Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машқҳои ҳарбӣ - посухи бойкоти нафти Эрон аз ҷониби Аврупо


Теҳрон размоиши серӯзаро “намоиши қудрати низомии худ, дар баробари фишори рӯзафзуни кишварҳои ғарбӣ” номидааст

Эрон ба оғози бойкоти нафташ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо бо машқҳои густардаи ҳарбӣ посух дод. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ин размоиши серӯзаро “намоиши қудрати низомии худ, дар баробари фишори рӯзафзуни кишварҳои ғарбӣ” номиданд. Ба гуфтаи ин мақомот, машқҳои низомӣ дар як минтақаи биёбонии Эрон ва бо истифода аз мушакҳои замин ба замин сурат мегиранд, ки қодиранд то Исроил ва кишварҳои ҷануби Аврупоро низ бирасанд. Аммо шурӯи тарҳимҳое, ки сахттарин фишори иқтисодӣ ба Эрон шумурда мешаванд, ба ин кишвар ва мардуми он чӣ таъсир дорад?

Машқи ҳарбӣ дар биёбон, баёнияҳои ҷасуронаву қатъӣ ва роҳи нави табодули маълумоти бонкӣ аз ҷумлаи посухҳои Эрон ба фишори кишварҳои Ғарб дониста мешавад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст рӯзи душанбе иҷрои таҳримҳои Ғарбро “иқдоми ғайримасъулона” хонд, ки ба гуфтаи ӯ, ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон таъсири манфӣ хоҳад дошт. Вай ҳамчунин афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо бо ин таҳримҳо амнияти энержӣ ва эътидоли бозори ҷаҳонии энержиро дар сатҳи байнулмилалӣ зери хатар мегузоранд. Мақомоти Эрон ҳамзамон таъкид мекунанд, ки таҳримҳо ба иқтисоди Ҷумҳурии Исломӣ таъсиргузор нахоҳанд буд.

Аммо Ҷемӣ Вебстер, мудири бозорёбӣ ва стратегияи кишвар ба кишвар дар ширкати консалтингии PFC Energy, ки ба саноати нафту газ ихтисос дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт:

- Бисёре аз кишварҳо ҳанӯз хеле пеш аз хариди нафти хоми Эрон даст бардоштанд. То ин вақт Эрон рӯзона наздик ба 2 миллиону 200 ҳазор бушка нафт содир мекард ва акнун ин адад ба 600 000 бушка дар рӯз коҳиш ёфт. Хуллас, муштариҳо ба маротиб кам шудаанд.

Дар ин ҳол Эрон мегӯяд, чанд барномаеро барои муқовимат ба таҳримҳо роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, як нафткаши бузургро дар обҳои зери ҳокимияти худ дар Халиҷи Форс мустақар мекунад, ки зарфияти анбоштани наздик ба 2 миллиард бушка нафтро хоҳад дошт. Ҳамчунин Мӯҳсини Қамсарӣ, мудири корҳои байнулмилалии ширкати миллии нафти Эрон, гуфта, ки кишвараш муштариёни нави нафти худро пайдо кардааст. Бе ишора ба ин харидорони нав, ӯ гуфт, ки Эрон акнун нафти бидуни муштарӣ надорад.

Робин Миллз, иқтисодшинос ва мушовири иқтисодии муқими Дубай мегӯяд, дар ин ҳол низ, таҳримҳои зидди бимаи нафткашҳои Эрон бо таъсири рӯи муштариёни бузург ба Эрон зарба хоҳанд зад.

- Ман гумон мекунам, муҳимтарин чиз ин манъи бима аст, зеро он на танҳо ба Иттиҳоди Аврупо, балки давлатҳои Осиё, мисли Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра таъсир хоҳад дошт.

Посухи Теҳрон ин шуда, ки дар иваз синдикатҳои бимаи худро боз мекунад, то нафткашҳо аз суғуртаи он истифода кунанд. Дар ҷаласаи ҳукумати Эрон ҳамчун чаҳор шеваи аз хариду фурӯши нафт берун кардани доллар ва евро, бунёди анборҳои бузурги нафт ва коҳиши тавлиди онро баррасӣ кардааст. Вале Ҳасани Мансур, коршиноси иқтисоди энержӣ дар бораи ин чораҳои ҳукумати Эрон мегӯяд:

- Эрон маҷбур аст, ки аз як сӯ маъодини нафтиро бо баҳонаи тармим таътил кунад, аз сӯи дигар нафтро дар тонкерҳо рӯи дарёи Медитарона саргардон анбор бикунанд, то бифурӯшанд. Аз сӯи дигар, ончи мефурӯшанд, ба нархи хеле паст ва сармояи миллии Эрон аз ин роҳ ба харҷ хоҳад рафт.

Теҳрон ҳамчунин мегӯяд, зидди қатъи хадамоти СВИФТ барои интиқоли пуле, ки аз фурӯши нафт ба даст меояд, чорае ёфтааст. Маҳмуди Баҳманӣ, раиси кулли Бонки Марказии Эрон, аз таъсиси шабакаи СЕПОМ дар ивази СВИФТ хабар дод, ки қарор аст, иртиботи молии Эронро бо муштариёнаш ҳифз кунад ва ҳатто густариш диҳад. Лекин Ҷамшеди Асадӣ, иқтисоддони муҳими Порис мегӯяд: “Ҷӯре инро тафсир карданд, ки гӯё мушкилро ҳал мекунад. Аммо дар асл ин фақат табдили нармафзор асту бас.”

Ба гуфтаи ин коршинос, муштариёни Эрон аз падид омадани СЕПОМ зиёд нахоҳанд шуд. Онҳое, ки додуситад мекунанд, ба он идома хоҳанд дод, вале онҳое, ки ба роҳи таҳрим рафтанд, бо роҳи худ хоҳанд рафт.

Ҳукумати Эрон барои шаҳрвандони худ як гузашт кард, ки нархи маводи энержиро бетағйир гузошт, ҳол он ки бо марҳилаи дуюми бекор шудани ёрона ё кӯмакпулии давлат, мебоист боло мерафтанд. Вале таъсири таҳримҳо ба мардуми одӣ то рафт бештар мешавад. Таваррум идома дорад ва нархи хӯрокворӣ боло меравад. Иқтисоддонон мегӯянд, мардуми Эронро рӯзҳои сахте дар пеш аст. Ҳафтаи гузашта бархе аз эрониҳо ба нишони эътироз се рӯз аз харидани нон ва шир худдорӣ ва ин маводро бойкот карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG