Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе дар нақби "Истиқлол" дигар ба умеди Эрон нест


Аҳмадинажод ва Раҳмон дар расми гушоиши нақб (соли 2006)

Аҳмадинажод ва Раҳмон дар расми гушоиши нақб (соли 2006)

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, агар Эрон дар нақби "Истиқлол" кор карданӣ нест, "пас ҷойро холӣ кунад."

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, мушкили ба таъхир афтодани бозсозии нақби “Истиқлол“ ба қарзҳои нерӯгоҳи “Сангтуда-2” бастагӣ дорад. Як манбаъи аршад дар сафорати Эрон дар сӯҳбат ба Озодӣ ба шарти набурдани номаш гуфт, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтуда- 2” ба 25 миллион доллар расидааст ва ин қарз ҳар моҳ ҳудуди 1,5 миллион доллар зиёд мешавад.

Ин манбаъ афзуд, ҷониби Эрон ният дошт, ки қисме аз ин пулро ба тармиму таҷдиди нақби “Истиқлол“ равона кунад. Аммо то ба ҳол ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки имкони баргардондани қарзро надорад. Ин масъули сафорати Эрон гуфт, ки бахши аъзами корҳо дар нақби “Истиқлол“-ро ширкати Эронии “Собир” анҷом додааст ва корҳои хеле хурду резаи ин нақб боқӣ мондааст, ки харҷи зиёд надорад.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар Эрон маъракаи интихоботи раисҷумҳур идома дошт ва бинобар ин ҳайъатҳои эронӣ барои гуфтушунид ва ҳалли мушкилот бо ҷониби Тоҷикистон фурсат пайдо накардаанд. Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, нақби “Истиқлол” аз дарозтарин ва мушкилтарин нақбҳост ва онро ба ғайр аз ҷониби Эрон ягон кишвар - на Чин ва на Русия - омода набуд, ки парма кунад.


Низом Ҳакимов

Низом Ҳакимов

Дар ҳамин ҳол, Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 29 июл дар нишасти хабарии ин вазорат эълон кард, ки ба далели ҷудо нашудани пул аз Эрон корҳои тармиму бозсозӣ дар нақби “Истиқлол” ба таъхир афтодааст. Вазир дар ин бобат як навъ хитоби тарафи Тоҷикистонро дар миён гузошт: “Мо ба ҳукумат бо пешниҳоди ҳалли ниҳоии созишнома миёни вазорати нақлиёт ва ширкати эронии “Собир”муроҷиат кардем ва агар кор карданӣ набошанд, бигзор ҷойро барои дигарон холӣ кунанд.“

Низом Ҳакимов афзуд, ки дар сурати ҷудо нашудани маблағ аз сӯи Эрон якчанд ширкати байналмилалии молӣ ҳозиранд, бозсозии нақби “Истиқлол“-ро бар ӯҳда гиранд. Ба гуфтаи вазир, то ҳол Бонки рушди Осиё, Бонки рушди Исломӣ ва Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) омодагии худро барои ҷудо кардани маблағҳои зарурӣ ба хотири анҷоми корҳои бозсозӣ дар нақби “Истиқлол” иброз доштаанд.

Ҳакимов гуфт, ҷониби Тоҷикистон “вақти гаронбаҳо»-еро дар фасли гармо аз даст дод, дар ҳоле ки анҷоми корҳои бозсозӣ дар ин муддат имкон дошт: “Мо ният доштем, ки то моҳи майи соли равон тамоми масолеҳи сохтмони заруриро омода намуда, дар фасли тобистон нақбро бубандем ва дар тӯли беш аз се моҳ корҳои сохтмониро ба анҷом расонем. Вале ҳукумати Эрон 3 миллион доллар маблағи ваъдагиро таъмин накарда, ҳамагӣ 1,1 миллион доллар маблағ ҷудо намудаасту халос.“

Сохтмони нақби "Истиқлол”, ки шимол ва маркази Тоҷикистонро ба ҳам васл мекунад, дар соли 1998 бо тақрибан 39 миллион доллар сармоягузории Эрон шурӯъ шуд. Бо вуҷуди маросими ифтитоҳи нақби "Истиқлол” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли 2006 ин нақб то ҳол ба таври комил фаъолият накарда ва борҳо тармиму бозсозӣ шудааст.

Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло як гурӯҳи 7-нафарии коргарони маҳаллӣ ба берун кашидани оби дохили нақб машғуланд, вале ин ҳам мушкили ҷамъшавии об дар дохили нақбро ҳал намекунад. Ҳамчунин ронандагон аз набудани ҳавополо ва камии чароғҳо дар дохили нақби "Истиқлол” шикоят мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG