин вакили парлумони Эрон, ки аввалин бор аз шиносоии амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, рӯзи 16 июн ба рӯзномаи "Шарқ" гуфтааст, ки "гиреҳи қазия кушода шуд. Пеш аз ин намояндагоне аз қувваи қазоия ба кишвари ҳамсоя сафар карда буданд ва гӯё дубора гурӯҳе озим шудаанд ва гиреҳҳое кушода шудаанд."

Вай дар идома гуфтааст, ки "баровардаҳои мо ин аст, ки дастикам як понздаҳум сармояи Занҷонӣ дар Тоҷикистон буда ва бояд тадобири лозим барои бозгашти манобеи молӣ ба кишвар рӯи даст гирифта шавад. Зеро сабти амволи Занҷонӣ дар замони таҳримҳо анҷом шудааст ва ҳоло имкони баррасӣ барои шиносоии дақиқ ва бозгардонидани амвол, фароҳам аст."

Оқои Деҳдаштӣ ҳамчунин ба "Шарқ" гуфтааст, ки маълумоти бадастомада дар бораи дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистонро ба қувваи қазоияи он кишвар ҳавола кардаанд, то пайгириҳои бештар ва ҳамоҳанг анҷом диҳад. Вай қаблан гуфта буд, афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи Бобаки Занҷониро пайгирӣ кардаанд, пас аз сафар ба Тоҷикистон фаҳмиданд, ки як идда манобеи мутааллиқ ба ӯ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки "мо ин мадорик ва аснодро ба қуваи қазоия ироа кардаем."

Дар ҳоле, ки як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузор ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Занҷонӣ нисбат дода мешуданд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст, мақомоти тоҷик мансубияти ин ширкату корхонаҳоро ба тоҷири эронӣ рад мекунанд.

Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ ба ин назар аст, ки 80 дарсади амволи ин миллиардери боздоштшуда, хориҷ аз Эрон аст. Ҳусейни Деҳдаштӣ мегӯяд, тамоми талоши намояндагони пайгирии парвандаҳои Бобак Занҷонӣ ин аст, ки ҳарчӣ зудтар амволи ӯро аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Эрон бозгардонанд.

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст, 30 декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

XS
SM
MD
LG