Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон нусхаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро сохтааст


Мақомоти Эрон мегӯянд, ки муҳандисони ин кишвар нусхаи як ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро сохтаанд, ки соли 2011 ба дасти эрониҳо афтид.

“Уқоби форс”, “Ғурур”, “Мурғи анқо”, “Бебок” – инҳо исмҳояенд, ки эрониҳо барои ҳавопаймои бесарнишини сохти кишвари худ пешниҳод кардаанд. Ахиран Сипоҳи Посдорони Инқилоб аз эрониҳои дохил ва хориҷи кишвар даъват кард барои ин ҳавопаймо, ки Теҳрон мегӯяд бомуваффақият аз санҷиш гузаронид, ном пайдо кунанд.

Фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Инқилоб нусхабардорӣ аз ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро пешрафти кишвари худ ва нокомии Иёлоти Муттаҳида унвон карданд. Онҳо иддао доранд, ки муҳандисони эронӣ нусхаи ҳавопаймои U.S RQ -170 беҳтару хубтар аз оригинал ва ё аслаш бунёд карданд. Пентагон иддаои Теҳронро рад кард ва нусхаи бесарнишинро як нусхаи бесифат хонд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоб бо нашри як изҳорот навишт, ки бинобар пураҳамият будани номгузории ҳавопаймои бесарнишини эронӣ аз эрониҳо, махсусан ҷавонон дархост кардааст, ки пешниҳодҳои худро ба рақаме, ки пешниҳод шудааст, ирсол кунанд.

Ин ниҳод дар як изҳороти ҷудогона гуфтааст, ки эрониҳои хориҷи кишвар низ метавонанд дар интихоби ном мштирок кунанд ва пешниҳоди худро аз тариқи имеил бифиристанд. Сипоҳи Посдорони Инқилоб гуфтааст, ки бо бисёре аз эрониҳои бурунмарзӣ, ҳаводорони “Инқилоби Исломӣ” дар тамос будаст, ки мехостанд дар ҷараёни номгузорӣ ба ҳавопамои бесарнишини RQ-170 –и Эрон саҳм бигиранд.

Ин ниҳод ба афроди алоҳида, ки барои ин дастгоҳ исми фавқулодда пешниҳод мекунанд, “ҷоизаи олӣ” ваъда кардааст. Даҳҳо ном аллакай дар зери изҳороти Сипоҳи Посдорони Инқилоб, дар саҳифаи Хабаргузории Форс, ки шарики Сипоҳ арзёбӣ мешавад, нашр шудаанд.

Фармондеҳи Нируи ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоб генерал Амил Алӣ Ҳоҷзода ҳафтаи гузашта бо тамасхур ба хабарнигорон гуфт, ки Эрон метавонад нусхаи ҳавопаймои боздоштшудаи Амрикоро ба Вашингтон пешниҳод кунад.

“Мо ҳавопамои бесарнишини RQ-170- и Иёлоти Муттаҳидаро барнамегардонем, зерои ин ғанимати низомӣ аст, вале дар сурати бекор шудани таҳримҳо алайҳи Эрон, мо модели эронии ҳавопаймои бесарнишинро ба амрикоиҳо тақдим мекунам”- гуфтааст генерал Ҳоҷизода.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG